ХАБАРИ ДОҒ

Меравем, вале бармегардем!

  • Чоршанбе, Март 04 2020

 

Тоҷикистон барои рақобатпазир будан бо донишгоҳҳои пешрафта, бояд дар макотиби олӣ сифат, усули дарсгузарӣ ва шароити хонданро дар ҷойи аввал монад, то шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон афзояд. Сиёсат ва “ғамхории” донишгоҳҳои мо набояд танҳо ба сару либоси донишҷӯён равона карда шавад, балки ба сифати таълим, саводи донишҷӯ низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. 

Бо даъвати президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии кишвари мо таҳсил мекунанд, сар аз аввали моҳи феврал барои идомаи таҳсил ба зодгоҳи хеш баргашта истодаанд. Вазорати маорифи ҶӮ мегӯяд, ки ин танҳо 1 пешниҳод ба донишҷӯёни ӯзбек аст, вале баргаштану барнагаштан тасмими худи донишҷӯ хоҳад буд. Бо мақсади баргаштан ба Ватан ва идомаи таҳсил дар макотиби олии ҶӮ аксарияти шаҳрвандони ин мамлакат, ки дар ҷумҳурии мо донишҷӯ буданд, аллакай тавонистанд ҳуҷҷатҳои худро бозпас гирифта, бираванд. Бо гузашти 2 ҳафта аз ин ҳаёҳӯй мо тасмим гирифтем ба ин мавзӯ таваҷҷӯҳ карда, бубинем, ки иллати баргашти донишҷӯён дар чист?

Меравем... ва меоем!

Теъдоди бузурги донишҷӯёни ӯзбек дар Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳсил мекарданд. Барои ошноӣ бо вазъият нахуст аз ин боргоҳ дидан кардам. Сабоҳат Ӯлмасова, яке аз донишҷӯёни ӯзбек, ки ҳанӯз тасмими баргаштро нагирифтаасту таҳсилашро идома медиҳад, мегӯяд, ки аксари донишҷӯёне, ки рафтанд, бо дархости падару модарон баргаштаанд.

-Дӯстонам рафтанӣ набуданд, зеро шароти таҳсилу зист инҷо хуб аст, нархи шартнома низ на он қадар гарон, лек волидайн маҷбур сохтанд, ки баргарданд. Ман мехоҳам донишгоҳро инҷо хатм намоям, аммо падару модарам талаб доранд, ки баргашта, таҳсилро дар Самарқанд дар факултаи филологияи тоҷик идома диҳам. Аксари дӯстонам, ки рафтанд, ҳоло мегӯянд, ки бармегардем ва агар ман хам равам, ҳатман дубора бармегардам, - иброз медорад ӯ.

 Садриддин Муллоев, 1 донишҷӯи дигари ӯзбекистонӣ, ки дар ҳамин боргоҳ таҳсил менамояд, қайд мекунад, ки талаби баргашти донишҷӯёни ӯзбек ба Ватан шояд 1 дастури вежаи ҳукумати кишвараш бошад, лек ин амал маҷбурӣ нест.

 -Масалан, падару модари ман гуфтанд, ки баргаштану барнагаштан тасмими худат аст, 1 соли таҳсилам мондааст, беҳтар аст дар Душанбе онро хатм карда, дипломамро бигирам. Дипломи ҶТ низ арзиши боло дорад ва дӯстону ҳамкурсонам низ бачаҳои хубанд, тасмим гирифтам таҳсилро ҳаминҷо хатм кунам, афзуд Садриддин.

Хориҷу барқарор шудан тибқи муқаррарот

Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба ин масъала мегӯяд, ки баргаштану барнагаштани донишҷӯёни хориҷӣ тасмими шахсии онҳост ва бояд тибқи муқаррароти қабулшуда амалӣ гардад.  Чуноне ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар иттиллоъ медиҳад, ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар кишварҳо дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ё баръакс, донишҷӯёни дигар кишварҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз анҷоми соли таҳсил дар давраи таътили тобистона ба муассисаҳои олии кишварҳои худ интиқол меёбанд. 

Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ мушаххас намудааст, ки донишҷӯе, хоҳиши ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар интиқол ёфтанро дорад, бояд ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ариза пешниҳод намояд. Донишҷӯ бояд баъди гирифтани розигии хаттии ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда (дар ариза бояд имзо, мӯҳр ва розигии ӯ возеҳ бошад) ба ректори муассисаи олии касбие, ки дар он таҳсил менамояд, бо ариза ва ба он замима гардонидани нусхаи асли аризаи ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ирсолнамудааш муроҷиат намуда, розигии ӯро низ ба даст орад. Инчунин, дархости донишҷӯ ҷиҳати интиқол ёфтан дар Комиссияи барқарор ва интиқоли муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда дар асоси пешниҳод гардидани аризаҳои ӯ бо розигии ректорони ҳарду муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.  

 Сифати таълим ё шартномаи арзон?

Шартномаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон назар ба кишвари ҳамсоя на он қадар гарон аст ва ин яке аз омилҳои нарафтани баъзе аз донишҷӯёни хориҷист. Вале бояд сифати таълим, гузариши дарс ва шароити донишҷӯёни хориҷӣ дар мадди аввал истад. Пардохти шартнома барои бархе аз донишҷӯёне, ки дар донишгоҳои олии олам таҳсил мекунанд на он қадар муҳим аст. Агар сифати таълим хуб бошад, донишҷӯ таёр аст маблағи калон супурда, дар донишгоҳи дилхоҳаш бо шароити беҳтарин таҳсил намояд. Масалан дар донишгоҳҳои шинохтаи олам ба мисоли Оксфорд, Гарвард, Кембридж ва амсоли инҳо, ки дар рейтинги донишгоҳои беҳтарини ҷаҳон макони аввалро ишғол мекунанд, шартнома хело гарон аст. Аммо бо сабаби сифати хуби таҳсилу омӯзиш  ва шароити замонавӣ донишҷӯён он ҷо ба шартнома нигоҳ накарда, таҳсилро давом медиҳанд ва шумораи донишҷӯёни хориҷию ватанӣ дар ин макотибҳо зиёд мешаваду кам не.

Тоҷикистон барои рақобатпазир будан бо чунин донишгоҳҳои пешрафта, бояд дар макотиби олӣ сифат, усули дарсгузарӣ ва шароити хонданро дар ҷойи аввал монад, то шумораи донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар Тоҷикистон афзояд. Сиёсат ва “ғамхории” донишгоҳҳои мо набояд танҳо ба сару либоси донишҷӯён равона карда шавад, инчунин ба сифати таълиму усули дарсгузарии муаллимон ва саводи донишҷӯён низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter