ХАБАРИ ДОҒ

Модари матбуоти тоҷик 70-сола шуд!!!

  • Чоршанбе, Март 18 2020

 

“Модари матбуоти тоҷик”, “Духтари газета”- ин унвонҳои ифтихорӣ танҳо ба Гулчеҳра Фозилова хос аст. Апаи Гулчеҳра беш аз 50 сол мешавад, ки дар рӯзномаю маҷалаҳои гуногун ҳамкорӣ карда, пешрафту интишору паҳн намудани нашрияҳои кишварро бе ин бонуи хоксору зиндадил тасаввур кардан имконнопазир аст. Гулчеҳра Фозилова солҳои зиёд аст, ки дар  рӯзнома “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ҳафтавори мардумии СССР кор ва фаъолият мекунад. Дили софу бекина, меҳнати ҳалолу ниятҳои некаш имрӯз ӯро миёни ҳама рӯзноманигорон соҳиби обрӯ ва эҳтирому эътибори бузург гардонидааст. Вақте ки дари редаксияи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро мекушоем, аввалин шахси пешвозгиранда Апа аст. Ҳамеша Апаро дар назди мошинкаи худ мебинем, ки чизе менависад. Ба наздаш рафтему, аз гузашта ва ҷавониҳояш пурсон шудем, аз гуфтаҳояш маълум гардид, ки рӯзгори пур аз хотирмон гузарондааст. Фоҷиаву шикастҳои зиёдеро паси сар намуда бо ҳама бешу камаш шукр мекунаду ҳар субҳи нави зиндагиро бо лабханд пешвоз мегирад.

Гулчеҳра Фозилова дар оилаи шахсони оддӣ, яъне коргар таваллуд шудааст.

  - Падарам дар яке аз муассисаҳои давлатӣ посбон буданду модарам бошад, фаррош кор мекарданд. Кӯдакии ман чун дигарон бо ҳазор орзую умедҳо пушти сар шудааст. Пас аз хатми синфи 10 мехостам ба факултаи забони хориҷӣ дохил шавам, вале падару модарам зид баромаданд. Ман пинҳонӣ аз онҳо ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ оварда ба факултаи филология супоридам, - мегӯяд Гулчеҳра 

Оғози кор дар “КТ”

 Пас аз он ки дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филология дохил мегардад, аз пайи ҷустуҷуи ҷойи кор мешавад. Ҷавондухтари зебою дар тан либоси миллӣ ба идораи “Комсомоли Тоҷикистон” рафта, назди дари сармуҳаррир мешинад. Апаи Гулчеҳра мегӯяд: “вақте ки ба идора рафтам, ҳамон вақт сармуҳаррир Абдулло Зокиров дар сафари хизматӣ буд, маро ҷонишини сармуҳаррир Муқимҷон Абдураҳмонов қабул намуд. Баъд аз суҳбат ҳамчун хаткашони идора фармон гирифтам. Баъд аз чанд рӯз Абдулло Зокиров аз сафар баргашта, маро ходими шуъбаи мактуб ба кор гирифта, вазифаи хаткашониро ба каси дигар вобаста карданд”.

“Модари журналистон”

Умри Апа қариб, ки сарфи ин идора шуд. То ин дам бо журналистони зиёде кор кард.  Бисёриҳоро ҳамчун фарзанд дар хонаи хеш нигоҳубин ҳам кардааст.  Солҳои ҷангу қаҳтӣ, рӯзҳои пурдаҳшат нафарони зиёдро Апаи Гулчеҳра сари як дастархон ҷамъ кардааст. Кормандони собиқадоре, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, мегӯянд, ки ҳамон солҳо пагоҳӣ ҳама дар идора мунтазири Апа будем, ки шояд хурдание биёрад. Ҳамин тавр ҳам мешуд. 

   - Давраҳои бениҳоят мушкил буд, ман баъзан вақт дар бозор ба савдои молу маҳсулот низ машғул будам, маблағи ба даст омадаро нону хурокворӣ харида ба назди бачаҳо оварда, якҷо мехурдем, - иброз медорад Гулчеҳра-апа. 

Ҳарчанд бо амри тақдир натавонист соҳиби фарзанд шавад, аммо ин зани бузург тавонистааст, ки чандин нафарро хуронда пушонда ба воя расонад, насиҳат, кумак ва дастгириашон кунад. Хонаи хурдакаки ин зани дилаш бузург, нафарони зиёдеро, чандин рӯзноманигоронро ҷо намудааст.

Рӯзи чопи газета соҳиби фарзанд мешавам!

  -Ман намегӯям, ки фарзанд надорам, ҳамаи кормандони ин идора фарзандони мананд. Ҳама он нафароне ки бо ман кору фаъолият карданд, бачаҳои ман, бародарони ман ҳастанд. Сайёфи Мизроб бошад додари ман аст. Хуллас, ҳар ҳафта рӯзи чопи газетаҳо ман соҳиби фарзанд мешавам, ба қавле фарзандони ман таваллуд мешаванд, - гуфт Гулчеҳра Фозилова.

Иди баҳору зебоӣ, ҷашни таваллуд муборак бошад, Модари журналистикаи тоҷик! То мо ҳастем, Шуморо фаромӯш намесозем. Мо Метавонем!

 

Ситораи Саҳар,

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter