ХАБАРИ ДОҒ

Зардуштия-асосгузори динҳои ҷаҳонӣ

  • Чоршанбе, Окт 07 2020

   

Чанд рӯзи ахир дар шабакаи ичтимоии Фейсбук дар мавриди Зардушт ва дину оини зардуштӣ байни журналисти шинохта Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва онҳое, ки аз таърихи дину ислом фарсахҳо дуранд, баҳси ҷиддӣ ба по хест. Мо тасмим гирифтем барои маълумоти бештар додан ба хонандагон дар бораи Зардушт ва дину оини он фишурдае аз матлаби Комрони Далер, яке аз муаллифони доимии газетаро нашр кунем.

Аксари мардум медонанд, дар дунё 5 дини барои пайравонаш машҳуру муқаддас мавҷуд аст. Инҳо динҳои зардуштӣ-дини аҷдодони Тоҷикон, Яҳудия-дини қавми ҷуҳудон, Буддоия-дини ҳиндувон, Масеҳия (насрония) дини пайравони Исо, дини Ислом-дини арабҳо (мусулмонҳо). Ҳар кадоме аз ин динҳо ба якборагӣ пайдо нашуда, балки давраҳои дурударози муайяни таърихиро аз сар гузаронидааанд. 

Барои ба вуҷуд омадани дини зардуштӣ на кам аз 3-4 ҳазор сол аз давраи пешдодиён то ба пайдоиши китоби «Авесто» лозим омад. Таърих бо гузашти забону алифбои ниёгонамон-Ориёиҳоро ба пуррагӣ тағйир доду мо забони ҳаммиллатони гузаштаи худро намефаҳмем. 

Дини давлатӣ

Дар ҳаёти одамӣ ва ҷамъиятӣ пеш аз пайдоиши дини Зардуштӣ динҳои қавмӣ, маҳаллӣ ва гурӯҳии алоҳидаи гуногун ҷой доштанд, ки пайравони онҳо ба қувваҳои табиат итоат ва саҷда мекарданд. Яке офтобу дигаре моҳтоб, яке ситораю дигаре ҳайвонот ва ғайраҳоро мепарастиданд.

Дар ҳолате, ки дар оғоз мардум ақидаҳои Зардуштро қабул надоштанд, ӯ назди шоҳ Виштасп рафт, он ба Виштасп маъқул омада, динро писандид. Ба мардуми кишвараш амр намуд, ки дини зардуштиро қабул кунанд ва бо ҳамин дин дини давлатӣ шуда, Зардушт паёмбар эълон гашт. Зардуштиҳо барои худ офаридгор муқаррар карданду ӯро Аҳуро Маздо, яъне «Ҷаноби оқилу доно» номиданд. Ӯ қувваи олӣ ва асосии дин буда, ба мардум некию хушвахтиҳоро меоварад. Тарафдори қувваи бадию душманӣ бошад, ин Аҳримани бадбахт мебошад. Миёни қувваҳои некию бадӣ мунтазам мубориза мерафт.

Митра-Меҳр, Хуршед

Дар Зардуштия 6 Амшеспентаҳо (ба қавли арабҳо «Фариштаҳо») мавҷуданд, ки вобаста ба намудҳои (соҳаҳои) гуногуни амалиётҳои ҳастӣ кор мебаранд. Масалан, ба соҳаи ҳайвонот Геншурван, ба заминдорӣ Суруш вобаста буданд.

Ба Аҳуро Маздо Язатҳо ёрӣ мерасонанд. Масалан, Язати аввал ин Митра аст. Ӯро Худои Офтоб ва ғалаба меноманд. Митра (Миҳр, Хуршед) ҳамоне аст, ки дар байни мардумони юнонзамин ва гирду атрофаш бо ҳамин ном медонандаш. Дар Зардуштия худоҳои борону обу алаф, фаровонҳосилӣ ва ғайраҳо мавҷуд буданд.

Дар бисёр ҳолатҳо тоҷикон калимаҳои деҳхудо, нохудо ва мисли инҳоро истифода мебаранд, ки онҳо маънои калимаи «Худоро» намедиҳад.

Ба андешаи ман вақте арабҳои ҷоҳил ва биёбонӣ форсзаминро забт карда, динамонро барҳам заданд, аз бадбинию душманӣ номи Офаридгори оламамонро тағйир доданд, то ки он дар байни одамон аз гуфтугӯй барояд ва ӯро  «Худо» ном ниҳоданд. 

Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек

Дар Зардуштия Худоҳои бисёре мавҷуд мебошанд ба монанди: Аши-худои тақдир ва бахт, Худои Вайу-оид ба шамол ва марг, Вата-худои борон, Арштар-худои ростӣ ва ҳақиқату  адолат, Раман-худои тинҷиву оромиш, Чисти-худои дониш ва боз чандин худоҳои дигар. Инҳо асос медиҳанд ба хулосае омад, ки ин худоҳо офаридгор нестанд, балки аз гурӯҳи азатҳоянд, ки ба офаридгор мадад мерасонанд. 

Мавзеъҳо ва дарёҳое, ки дар китоби «Авесто» ёдовар шудаанд, ба он далолат мекунанд, ки сарзамини ориёиҳо ва пайдоиши дини Зардуштия дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон ҷойгир будаст. Дар Зардуштия Яздони (худои) Атар (оташ) мақоми махсусе дошт. Парастиши оташ ҳамчун рамзи нури беохир дар Замин боиси оташпарастӣ ном гирифтани зардуштиён (ориёиҳо) гардид. Таълимоти Зардуштӣ аз заҷида иборат, ки онҳо андешаи нек, сухани (гуфтори) нек ва аъмоли нек иборат мебошанд.

Асоси ҳама динҳо якест!

Ҳамдиёрон ва рӯҳониёни муҳтарам, агар ин навиштаамро беғаразона хонда бошед, маълуматон гардид, ки тамоми динҳои ҷаҳонӣ-яҳудӣ, ҳиндуҳо, насрониҳо ва арабҳои Исломӣ асос ва сарчашма аз дини аҷдодони қадимаи Тоҷикон-Ориёиҳои Зардуштӣ гирифтаанд ва дар ин ягон шакку шубҳае ҷой надорад. Агар шумо ба сохторҳои ташкилии динҳо аҳамият диҳед мебинед, ки ҳама як рангу як зайл аст:

Офаридгор: Яҳво, Вишнаю Кришна, Бог ва Оллоҳ. Дар ҳама динҳо паёмбарон- Мусо, Буддо, Исо ва Муҳаммад ҳастанд. Барои ҳама динҳою паёмбарон китобҳо, Таврот, Типитака, Инҷил ва Қуръон фиристода шудаанд. Дар ҳама динҳо қазою қадар, насибаю тақдир, қудрати офаридани Оллоҳ Инсону оламро, ризқу рӯзӣ, ба охир расидани дунё, пули сирот, биҳишту дузах, боғи Фирдавс ва ғайра нишон дода, ба ғайри баъзе тағйиротҳо дигар ҳама аз Зардуштия рӯбардор карда шудаанд.

Оллоҳ дар китоби Қуръон ба паёмбар Муҳаммад (а.с) амр додааст, ки «Қуръонро бароят ваҳӣ фиристодам, то онро ба мардуми Макка ва шаҳру деҳаҳои атрофи он бифаҳмонӣ, онҳоро аз азоби охират битарсонӣ». Дар бораи ба дигар мамлакатҳо ҳамла оварда, ҷанг кардан ва Исломро ҷорӣ кардан чизе гуфта нашудааст. 

Дар китоби Қуръон навишта шудааст, ки Оллоҳ динҳои Яҳудӣ, насронӣ ва исломро ба вуҷуд овардааст. Китобҳои Таврот, Инҷил ва Қуръонро офаридааст. Мӯсо, Исо ва Муҳаммадро ба паёмбарӣ расондааст ва мусулмонҳоро зарур аст ба ин ҳама Имон оваранд. 

Ман оиди динҳо ва китобҳою паёмбарону офаридгарон (парвардигорҳо) ба таври хело мухтасар навиштам. Шояд пайдо шаванд касоне, ки дар ин масъалаҳо васеътар, пурратар ва ба далелҳои таърихӣ такя намуда нависанд.

 

Комрони Далер, ш.Бохтар     

   

                                                                                                                                                                                                                       

      

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter