ХАБАРИ ДОҒ

Зиё Абдулло: Чаламуллоӣ ҳанӯз шинохти асли дин нест!

  • Панҷшанбе, Июл 18 2019

 

 

Солҳо пеш устод Зиё Абдулло дар мақолае ишора карда буданд, ки «ҳатто дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чашми бад ба Зартушт ва зартуштия дар чунон ҳадде нест, ки дар мост. Онҳо тадқиқотҳоро оид ба Зартушт ва зартуштия чоп мекунанд, маҷаллаи махсуси «Баҳман»-и онҳо нашр ва паҳн мегардад». Аммо дар андешаи ҷомеагии мо як ношинохтагии сангине ҳаст. Бинобар ин, лозим донистем, ки суҳбатеро дар ҳамин мавзуъ гузаронем…

-Дини Зардуштӣ дар Тоҷикистон мавқеъ дорад? Агар надорад, чаро?

-Аввалан сипоси самимонаи зиёд ба Пешвои Миллат, президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд гуфт, ки дар оғози силсилаи «Тоҷнома» «Авасто»-ро бо сармақолаи бисёр дақиқ ва пажӯҳиши жарф с.2014 барои хонандагони хушзавқ пешниҳод карданд. Вале дар ҷомеа ман ҳоло касеро намешиносам, ки рӯирост гуфта бошад, ки ӯ зардуштист ва низ нашунидаам. На аз оне, ки бевосита ба тарҷумаи «Авасто» машғул аст ва на онҳое, ки ба омӯхтани ҳикмати бузургаш завқ доранд. Агар ҳам 2-3 нафар дар охирҳои рӯзгори Шӯравӣ дилу забон кушоданд, баъдан, аз валвалаи мутаассибони исломӣ пакар шуданд. Ба гумони камина мағзи мутаассибон ҳатто исломӣ ҳам нест ва аслан аз асли дин хабар надоранд ва ҳаргиз нахоҳанд дошт. Зеро андешаи ҷомеагӣ ба зоҳир менигарад ва аз ниҳоди худ хабар ҳам намегирад. Пайрави одат аст: «Одат чу зиёда шуд табиат гардад». Дар ҳоле, ки дини зардуштӣ дар Тоҷикистон мавқее надорад, мавқеи мутаассибони гӯё исломӣ хеле калон аст ва сабабаш донишгурезии худи онҳост ва зиёдии авоми гӯшсаводи гаправ андешаи ҷомеаро бо кофирбозӣ аз сабзидан боздошта, майдонро ба шайтонтабиатони сафсаттаву хурофабоз кушод гузошта. Ҳанӯз Низомӣ гуфта:

Рафтанд каёну динпарастон,

Монданд ҷаҳон ба зердастон.

Ин қавм киёну он каёнанд,

Бар ҷои каён, нигар, киёнанд.

Аҷибиш ҳам дар ин ки мутаассибон такя ба овози ҳамин гӯшсаводон доранд. Ва ин танҳо дар Тоҷикистон ҳам нест. Аммо, агар дуруст эътибор диҳед, мебинед, ки мардуми хеле зиёд дар андеша, меҳр, созишҷӯӣ, дӯстиҷӯӣ, заҳматкашӣ, нигоҳи пок, дили рӯшан, оромиш аз худ зоҳир месозанд, ки нишондиҳандаи бозмондани пиндору одоби бунёдии дини зардуштист дар хун ва Зартушт низ аз ин хун рӯида. Донишмандоне аз инҳо мавқеи созанда ва офаранда доранд ва дониши онҳо ба воситаи аксари донишнаомӯхтаи ҳамин гурӯҳ ҷорӣ ва ба кор гирифта мешавад. Шумораи инҳо нисбат ба мутаассибон борҳо зиёд аст. Агар мутаассибон дар дунё ғавғопарастанд, инҳо ғавғогурез ва хомӯш аз пайи кору рӯзгор ва тарбияи худ ва фарзандонанд. Аслан мавқеъ нишон намедиҳанд, аммо заминаи онро дар андешаи ҷомеагӣ мерӯёнанд. Ва зиндагӣ ба ҳаминҳо такя дошта ва дорад. Зарбаҳои сангинтаринро низ дар нохушӣ ҳаминҳо бештар мехӯранд, хусусан, зарбаҳои равониро. Оё ислом давоми 1400 сол хӯи ҷоҳилиятро аз табиати онҳо бурд? Пайдост, ки набурда! Пас, дини табиӣ нест! Тазоди аҷиб, табииро сутурда ғайритабииро бо шамшер ҷорӣ кардан… Барои инсон некӣ табиист, на бадӣ, мурдан табиӣ, куштан ғайритабиист… Фирдавсӣ мегӯяд:

Чунин хондам аз номаи бостон,

Зи гуфтори он донишӣ ростон.

Яъне, ростии шинохта донишист, на ростии ношинохта!

Баъди ҷанг 2-3 нафари барои эҳёи андешаи тамаддунсози зардуштӣ 1-2 бор гирди худ ғун омадаро бо ҳилаи тозиёна аз байн бурданд. Агар пештар мегуфтанд, ки «ҳар ҷо мусулмон ҳаст, он ҷо фитнаву ҷанг ҳаст», ҳоло дарёфтаанд, ки ҳар куҷо мусулмон ҳаст, он ҷо дасти бозии ҳилаҳои тозиёна амал дорад ва имрӯз пеши ҷаҳониён ошкор аст. Боре нигаред, ки Ардашери Бобакон ба мардум чӣ насиҳати зардуштиёна медиҳад:

Ҳар он кас ки донад, ки додор ҳаст,

Набошад магар пок Яздонпараст.

Дигар ин ки дониш магиред хор,

Агар зердастед, агар шаҳриёр.

Се дигар бидонӣ, ки ҳаргиз сухан,

Нагардад бари марди доно куҳан.

Чаҳорум, чунон дон, ки бими гуноҳ,

Фузун бошад аз банду зиндони шоҳ.

Ба панҷум сухан мардуми айбҷӯй, 

Нагирад ба назди касон обрӯй.

Ва инро Фирдавсӣ дар замоне ба даҳони шоҳаншоҳ мегузорад, ки донишҳои бузург ҳамасӯ шона кушодаву баргу бор медиҳаду аз дарун фитнаҳои маркази хилофат ҳам дар ҷӯшиш, яъне, рӯзгори Сомониён. Хусусан, байти дувуми ин овардаро эътибор диҳед, то куҷо созвор ба талаби имрӯзиён аст ва бузургтарин аслиҳаи рӯшангари андешаи созандаву офаранда аст. Ин ки андешаи ҷомеагии он рӯзгор (Сомониён) «Шоҳнома»-ро истиқболи гарм гирифт, нишондиҳандаи он аст, ки на танҳо дар ниҳоди Фирдавсӣ «пиндори нек» баланд аланга мезада, ҳамчунин дар ниҳоди ҷомеа шуълавар буда. Ва ин ки тарҷумаҳо ва хонандаҳои Зартушт, Фирдавсӣ, Хайём, Сӯҳравардӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз торафт дар ҷаҳон афзуда ва меафзояд, нишондиҳандаи он аст, ки Зартушт асли инсонӣ ва инсонҳоро дуруст дарёфта ва асли зояндагӣ, офарандагӣ ва шукуфандагии оромиши рӯяндаро дақиқ шинохта. Ҳеч имкон надорад, ки Бедили саропо ҷӯянда низ бо зардуштиёни Ҳинд нашишта ва наомӯхта бошад. Ҷони андешаи орифон аз зардуштия рӯида ва мерӯяд. Танҳо мардуми бунёди худро чаппа дида ва ба ғараз чаппакунанда зидди Зартушт меситезанд ва бехабар мемонанд, ки бунёди худро тозӣ мегардонанд. То даме асл дигару хаёл дигар аст, ҷон дар тан оромиш намеёбад ва андешаи ҷомеагӣ ба шукуфтан намедарояд. Зеро дар андешаи фард-фарди ҷомеа дуҳокимиятиро мезояд: бунёд аз дарун дигар садо медиҳад ва андешаи хом аз берун зидди он ғавғо мебардорад. Аслан, дар эҷодиёти кадоме аз бузургон андешаеро дидаед, ки зидди инсофи қонуни давлатӣ ва одоби инсониву динӣ бошад? Нест! Мутаассибони норасидаи пуркинаву ғараз авоми бечораро зидди ҳам ангехта ба куштан додаанду медиҳанд. Боре биандешед, ки пайравони андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори некро кофир гуфта, ба сарашон шамшер кашидан чӣ маънӣ ва ғараз дорад? Инҳо буданд, ки дунёро ба чашми ҳакимону орифон шум карданд. Вагарна онҳо хуб дарёфтаанд, ки осмону замин дар шукуфидан ва шукуфондан аст ва аз инсон низ ҳаминро мехоҳад.

-Мардум аз дини бунёдии худ дар ҳаросанд?

-Давоми 9-сад соли баъди асри Х низ ҷомеа намоз дошт, рӯза дошт, идҳо дошт, ҷангҳои гӯё динӣ фаровон дошт, лек шинохти аслии динӣ надошт. Чаламуллоӣ ҳанӯз шинохти асли дин нест. Сабабаш аз саҳна рӯфтани тамаддуни андешаи рӯянда буд, ҳатто бузургони ин тамаддунро пароканда кардан гирифтанд. Сомониён, ки дар ниҳод тамаддуни зардуштӣ доштанд, дар асрҳои IХ-Х тамаддунеро сабзониданд, ки эҳё (ренесанс)-и Италияро такон дод ва ӯ дар асри XI овоз баровард ва дар асри XIV дар Ғарб ба рӯидан даромад, дар Бухоро аз асри XI таассуби тозиомез ҷои хуби сабзиш пайдо кард ва дар асри ХI «аз фарти харӣ» (Сино), ки давом гирифт, дар асрҳои XVIII-XIX ба бомжи тамаддунаш расонд ва дар аввали асри ХХ бо ҷаллодону ғарғараҳои ҷадидкуш ба майдон баромад, ки он нишонаи авҷи бомжи тамаддун аст. Донишмандони башуморе, ки берун аз Бухороро диданд, инро дарёфтанд ва Туркияро дидаҳо бонги пантуркизм заданд, Эронро дидаҳо бонги панэронизм заданд ва Ғарбро дидаҳо бонги панурупоӣ заданд ва ҷамъан ҷадид ном гирифтанд. Мақсади ҳамаи онҳо аз бомжи тамаддун берун кашидани Бухоро ва ҷомеаи Давлати Бухоро буд. Яъне, пиндори хубу неку зебо. Вале бомжи тамаддун онҳоро чунон бераҳмона куштанду ба ғарғара кашиданд, ки чашми авом ба сӯи тарс мош барин кушода монд. Торикии пайваста сабзидаи 9-садсола чеҳра кушод ва дар дили авом воҳимаи сахт ангехт. Сояи он ваҳм ҳанӯз аз ниҳоди ҷомеа бардошта нашуда, ҷанги бародаркуш болои дард дунбал шуд ва «ҳар кӣ на хар аст, кофираш медонанд» (Сино)-ро дар оғози асри ХХI низ ба роҳ андохт. Бинобар ин аз саҳлтарин дигарандешӣ ба воҳима меафтанд. Ваҳм яке аз бузургтарин қувваи дарунист, ки бунёди андешаи созандаи бунёдиро метарконад. Ва одам ҳатто аз андешидан сари асли инсонии худ мегурезад. Чунонки тамаддуни солим дар ниҳод мерӯяд, бомжи тамаддун низ дар ниҳод ба худ ҷо мекушояд ва фурсатпоёна мерӯяд. Ва дидем, ки с.1992 бо ҳамаи торикии худ дубора рӯ зад ва Тоҷикистони ба сӯи тамаддуни солим равандаро дубора ба бомжи тамаддун табдил дод, андешаҳои рӯяндаро ба фурӯбарӣ оғозид. Худи ба майдон омадани номҳои носозгори замон ва тамаддуни пештоз, ба мисли растохез, як нишон аз бомжи тамаддуни дар андешаҳо сабзида аст, бӯи гӯр медиҳад, дар нисбати «пиндори нек…» ва сотсиализми 70-сол аз ниҳод андешаи бомжиро рӯбида.

Асли ситезаҳо дар олами ислом дасти бозии мутаассибони араб аст, барои нигоҳ доштани империяи сиёсӣ ва динии худ. Зеро онҳо ҳанӯз метарсанд, ки бе ин, ҳукумати дарунии берундавашон аз забонҳо меафтад. Лиҳозо, рӯзгори ҷоҳилияташонро дубора зинда кардан доранд. (Ваҳшониятҳои дар ҷанги Тоҷикистон ба роҳ андохта ва каллафурӯшиҳои Хаттоб ва дар Қубодиён барои даҳшатангезӣ сари девор 5 каллаи буридаи тоҷикро чидани арабҳои он ҷо ва баъди «ғалаба» қариб ҳамаи мансаби ҳокимияти онҷоро ба қавми худ додани онҳо худ ба худ буда ё таъсири бевосита ва бавоситаи марказашон?...) Барои онҳо олами ислом ҳар қадар ҷоҳилбозор бошад, ҳамон қадар беҳтар, зеро миллатҳои дигари гаравандаи ин динро ба фоидаи худ қурбонӣ кардан ва ҷо задани худ бо баҳонаи дин, осонтар меафтад. Таърих ва адабиёт ва таассуби худи онҳо низ собит мекунад, ки чунин андеша барои онҳо бунёдист, чунон ки Заҳҳок Гаршоспи ориро ба 2 андеша истифода мекард: яке барои куштани Гаршосп, ки аз нерӯяш Заҳҳок ба ҳарос афтода буд, дигаре барои нигоҳ доштани шоҳаншоҳии худ. «Шоҳнома» ва «Гаршоспнома» дар кушоиши ҳамин асл низ ҳастанд.

Биандешед: ҳинду эронӣ ҳазорҳо сол пеш аз ислому Муҳаммад ба андеша ва дини яккахудоӣ расида буданд ва бараҳманҳои ҳинду ҳамон ҳазораҳо ба ин хулоса ҳам расида буданд, ки Худо шинохташуданӣ нест, танҳо хиради баланд бо шинохтани офаридаҳои Худо дар табиати бузург пай бурда метавонад, ки як нирӯи нофарогире Кайҳони бузургро идора дорад. Ҳанӯз зарвония ба хулоса омада буд, ки Замон Худои ягона аст, зеро ҳама чи даруни Замон офарида мешавад ва табдил меёбад ва аввалу охири Замон ҳам нопайдост. Ва Ноз ва Ниёз - 2 фарзанди ӯ, ки дар 1 шикам бузург ва аз 1 шикам зода мешаванд, далели ба яккахудоӣ расидани зарвониён аст. Ҳанӯз Ҷамшед пеш аз зарвония ба Яздони ягона бовар ва эътиқод дошт. Зартушт бо «Авасто» дар он ҳазораҳо исбот кард, ки ҷомеаи ориёӣ яккахудост ва андешаи неку бад, гуфтори неку бад ва кирдор (рафтор)-и неку бад зодаи андешаи Спантамайну ва Анграмайнуи Аҳурамаздои яктост, ки барои идома додани зиндагӣ ва шинохтани фард-фарди инсон худро ва тоза кардани ниҳоди худ бо ҳам мубориза мебаранд. Аҳурамаздо то ҷовидон назорагари онҳост.

Муҳаммад охирин паёмбаре буд, ки ба андешаи яккахудоӣ расид. Пас, ҳамаи он шинохтҳои пешинаро зери по гузошта, ҳатто онҳоро бедин хондани лашкари араб чӣ маъно дорад ва ин дурӯғи бузургро бофта ва бо шамшер сари мардуми ориёӣ бор кардан барои чӣ буд? Ва аслан, Раҳмону Шайтонро рӯ ба рӯ гузоштан оё духудоӣ нест ва муҳлат додан ба Шайтон, ки бо инсон-бузургтарин офаридаи худ то рӯзи охир бозӣ кунад, оё заифтар аз Шайтон шумурдани Худост ё инсон ғолибияташро бар Шайтон собит созад? Дар ҳоле ки Спантамайну (андешаи нек) ва Анграмайну (андешаи бад) бо Аҳурамаздо рӯ ба рӯ наистода ва Аҳурамаздо озод машғули офаридан. Дар кадоми инҳо Яккахудоӣ рӯшантару бештар, фарогиртару бузург берун меояд?... Баъдан, фитна миёни бародарон-Наср ва Исмоил чаро ангехта шуд? Амруи Саффориро зидди Исмоил чаро хилофат ба бозӣ даровард? Он марказ маркази дини худошиносӣ буда ё маркази фитна? Инҳо ҳама далеланд, ки хурофапарастони араб, ҳам араб ва ҳам миллатҳои дигари гаравандаи дини исломро ба бозӣ дароварда ва ба сӯи бединӣ бурда ва бурдан дорад. Бузургони равоншиноси гузашта, аз ҷумла, паёмбарони ростин, дар пайи такмил ва тарғиби андешаи яккахудоӣ будаанд. Дар китобҳои динии машҳури насрониён Зартуштро шинохтаанд ва сипосаш гузоштаанд, то ҷое, ки Исо намози аввалашро ба номи Зартушт мегузорида. Қурон низ дар асоси ҳамин андеша бунёди худро гузошта ва зидди Зартушт чизе нагуфта, яъне, онҳо аз эътирофи ростӣ наҳаросида. Он ҷо махсус калимаи «баъзе» илова шудааст. Ва ин «баъзе»-и фитнагар миёни кадом миллат нест? Ҳаст! Хусусан миёни араб оё бештар аз ҳама нест? Ҳаст! Ва бо ғарази бузург! Баъдан мутаассибон ин «баъзе»-ро чунон афзуданд, ки мардум худои даруни худро фаромӯш карданд. Зиддизартуштӣ, зиддибуддоӣ ва зиддияҳудоиро баъдан тафсиргарон илова кардаанд ва равияҳои гуногуни ситезандаро пеши авоми бесавод гузоштаанд. Оё ин нишони тарси ботинии онҳо аз ростӣ ва сухани ҳақ нест? Ҳоло ба худ иҷоза диҳед ва аз нигоҳи одоб бипурсед:

-Оё дар дунё қонуни давлатие ҳаст, ки одоби писандидаро наҳ зада, рафтори бадро ташвиқ карда бошад? Нест! (Сар карда аз с.539 то милод, яъне, аз Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир то Эъломияи ҳуқуқи инсони с.1948 СММ бипалмосед).

-Дар дунё оё дини дурусте ҳаст, ки ба баддидании андешаи неку зебову офаранда ва кӯшо зид баромада, андешаи бади ситезанда, пӯсонанда ва дар ҷо позандаи коҳилро тарғиб карда бошад? Нест! Пас, киҳо Зартушт, Мансури Ҳаллоҷ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Хайём, Сӯҳравардӣ…, ки аслан ориёӣ ва эронинажоданд ва эҷодашон пур аз тарғиби некист ва кушодани беҳуда будани бадӣ ва ситезахӯист, кофир хондаанду мехонанд?

-Оё онҳое, ки дар боло ном бурдаҳоро кофир гуфтаанду мегӯянд, дар тарғиби бадӣ, зидди қонуни давлатӣ ва ҳуқуқи инсонӣ нестанд? Яъне, мантиқан, оё инҳо зидди одоби неку писандидаи инсонҳо нестанд? Ҳастанд! Пас, кофир (агар ба мӯҳри бадзании онҳо бигирем) кадоме аз инҳо?

-Чаро Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, ки аз остини рости Зартушт ва аз остини чапи Мансури Ҳаллоҷ, Боязид, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бӯалӣ Сино, Асадии Тӯсӣ, Н.Хусрав ва Хайём баромадаанд, яъне, зодаи табъи онҳоанд, зиёд тарғиб шуда? (Агар эҷодиёти онҳоро дуруст ва боэътибор бихонед, мебинед, ки на танҳо андешаҳои онҳо, ҳатто ҳикоятҳои онҳо бо байте ишоракардаро инҳо зиёд меоваранд, ба таври худ шарҳи нек медиҳанд, иловаҳо аз мушоҳидаҳои худ меоваранд, то ҳамон андешаҳои некро расотар кунанд). Оё ин духӯрабозии мутаассибон аст, ё ба душворӣ ҳам бошад, шонакушоии андешаи нек?

-Оё аз ин муқоисаҳо ситезаҳӯии киҳо ошкор мешавад? (Зартушт Ҳаумро фаро мехонад «то ситезаи ҳамаи бадхоҳонро дарҳам шиканад» (Авасто, саҳ.63).

-Оё аз дилатон намегузарад, ки ин ситезахӯёни чаправ ё тозианд ё ниматозӣ ё мағзашон тозишудаи хурофаву авомбозианд?

-Чаро маҳз бузургонеро кофир гуфтаанд, ки бо андеша ва таърихи миллиамон ва дониши инсону инсоният сари кор гирифтаанд?

-Оё чаправии онҳо бар ҳақ ғаразнок нест?

-Оё Арабистони Саудӣ Америкаро зидди Эрон мисли Гаршосп истифода карданӣ нест? Ва бо ин восита кинаи нави худро барои Ироқ, Сурия, Либиё ва Яман аз Америка ва кинаи кӯҳнаашро аз Эрон чун Заҳҳок ситонданӣ нест?

-Оё чаправии онҳо танҳо хӯи бунёдист, ки одаташон шуда, ё аз марказе махсус имрӯз низ идора ва бод дода мешавад?

-Оё ин ҳама саволҳо ва ҷустани ҷавоби дуруст ба онҳо барои сӯи некӣ, офарандагӣ ва оромӣ бурдани аҳли мо ва ҷаҳон аст, ё сӯи бадӣ?

Боре, роҳбари нави Либиё аз роҳи барномаи «Евронюс» гуфт, ки «мо миллатҳо ва шаҳрвандони давлатҳои дигарро ба шаҳрвандӣ қабул намекунем, зеро инро мардуми мо намехоҳанд…». Оё ин гуфта, миллатҳо ва давлатҳои дигарро ба чунин андешае вонамедорад: - Пас, чаро мо миллати араб ва шаҳрвандони давлатҳои арабро ба шаҳрвандӣ қабул намоем? Миёни кадом миллат ва давлатҳо ситезандаҳои ашаддӣ нестанд? Ҳастанд! Ва агар онҳо низ бишӯранду ба таъқиби араб дар давлатҳои худашон шуруъ кунанд, чӣ мешавад? Ҷавонони имрӯза ҷаҳонбинии дигар, то ҷое нав доранд. Худ мушоҳида карда, хонда, бо муқоиса ба мантиқи то ҷое дуруст омада метавонанд (агар озодона бо дили озод аз хурофаҳо андеша кунанд). Танҳо пеши онҳо саволи дуруст ва мантиқӣ мондан лозим аст. (Албатта миёни онҳо «гиру гурезҳо» низ ҳастанд, ки аз хурдӣ мағзашонро мутаассибон бо хурофаҳо ғарамбор кардаанд). Ҳоло ки гуфтугӯи пайванди иқтисодии мамолики Осиё ва Европа сари кор омадааст, дар ин нуктаҳо андешидан ва роҳи ҳалли рӯшани дуруст ёфтан аз фоида холӣ нест. Андешидан аз қонуни ростӣ ва инсоф ва некиро низ дар паҳлӯи стандарти зарурии ҷаҳонии иқтисодӣ ниҳодан хеле зебост ва инсонпарварона.

Аммо 1 чизи дигарро низ набояд фаромӯш кард:

Гар иллати ҳила дар дигарҳост,

Нуқсони фиребхорӣ аз мост!

Нуқсони фиребхории мо ба мо бештар аз фиреби дигарон зарба зада!...

 

Суҳбатнигор Шаҳрзоди Амин

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter