ХАБАРИ ДОҒ

Истаравшан: Баландошёна ҷойи «Гулбоғи адибон»…

  • Чоршанбе, Дек 11 2019

 

 - Салом ба СССР-и азиз! «Гулбоғи адибон»-и ш.Истаравшан, ки ба шарофати 2500 солагии Истаравшан бунёд шуда буд, имрӯз тахриб гашта, дар ҳудуди он таҳкурсии биноҳои баландошёнаро гузошта истодаанд. Ин гулбоғро, ки соли 2002 ба истифода дода буданд, девори ба шакли китобҳо оро додашуда гирд гирифта, намунаи 20 акси адибон, ки 700 нафаранду дар таърих гузаштаанд, ба монанди Хоҷа Юсуфи Возеҳӣ, Назмӣ, Сури Шиблӣ, Солики Шаҳдӣ, Султонхоҷаи Адо, Иброҳим Махдуми Истаравшанӣ, Дилшоди Барно ва Зуфархон Ҷавҳарӣ насб шуда буданд. Дар байни гулбоғ нимпайкараи Зуфархон Ҷавҳариро гузоштанд, вале баъд онро аз инҷо гирифта ба назди мактаби №32, ки номи эшонро дошт, бурданд. Пасон дар гулбоғ пайкараи барқади Абӯабдулло Рӯдакӣро гузоштанд. Пайраҳаҳои гулбоғро дар вақташ бо татасангҳо чида, гулу гулзор карда буданд ва инҷо маркази тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳр ба ҳисоб мерафт.    Истаравшани қадимаю ҷавон 1 гулбоғ дошту аз он мефахрид, акнун бошад онро низ тахриб мекунанду дар ҷояш биноҳои баландошёна қомат меафрозанд. Биноҳои наву муосири истиқоматӣ созанд хуб, вале аз байн бурдани ягона ҷойи фарҳангӣ магар кори дуруст аст!?

Алӣ Бароти Истаравшанӣ, ш.Истаравшан

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter