ХАБАРИ ДОҒ

Во дареғо, во дареғо, во дарееееғ...

  • Чоршанбе, Авг 21 2019

 

Сари моҳи август дар Интернет чашмам бад-ин ғазали устод Саидалӣ Саиди ангубинсухан уфтод:

Агар аз барги гул хуни ҳаё рафт,

Ҷилои шабнам аз вай бар ҳаво рафт.

Падар бар духтараш илме набахшад,

Бидон, ин миллати мо зери по рафт!

Падарҳо дидаам бисёр-бисёр,

Занаш ғар, духтаронаш бе сафо рафт.

Намедонӣ, чаро аз домани Зан,

Пайи хидмат чӣ мардони Худо рафт?!

Саҳеҳ он вақт чашми ин ҷаҳон шуд,

Ки оҳи Модари вай то само рафт.

Фитад дар хок мард аз авҷи гардун,

Падар мазлуму аз вай бе дуо рафт.

Бибӯс аз пиччаҳои Модари хеш,

Кам андар кам дуояш бехато рафт.

Тамоми ганҷи олам дар каф орӣ,

Чун аҳли хонаат роҳи Худо рафт.

Магӯ бар худ, ки мехи ин ҷаҳонӣ,

Аз ин олам басо шоҳу гадо рафт.

Иҷорат омадем, Пири Ҳисорӣ,

Агар аз дори дунё Мустафо рафт!

Чун ғазалро хондам, дар поёнаш нигоштам: Шиботи борон!

Устод Саидалӣ навишт: Сайёдҷон, ҳазорҳо Ташаккур, ки назаре ба мо намудӣ! Аммо, хоҳиш, аз " ШИБОТИ БОРОН " бигӯ, ки ҳам дили мо оромиш ёбад ва ҳам аз хонандагон.

Хоҳиши ӯро ба ҷон пазируфтам: Дуруд, ё дӯсти гиромӣ! Нахустин бор шиботи боронро аз падари меҳрубонам шунида будам дар кӯдакӣ. Бо ҳам дар боғи нозанинамон сайр мекардем, ки гул-гули борон шуд. Боронаки диловезе маҳин-маҳин сабзаву гулбаргҳоро навозиш мекард. Падари гиромиям гуфтанд: Шиботи боронро тамошо бикун, бачам. 

Ин сухан дар ёди ман аз он рӯзгорон мондааст. Эй, ҳазорон дуруд, ё дӯсти нозанинсухан!

Устод Саидалӣ навишт: Қурбони Сайёди ҷон шавам ва Худой падарро махфират кунад, ки ин ШИБОТИ БОРОНро чун гавҳаре ба адабиёти форсӣ ёфтаву бахшидааст. Оре, ин ибора бисёр тасвири зебои боронро дорад, ки шояд дар дигар забонҳо набошад. Дар забони мардуми мо чӣ гавҳарҳое нуҳуфтаанд, Сайёди ҷон, ки мо бехабарем! Ҳазорҳо ташаккур ва ХУДОВАНД падари бузургворро дар ҷавори раҳматаш гирифта бошад! ОМИН!!!

Дар посух навиштам: Ҳазорон дуруд, ё дӯсти сухантар, ки моро ба ёди шиботи борону он рӯзгорони зебо бибурдед. Худо нигаҳбон!

Устод Саидалӣ навишт: Боз ҳам сипоси бепоён, Сайёди ҷон!

Ман бинавиштам: Дуруд бар Шумо!

Шаби 04.08.19 дар месенҷер нома кардам: Дуруд, ё дӯсти гиромӣ, бобои Саидалӣ! Чун аз назари мо гуфтед, инро ёдовар шавам, ки 20 сол пеш аз ин “Тафсири зарнигор” ҳар ҳафта дар “Адабиёт ва санъат” бо назари мо рӯйи чоп меомад. Он зарнигорию озарнигирии бисёр зебову дилрабо ҳамеша пеши рӯйи мост. Он ҳама рахшу дурахши диловез маро хушии бисёр бахшидаст. Аз он рӯзгор то бад-ин замон назари мо ба шеъри дӯсти гиромӣ дигар нашудаст.

Дуруд бар Шумо, Худои меҳрубон ҳамеша нигаҳбон!

Устод бомдоди 04.08.19 нома кард: Илоҳӣ, Омин, Сайёдҷон! Худой, Шуморо ҳамеша ёри Қуръон ва ЗОТИ Худаш гардонад! Охир, ман Шуморо ғоибона хело хуб мешиносам. Иншоаллоҳ, ба умеди дидор! Боз ҳам СИПОСИ бешумор!!! 

Ба хурсандӣ нигоштам: Бо ин бомдоди чунин хушҳаво дуруд мефиристамат, ё дӯсти бисёр гиромӣ!

Пагоҳӣ устод Саидалӣ нома кард: Қурбонатон, Сайёди ҷон! Овози телефонамро, ки намози бомдод паст карда будаам, садои ирсолатонро ҳоло дидам. Худованд субҳи Шуморо субҳи мардон ва рӯзи Шуморо ҳамеша хандон гардонад! ОМИН!

Бомдоди 06.08.19 посух гардондам: Худои нозанин ҳамеша нигаҳбонат, эй дӯсти арҷманд!

Чоштгоҳи 06.08.19 устод навишт: Бисёрҳо ТАШАККУР!...

Эй, дареғо, дӯш бишнидам, ки 10.08.19 ёру дӯстон устоди гиромӣ Саидалӣ Саидро бо сели ашк аз ин ҷаҳон гусел карданд...

Ҳар 2 дидам селбанде,

Ҳар 2 дидам селканде!

Селканде ҳар 2 дидам,

Селбанде ҳар 2 дидам!...

Сайёд ҒАФФОР

13.08.19

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter