ХАБАРИ ДОҒ

 Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби 7-солаи зодгоҳаш таҳсилро дар мактаби умумии миёнаи рақами 4 ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб давом дод: Пас аз итмоми таҳсил соли 1957 то соли 1962 донишҷӯи факултаи Университети давлатии Тоҷикистон, феълан Донишгоҳи миллӣ буд. Баъди хатми Донишгоҳ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати ходими адабӣ, сипас мудири шӯъбаи адабиёт кор кард. Сипас дар рӯзномаи «Маориф ва маданият», имрӯз рӯзномаҳои «Омӯзгор» - у «Адабиёт ва санъат» фаъолият намуд. 

 Соли 1969 Раҷаб Мардон барои хизмати афсарӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусалаҳи СССР даъват шуд ва дар вазифаи қумандони взвод то соли 1971 ифои вазифа намуд. Баъди хизмат як муддат дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон (Ҷавонони Тоҷикистон)» ва Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири шӯъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳарир кор кард. Баъдан Раҷаб Мардонро ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» барои кор хонданд. Ибтидо ходими калони адабӣ ва баъдан мудири шӯъбаи саноат ва сохтмону нақлиёти ин рӯзнома буд. 

 Соли 1987 дар ҷумҳурӣ нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Бо даъвати нашриёти мазкур Раҷаб Мардон дар вазифаи мудири шӯъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт. Соли 1999 ӯро ҷонишини аввали Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таин намуданд. Соли 2001 Раҷаб Мардон барои хизматҳо дар назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи шахсӣ баромад. Дар давоми 12 соли нафақа Раҷаб Мардон рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноатро ташкил ва рӯзномаи «Ватанпарвар»-и Кумитаи Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳё намуда, барои эътимоди қавӣ пайдо кардани рӯзномаи «Боҷу-Хироҷ» - и Кумитаи давлатии андози мамлакат саҳм бардошт. Раҷаб Мардон дар тули фаъолияти рӯзноманигори бо унвони Журналисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени шараф дараҷаи ду ва як қатор нишонҳову ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

   Дар идомаи солҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигорӣ зиёда аз 20 асарҳои адабӣ ва публитсистии Раҷаб Мардон бо номҳои:

1) Мошинсозон «Ирфон» - 1981.

2) Марде собит ҳамчу кӯҳ «Ирфон» - 1984.

3) Бунёдгузорон «Ирфон» - 1987.

4) Интихоб «Ирфон» - 1987.

5) Дарёи нур «Маориф» - 1987.

6) Оташи абр «Адиб» - 1989.

7) Оташи дил «Адиб» - 1993.

8) Номус «Пайк» - 1994.

9) Дар ҳалқаи халқи ҷаҳон «Пайк» - 1997.

10) Эҳёи хирад «Адиб» 2003.

11) Китоби аср «Санадвора» - 2006.

12) Ҳикмати умр «Адиб» - 2012.

13) Қаҳрамони замони мо «Балоғат» - 2014.

14) Куштори бехун «Балоғат» - 2015.

15) Достони асп «Балоғат» - 2020

нашр ва дастраси хонандагони сершумор гардиданд. 

 

Аз хушгӯиҳои Раҷаб Мардон

(Гирдовари Нуралӣ Давлатов)

Як замоне устод Раҷаб Мардон ба нохияи Восеъ мераваду дар хонаи Карим Давлат меҳмон мешавад. Аз соҳибхона мепурсад, ки ягон радио -падио дорад, ки ӯ гӯш кунад. Карим Давлат мегӯяд, ки 1 радиоча доранд, аммо вайрон аст. Раҷаб Мардон хоҳиш мекунад, ки онро биорад. Ӯ ба кову шӯри радиоча мепардорзаду баъди чанде он ба кор медарояд. Аммо чанд қисми радио дар дасташ зиёдатӣ мемонанду онҳоро аз тиреза мепартояд. Карим Давлат мепурсад, ки ин инҳоро барои чӣ партофтӣ? Раҷаб Мардон мегӯяд: Ҳаминҳо мушат (яъне мешать, халал мерасонданд) мекарданд, барои ҳамин радиоятон кор намекард.

***

1  шоир  ба нашриёт занг мезанад, ки гӯширо устод Раҷаб Мардон мебардоранд. Шоир мехоҳад шӯхӣ кунад ва ба ҳамин хотир овозашро паст мебарорад, то ки Раҷаб Мардон ӯро нашиносад. Устод Мардон мепурсад. 

-Кистӣ? 

Аз он тарафи хат ҷавоб медиҳад:

-Рӯдакӣ!!!

Ҳамин хел аст, ки овозат аз гӯр мебарояд, -мегӯяд устод Раҷаб Мардон.

***

Устод Раҷаб Мардон дар нашриёт кор мекард. Соли 1993 буду бисёриҳо Душанберо тарк мекарданд. 1 рӯз касе занг мезанад ва устод Раҷаб Мардон гӯширо мебардоранд. Аз он тарафи хат нафаре мепурсад: -Ака рост аст, ки Арбоб Вадуд ба Америка гурехтааст: Раҷаб Мардон посух мегӯяд: бале, рост аст, дина аз штати Панҷакенти Америка телефон карда буд.

***

Як замоне устод Қутбӣ Киром сармуҳаррири нашриёти "Ирфон" буданд. Дар маъракае як нависанда (номашро зикр намекунам) мехоҳад ба устод Қутбӣ хушомад занад, то ки китобашро ба нақшаи чопи китобҳо дар соли оянда ворид кунад. Ба ин хотир нависанда мегуяд: 

-Агар устод Қутбӣ Киром як бор дар хонаи ман меҳмон шавад, ман худамро дар пеши пояш мекушам. 

Раҷаб Мардон инро шунида мегӯяд: 

-Мемурӣ гусфанд кушӣ, устод гушти хук намехӯрад…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter