Акаи Салмон Расулов сокини ҷамоати «Панҷоб»-и н.Ҳамадонӣ, соҳибистеъдоди фитрист. Бачагию наврасии акаи Салмон бо зиндаёд, ҳофизи машҳури машриқзамин-Одина Ҳошим гузашта, ҳамсабақи мактаби миёнаанд ва дӯстии онҳо то рӯзҳои вопасини умри ин абармарди санъат давом дошт. Ӯ дар бораи дӯсти номвараш хотираи зиёде дорад:
-Сароғоз Одина на аълохону на сустхон, ки миёнахон буд. Аммо дар давраи камолот бо суръати кайҳонӣ пеш рафт. Бе муболиға уқёнуси шеъру ғазал шуд. Чун дигар бачаҳои ин синну сол шӯху ҳазлкаш буд. Ҳамсинфон ҳам ҷои сусти ӯро ёфта буданд: Бисёр содаю зудбовар буд. Кадом 1 дурӯғеро, ки намудатро ҷиддӣ гирифтаю нақл мекардӣ, рост қабул мекард. Масалан, ба ӯ мегуфтанд, ки фалон муаллим суроғат дошт. Ҳамин кифоя буд, ки пайи ҷустуҷӯи муаллим равад. Баъди бо сари хам баргаштанаш қаҳқаҳаи бачаҳо ба осмон мерасид. Ҳамин содагию зудбоварӣ то охири умр ӯро тарк накард. Ҳамаи шикасту афтодагиҳо, нокомию садамаҳои зиндагӣ Одинаро аз ин қалби бузургу зудбовараш буданд.
Фоҷеа дар консерти Ҷурбаек Муродов
Чӣ қадар таҳдиду озорҳое надид. Гуноҳ-ҳунари худододаш. Боре дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ шаби эҷодии Ҳунарманди халқии СССР-Ҷӯрабек Муродов мегузашт. Одина ҳам даъватӣ буд. Лаҳзаҳои дамгирии Ҷӯрабек ӯ табъи ҳозиринро хуш мегардонд. Ин замон касе омада, ба гӯшаш чизе мегӯяд. Ҳофиз саросемавор толорро тарк мекунад. Назди мошини сабукрави «Волга»-аш меояд. Ва мебинад, ки шишаҳои мошин зада шикастагию тунукаҳояш пачақ кардагӣ. Фиттаҳои сабти сурудҳои охираш, коғазхати ёрмандии ҳофиз ба Ветнам ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим рабуда…
-Дод аз дасти фалаки каҷрафтор ва ин кӯрдилони нобакор, - гуфта Одина Ҳошим ба замин нишаста мемонад.
Ин гуна пешподиҳиҳо, илҳомшиканиҳо дар ҳаёти ҳофиз кам набуд.
«Фавт»-и нобиға дар Сочӣ
Боре ҳини ин гуна хастагиҳо дӯсти дигари Одина Ҳошим, собиқ раиси номдори хоҷагии ҷамоавии ба номи Ленини н.Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) шодравон Иззатулло Шарифов ба ӯ таклиф мекунад, ки биё, барои рафъи ин кӯфтагиҳо ба истироҳатгоҳи Сочӣ равем. Ҳофиз қабул мекунад.
Истироҳатгоҳи машҳури Сочӣ. 1 рӯз онҳо вақти сайругашт бо гурӯҳи ҷавононе вохӯрданд, ки аз магнитофонашон суруди «Ало, хам зада кокул»-и Одина Ҳошим танинандоз буду онҳо бо шавқ мерақсиданд. Суруду рақс анҷом меёбад.
-Гӯяндаи суруд кист?- мепурсад Иззатулло Шарифов.
-Марҳум оғои Одина Ҳошим, - ҷавоб медиҳад яке аз онон, ки аз даризабонони Афғонистон буданашон маълум буд.
-Барои чӣ марҳум? – сӯи Одина ноаён чашмак зада суол мекунад раис.
-Магар гузашта нашудааст? – нобоварона мепурсад ҷавони афғон.
-Ана наздатон истодааст-мегӯяд И.Шарифов.
Одина Ҳошим 2-3 сурудро бе мусиқӣ, аз ҷумла «Ало, хам зада кокул»-ро низ мехонад. Ҷавонони афғон пойҳои ҳофизро ба оғӯш мегиранду бахшиш мепурсанд ва бо шавқи зиёд аз ӯ соядаст мегиранд. Маълум мешавад, ки ин ҷавонон устодро дар Душанбе ҷустанӣ омада будаанд, вале касе аз «рафиқон»-и Одина гуфтааст, ки ӯ кайҳо мурда…
Мардакии Гулрухсор
Устод Одина бо муаллифи сатрҳо шиносоии наздик дошту асосан навиштани хотираи сафарҳояшро ба банда мефармуд. Вақтҳои бекориаш ба идораи рӯзнома омадану бо рӯзноманигорон сӯҳбат карданро дӯст медошт. Боре дар аснои сӯҳбат:
-Мирзо (вай маро бо насабам ном мебурд) медонӣ чӣ, Гулрухсор мардак будаст.
Устод бо ваҷоҳате гуфт, ки ман бо шигифт пурсидам:
-Чӣ хел?!
Устод бо ҳамон ваҷоҳат ҷавоб дод:
-Вақти ба ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ пешниҳод шуданам, он ҷо 1 номзади ҳарифи ман пайдо мешавад. Шиносу ҳаммаҳаллаҳояш дар ҳайати комиссия зиёдтар будаанд, ки вай бартарӣ пайдо мекунаду ба ҷоизадор шуданаш лаҳзае мемонад. Ин дам Гулрухсор, ки ӯ низ узви комиссия буд, мушт болои миз зада аз ҷо бармехезад ва мегӯяд:
-Ҳой, мардум, як лаҳза аз аспи ҷаҳл фароед. Шумо чӣ кор карда истодаед? Одина Ҳошим куҷою ҳофизаки шумо куҷо? Охир Одина Ҳошимро Шарқ мешиносад. Агар ин тавр бошад, ман талаб мекунам, ки ҷоизабарӣ ба тариқи раъйпурсӣ гузаронида шавад. Мебинем, ки устод Одина Ҳошим раъй мегирад ё ҳофизаки шумо?!
Латтаи ҳакамони мухолиф ба об мезанад ва маро ҷонибдорӣ мекунанд. Магар мардак набудааст? - баъди шарҳ пурсид маро устод.
Ҷӯрабекро ба миллат баргардонед!
Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов-3 хунёгари санъат, 3 ҳофизи соҳибмактаб, намояндаи 3 маҳалли Тоҷикистон-Хатлону Рашту Суғд ба сетор шабеҳ буданд. Имрӯз аз он 3 тор 2 тораш канда шуда, тори сеюмаш бурун аз пойтахт, ҷудо аз гӯшаку қуббааш шудааст, ки басо риққатовар аст. Аммо мо аминем, ки масъулони соҳа охирон ҳунарманди аршад-тори саввуми санъати миллӣ-Ҷӯрабеки Муродро дар зиндагониаш ба мо-Тоҷикон бармегардонанд.
Саъдулло Мирзоев,
н.Ҳамадонӣ