ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Гул бихар!

  • Чоршанбе, Март 11 2020

Барои Модар, зану хоҳар ва маҳбубаву дӯстон дар арафаи Рӯзи модарон гул беҳтарин тӯҳфа аст. Маълум, ки дар арафаи ҳар иду айём, хосса баҳору 8 март ва Наврӯз нархи гул дар гулфурӯшиҳои пойтахт ба маротиб афзуда, то 30-40 сомонӣ боло меравад. Мо тасмим гирифтем 5 рӯз пеш аз иди бонувон ба гулфурӯшиҳои пойтахт баромада, ҳам нархи гулро бипурсем ва ҳам бубинем, ки кӣ ва кадом намуди гулро харидорӣ мекунад.

Садбаргҳои арзони тоҷикӣ...

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 14:10 дақиқа. Ба гузаргоҳи зеризаминии маркази савдои “Садбарг” ворид гардидем. Нархи 1 донаи гули садбарг, ки нисбати дигар гулҳо зиёдтар харидор дорад аз 10 сомонӣ оғоз мегардад. Яъне, 10-12 сомонӣ ин нархи гули садбарги тоҷикӣ аст. 1 гулдастаи миёна аз 85 то 100 сомонӣ нарх дошт. Агар гулдастаи бузургтару зеботар хоҳед бояд 200-250 сомонӣ пардохт намоед. Барои пурратар омӯхтани мавзӯъ ба назди гулфурӯшиҳои “Маркази савдои Тоҷикистон” (Сум) роҳсипор гардидем. Инҷо нарху наво каме гаронтар будааст. Барои 1 дона гули садбарг аз шумо 20-25 сомонӣ талаб мекунанд. Ростӣ,  гули 1 донааш 10 сомонӣ низ буд, вале барои гулдаста сохтан мувофиқ на. Ба иттилои фурӯшанда садбаргҳои сафед, зард, сурх аз Ӯзбекистон ва Россия оварда мешаванд. Маҳз ба ин хотир каме нархашон гарон аст. Шояд ҳамин аст, ки 1 дастагуле бо 41 дона садбарги сурх бо нархи 700 сомонӣ фурӯхта шуд.

Гул хареду гул ҳадя намоед!

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:16 дақиқа. Боз ба назди гулфурушони гузаргоҳи зеризаминии назди бинои “Сум” рафтем. То рӯзи модарон 5 рӯзи дигар мондааст, аммо аллакай нархи гул дар осмон. 1 гули садбарге, ки 10-12 сомонӣ арзиш дошт, аз 20 сомонӣ ҳам гаронтар шудааст. Нархи садбаргҳои аз ҳама машҳур, ки номи “садбарги ҳоландӣ”-ро доранд, то ба 40 сомонӣ омада расид.  Гароншавии нархҳоро аз фурушандаҳо пурсидем, гуфтанд, ки 8 март мавсими савдо асту, соле 1 маротиба пеш меояд.

Далер Аҳмадов, яке аз муштариёне, ки гул харидорӣ намуд, афзуд, ки мо ҳар рӯз гул намехарем, лекин рӯзҳое мешавад, ба хотири болидарӯҳии занҳои хонадон ба хусус модарон тӯҳфае намоем. Новобоста аз нархи гарони гул он беҳтарин тӯҳфа ба занону духтарон аст, аз ин мебояд гул хариду гул ҳадя кард.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter