17 август устод Темур Зулфиқоров-шоир, нависанда, дармматург, сенариянавис, барди Русия, ки аз табори Тоҷиконанд, зодрӯз доранд. Чакидаҳои Шайх Хоҷа Насриддин ҳамчун табрикоти ишон пешкаши аҳли завқ гардид. Мо Метавонем!
МАСНАВИҲОЕ, КИ АЗ МӮРЧА ХУРДТАР… АЗ АЛАФАК НОЗУК
ВА АЗ ГАРД ҲАМ САБУКТАРАНД
Хоҷа Насриддин ва чаҳор писари ӯ
Хоҷа Насриддин чаҳор зан дошт…
Зани аввала ба вай писаре ҳадя кард…
Писар калон шуд ва ба Па́года (Ибодатгоҳи буддоиҳо) рафт…
Зани дуввум низ ба вай писар ҳадя кард.
Писар бузург шуд ва ба Синаго́га рафт…
Зани сеюм ҳам ба вай писар туҳфа кард…
Вай калон шуд ва ба Калисо рафт…
Зани чаҳорум низ ба вай писар бахшид…
Писараш ба Масҷид рафт…
Эҳа!..
Рӯзе Хоҷа дар қуллаи Кӯҳи тилло нишаста буд…
Бо хурсандӣ менигарист, ки чӣ тавр фарзандон сӯи ибодатгоҳи хеш равонанд…
Ба чаҳор тарафи дунё…
Оре!..
Дар олам чи қадар инсон бошад, ҳамон қадар роҳ аст сӯи Парвардигор…
Пири хирад як оҳ кашиду гуфт:
-Худовандо!..
Ба ман зани панҷумро ҳадя кун, то вай бароям духтаре ҳадя кунад…
Зеро танҳо духтар метавонад пирии маро дар қуллаи Кӯҳи Тилло осонтар кунад…
Умрамро дар ҳамон кулбаи хасдаргил…
Ки ба ахтарҳо наздик аст…
*****
Шавҳари пиру зани ҷавон
Хоҷа Насриддин, ҳамин, ки шавҳари пири зани ҷавони хундарҷӯшро дид, табассум карду гуфт:
-Бародар! Эҳтиёт бош, хамиву болоравиҳои мағзи ту дар хамиву болоравиҳои бадани ин ҷавонзан ғӯта нахӯранд!..
Эҳа!..
*****
Асои қадимаи Хоҷа Насриддин
Дар айёми пирӣ ягона дӯсти содиқ барои Хоҷа Насриддин асои ӯ буд: як асо аз чӯби чаҳормағзи қадима…
Пири хирад мепурсид аз асо:
-Дӯсти ман ҳастӣ?..
-Мо дар се по рӯи олам мегардем…
-Ё душманӣ?..
-Ки нагзорӣ ба бағали замини азиз уфтам?..
-Ва бо тани худ мӯрчагон ва кирмҳои доимгуруснаро сер кунам…
*****
Исои Масеҳ ва асри XXI
Хоҷа Насриддин гуфт:
-Як суол матраҳ аст дар асри XXI,
Ки басо дӯст дорад Пули тиллоро…
Он ҳам ин аст, ки як маркаби сафеди ором
Ва ҳамон яктаҳи кӯҳнаи Исои Масеҳ –
Оқибат лимузинҳои локзада гардиданд!..
Ва низ либосҳои гаронвазни зарандуди ходимони калисо…
Оре!..
Падар қашшоқ, вале покиза аст, қоматаш рост…
Аммо писар доро, аз вазни тилло - миёнаш куз шуда…
*****
Хоҷа Насриддин дар бораи барҳам хӯрдани СССР
Хоҷа бо андӯҳи зиёд ин рубоиро хонд:
Онҳоеро, ки Пиряхро васф кардаанд,
Онҳоеро, ки Пиряхро лаънат хондаанд,
Ҳамаро бо худ бурд он Пирях…
Он Пиряхеро, ки аз ҷониби хоин Горбачев,
Тарканда шуд ва ба яғмо рафт…
Беному нишон рафт сӯи Уқёнуси яхбаста…
Мисли Элладаи Қадим… Абадӣ!.. Билкулл!..
*****
Меҳмонҳои якумра
Мебахшам ба Александр Судс, рассом, баҳрнавард, нависанда
Уқёнусҳои беканор дар хоби баҳрнаварди куҳансол медароянд…
Субҳ вай рӯи болин хокаи намак мебинад…
Намак шояд аз пош хӯрдани обҳои уқёнус аст ё аз ашк…
Ман Меҳмонҳои Якумраро интизор будам…
Оре, мани оянда ба хокистар табдилшаванда, зуд аз чашмҳо ғайбзананда…
Меҳмонҳои Якумраро интизор будам…
Дар ҳамон кулбаи хасдаргили ларзон, ки дар теғаи Кӯҳи Тилло ҷойгир аст…
Хеле интизорӣ кашидам…
Ниҳоят, як шаб, ки садои ҳазорзабон ба гӯш мерасид…
Онҳо ба кулбаи эҳзони ман қадам гузоштанд…
Конфутсий ва Лао Тсзи…
Афлотун ва Суқрот…
Шоҳ Салмон ва Шоҳ Довуд…
Хайём ва Румӣ…
Сергий Радонежский ва Серафим Саровский…
Шопенгауэр ва Нитсше…
Маҳатма Ганди ва Такур…
Эҳа!..
Чи чеҳраҳои нурафшону ширин ва медалзеб!..
Либосҳо низ фохиру зебо ва ҳафтранг чун товус…
Оҳиста мавҷ мезананд… нозук…
Худовандо!..
Гохо чунин менамояд, ки хирадмандони асрҳои гуногун
Танҳо бо либоси худ фарқ мекунанд…
Ё худ ин як нафар пири хирад аст дар либосҳои гуногун…
Ва ногаҳ!..
Хишир - хишири либосҳо ба гӯш мерасад…
Вале дар кулбаам касе нест…
Меҳмонҳо омаданд, вале соҳибхона нест…
Ман паси буттаи хушобуранги гули ёси форсӣ паноҳ меёбам…
Ман – гадоям!..
Бо нима ҷон!..
Донишам ҳам кам...
Руҳам шикаста…
Чиҳо мегӯям… ба Меҳмонҳои Якумра?..
Бо чӣ ҳикмати парешоне ба ҳайрат мегузорам?..
Ана чаро ман аз кулба гурехта
Пушти буттаи ёс панаҳ ҷустам…
Пилҳо омаданд…
Мӯрчаҳо аз тарси зери пои онҳо маҷақ шудан ҳар сӯ гурехтанд…
Ман ба Меҳмонҳои Якумрӣ… ба либосҳои фохири онҳо менигарам…
Онҳо ку аз кишварҳои офтобӣ омадаанд,
Он ҷо ки Хирад – Духтари Офтоб аст…
Танҳо бохирадони Русияи Пурбарф дар тан либоси гаронвазн доранд…
Онҳо маро меҷустанд…
Зеро дӯст медоштанд, табассумкунон…
Чун падару модар айёми бачагиам…
Ниҳоят инҳо низ рафтанд…
Рӯи мизи қадимаи бухороӣ…
Дар сояи чанори ҳазорсола…
Дастнависи масалҳову шеърҳои тоза навиштаи ман хуфта буд…
Вай гум шуд…
Наход онро аккаи дузд ба осмонҳо бурда?..
Ё мушаке ба ҳуҷраи худ?..
Ё онҳо варо бо худ гирифта?..
Шояд барои ҳамин омада буданд?..
Намедонам, намедонам, вале тахмин мекунам… умед мекунам…
Эҳҳа!..
Шояд шохаи ёс меларзаду барги гулаш мерезад?..
Ё шояд манам гирёну нолон…
Худоё!..
Падари якумрии мо!..
Онҳо рафтанд…
Илтиҷо дорам: Ту нарав…
Аз русӣ тарҷумаи Нур Табаров