ХАБАРИ ДОҒ

Сайре дар олами улвии ФАЛАК

  • Чоршанбе, Сен 18 2019

Дар бораи Кӯлоб гуфтану аз Фалак нагуфтан бад-он монад, ки бе арӯс тӯй кунӣ ва ё бе намак шакароб. Зимнан, хонандаро ба сайри заминии олами малакутии Фалак даъват мекунем. Мо Метавонем!

Санъати рондашуда

Тасаввурнокарданист, вале дар тӯли 70 сол, онҳое, ки имрӯз доду бедоди миллату хештаншиносӣ мезананд, талошҳо доштанд, то Фалак-бузургтарин мусиқаи миллиро, ки бидуни нотаву адвор садҳо асрро паси сар карда омада буд, ҳаргиз ба долони ҳукумат ва радиову телевизион роҳ надиҳанд. Инҳо ҳатто дар даврони люмпен-пролетариат ва тантанаи санъати оммавӣ, тавонистанд Фалакро буғӣ кунанд ва моли авомуннос хонда пеш созанд. Ин нонсенси ҳукумати болшевикӣ-тоҷикии вақт буд.

Давлатманд-Коваи Фалак

Зуҳури Давлатманди Хол, мусиқашинос ва сарояндаи мумтоз ба даврони охири ҳамон раҳбарияти тангдил рост омад. Вале акнун Давлатманд муаррифии Фалак гардид ва то гӯшҳои кари Политбюрову СеКа ва раҳбарияти вақти РСС Тоҷикистон Фалакро расонид. Ва дигар намешуд Фалакро пинҳон дошт:

Давлатманди Хол, баъд аз 27 соли набардҳо дар майдони эҳёи Фалак ва муаррифии ин жанри мусиқаи миллӣ, онро зинда гардонид, озод сохт, нотабандӣ ва ба навъу тобишҳои азалӣ эҳё намуд.

Виртуоз ва Фалак

Шинохти Фалак дар арсаи байналмилал аз пирӯзии ӯ дар озмуни «виртуоз»-ҳо ё «нобиғаҳои мусиқаи ҷаҳонӣ» шурӯъ шуд, ки устод бо навозиши оҳанге бо ҷамиъи буғумҳои бадан аъзои ҳакамонро тасхир кард. Худи Давлатманди Хол дар ин бора мегӯяд:

-Ин озмуне буд, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО, соли 1991 дар Порис баргузор гардид ва дар он аз ҳама кишварҳои олам ҳунармандон ширкат доштанд. Дар ин байн танҳо ман будам, ки маро гурӯҳи созиву овозӣ ҳамроҳӣ надошт. Ва замоне ки гурӯҳҳои ҳунарии ҳар кишвар дастаҷамъона оҳанг менавохтанд, ман ҳам гуфтам, ки омодаам, тани танҳо ва аммо бо ҷамиъи буғумҳои бадан гавҳари зарбҳои миллиро муаррифӣ кунам. Барои ин дар назди гардан, бозу, ангуштон, гулӯ ва китфонам 8 микрофон устувор карданд ва ман бо садои дарунии буғумҳо як зарби тоҷикона навохтам, ки аъзои ҳакамон ба ваҷд омаданд ва шоҳҷоиза насиби ман шуд…

Бо ин ҳама танҳо дар соли 2004 Фалакро ба расмият шинохтанд. Дастандаркори ин муаррифӣ…Бунёди Сорос ва хонум Ойниҳол Бобоназарова шуданд.

Фалак чист? Анвоъи Фалак кадоманд?

Давлатманди Хол:

«Фалак яктост! Ва тақсимнашаванда аст ва рукнҳои Фалак дар мусиқаи мардуми олам мушоҳида мешавад. Бубинед, кадом миллат дард, ғам надорад? Фалак дард аст, андӯҳ аст, нола аст ва ҳам шодиву нишоти деринтизорест, ки агар дод нагӯӣ дилгир-нафасгир мегардӣ. Рукнҳои Фалак зиёданд; дар кӯҳистони тоҷик-мегӯянд Фалаки Даштӣ, Фалаки Кӯҳӣ, Фалаки Роғӣ, Фалаки Шод, Фалаки Шикаста, Фалаки Сарбаста, Фалаки Паррон, Фалаки Омехта, Фалаки Яклухт. Ин ҳама танҳо дар ҷануби кишвар ва Бадахшонанд. Боз дар шимоли кишвар Фалаки Пардагӣ, Фалаки Бепарда ҳаст».

Фалакро нота бандед!

Мусиқашиносони муосир бар назаранд, ҳамакнун замоне расидааст, ки Фалакро  бояд тавассути оркестри симфонӣ навохт. Вале барои адворбандии Фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд. Худобиомурз Талабшоҳ Сатторов, раиси собиқи Консерваторияи Миллӣ, 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст ва аз ин зернотҳои ҷадид дар 1 ҷаласа бахшида ба Фестивали Фалак дар соли 2004 Аслиддин Низомов, раиси Иттиҳоди бастакорони кишвар ҳам ҷонибдорӣ карда буд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро то ҳанӯз Фалак, дар Тоҷикистон расман адворбандӣ нашудааст ва умқан омӯхта намешавад? Ҳаводорони фарҳанги мусиқаи миллӣ бар назаранд, барои ҷомаи амал пӯшидани ин ормон бояд ба Давлатманди Хол шароити мусоид фароҳам овард, то ба ташхису пажӯҳиши ҷиддии Фалак камар бубандад. Ростӣ, шахсан ман намедонам, ки агар ин корро Давлатманд накунад, пас кӣ хоҳад кард? Мо Метавонем!

Ансамбли Фалак ва Сурайё

Ҳоло дар Кӯлоб-маҳди Фалак метавон гуфт, фалаксарое намондааст. Зеро аксарияти ҳунармандон аз ин водӣ «фирори иҷтимоъӣ» кардаанд. Онҳо барои дарёфти қути лоямут ва зиндагонии арзанда кайҳо мавзеъро тарк гуфтанд. На Давлатманд ин ҷосту на Файзалӣ Ҳасан ва ҳамакнун на…Сурайё.

Воқеан ҳам Сурайёи Қосим тайи 2 даҳсолаии ахир ягона нафаре буд, ки намехост Кӯлобро ба пуррагӣ тарк кунад. Ӯ асосгузори ягона ансамбли Фалак дар шаҳри Кӯлоб низ ҳаст. Вале бӯҳрони фарҳангӣ ба ин хонадон низ асар кард. Сурайё дигар дар Кӯлоб…меҳмон асту бас. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба консертҳои давлатии маҳаллӣ ҳатто роҳашро бастаанд. Ягона фалаксарои маҳаллӣ дар консерт нест. Инро чигуна метавон фаҳмид?

Бо ин ҳама умед дорем, ки Фалак мисли 70 соли шӯравӣ дар маҳдаш-водии Кӯлоб нахоҳад мурд. Вале парадокси моҷаро ин аст, ки дар он солҳои фалакбадбинии ҳукумат ин жанр посбонҳое дар симои Одина Ҳошим, Қурбон Зардак, Давлатманди Хол, Гулчеҳраи Содиқ дошту…ҳоло, дар даврони фалакдӯстдорӣ дар ин водӣ ақаллан 1 ситораи ҳунар надорад…

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter