ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ховалинг рав!

  • Чоршанбе, Авг 28 2019

Ҳама 1 тараф, Балҷувону Ховалинг 1 тараф!

16.08.2019. Сафари ман ба Ховалинг ғайричашмдошт сурат гирифт: 1 кори зарур пеш омаду бояд рафта дар ҷояш онро ҳаллу фасл карда меомадам.

Соат бо вақти Душанбе 7:30 дақиқа. Ба терминали мусофиркашонии Чимтеппа омадем-мошинҳои байнишаҳрӣ аз Душанбе ба самти Балҷувону Ховалинг маҳз аз ҳамин терминал мерафтаанд. Сабабашро аз Абдулнабӣ, ронандаи мошине, ки киро кардам, пурсидам. Ӯ гуфт, мизоҷони асосии ин масир маҳз дар атрофи бозори «Корвон»-у «Саховат» кору зиндагӣ намуда, рафтуомад аз ин терминал барояшон осонтар аст. Дар пайи ин барои ронандаҳо ҳам ин кор сабук буда, мизоҷони ҳамешагиро метавонанд тавассути зангҳои телефонӣ низ рафта, аз ҷои лозимӣ савор кунанду бубаранд. Терминали «Озод транс», ки ҳоло тамоми хатсайрҳои байнишаҳрӣ аз пойтахт ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб тавассути он равуо доранд, барои мизоҷони Балҷувону Ховалинг дур будааст…

Нархи роҳкиро аз Душанбе то маркази ноҳияи Ховалинг 70 сомонӣ. Чун дидам Абдулнабӣ аз ин маблағ заррае ҳам кам накард, маҷбур розӣ шудам. «-1 нафар мизоҷи ҳамешагӣ дорам. Ӯро аз Автовокзал рафта мегирему меравем»- гуфт ронанда. То ба самти Автовокзали шаҳрӣ рафта, он мизоҷро байни биноҳо кофтаву пайдо карда гирифтем, соат 9-и расо шуд. Ба роҳ баромадем. 

 

То Ховалинг дар 2 соату 45 дақиқа!

Соат бо вақти Ховалинг 11:45 дақиқа. Абдулнабӣ ҳанӯз дар Душанбе гуфта буд, ки моро тавассути роҳи таҷдидшуда ва нави Кангурт-Балҷувон-Ховалинг дар 3 соат бурда мерасонад, аммо худ рекорд зад-дар 2 соату 45 дақиқа моро то маркази Ховалинг овард! Офарин! Инҷо бояд таъкид намуд, ки роҳи қаблан харобу валангори байни маркази н.Балҷувон ва Ховалинг ҳоло таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, масирро хеле наздик кардаасту ҳаракат аз болои он ба кас фараҳ мебахшад. Агар гӯям, ки ин роҳ ҳоло мисли оина аст, хато намекунам.

Бояд гуфт, ки маросими ботантанаи ба истифода супоридани ин роҳ субҳи рӯзи 6.08.2019 бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Тибқи лоиҳа, дар масофаи 43 километри роҳ 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд шуда, роҳ ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ аст. 2 кӯпрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта шуда, 4-тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, пеш аз мӯҳлат бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд. Ин роҳ тӯҳфаи арзандаест ба сокинони ин 2 ноҳияи дурдаст дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ.

Ховалинг шаҳр шуд!

   Соат бо вақти Ховалинг 12:00 дақиқа. Ронанда Абдулнабӣ маро дар маркази ноҳия дар назди боғи нави фарҳангиву фароғатӣ фаровард. Ман, ки ҳанӯз 2 сол пеш ба ин ноҳия омада будам, ҳоло Ховалингро нашинохтам, гулгаштҳои нав дар шафати Гулгашти ҷавонон, рамзҳои давлатӣ-Парчам ва Нишони миллӣ, ки ба тозагӣ қомат афрохтаанд, маркази шаҳраки Ховалингро оро дода, шукуҳу шаҳомати хосса зоҳир менамуданд. Аз ҳама аҷиб барои ман он буд, ки то ба ин дам дар даромадгоҳи маркази ноҳия навиштаи «Деҳаи Ховалинг» насб шуда буд, имрӯз бошад дар даромадгоҳи ноҳия «Шаҳраки Ховалинг» навишта шудааст: Ховалинг воқеан ҳам акнун шаҳрак шуд! Муборак бошад!

 

Аз таҷдиди беморхона то бунёди Амфитеатр

   Соат бо вақти Ховалинг 15:00 дақиқа. Бо дӯстонам шаҳракро чарх задем. Агар қаблан танҳо 1 бинои баландошёна дар маркази ноҳия вуҷуд дошт, ҳоло шумораи онҳо афзуда, боз ҳам сохтмони чанд бинои дигари баландошёна идома дорад. Бинои беморхонаи марказӣ низ таҷдиду таъмир шуда, ҳоло бо имконоти наву замонавӣ дар хизмати мардум аст. Кӯчаҳои шаҳрак низ таъмиру асфалтпӯш гашта, дар паҳлӯи варзишгоҳи марказӣ Амфитеатр ва толори муосири варзишӣ бунёд шудааст. Майдончаҳои нави варзишӣ, сохтмони мактабҳои миёна ва биноҳои нав, меҳмонхонаҳои муосир аз қабили «Чилчанор» (бунёдкораш соҳибкор Қаландар Одинаев) ва даҳҳо иншооти дигар низ айни замон дар хизмати мардуми Ховалинганд. Зимни сафари сарвари давлат ба ин ноҳия танҳо дар 1 рӯз 14 иншооти нави ҳаётан муҳим расман ифтитоҳ ва ба истифода дода шуд, ки рақами рекордист! Браво, Ховалинг ва ховалингиҳо!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Ховалинг-Душанбе, 

16.08.2019

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter