ХАБАРИ ДОҒ

Суғд: таҷлили 700 солагии Камоли Хуҷандӣ

  • Чоршанбе, Окт 21 2020

 

Рӯзҳои 15-17 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Рӯдакии ш.Хуҷанд Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» баргузор хоҳад гашт. Ҳамоиши илмӣ ба 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуда, тибқи барнома 15 октябр маросими гулгузорӣ дар  пояи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ баргузор гардида, гурӯҳи меҳмонон турбати Камолро зиёрат ва аз хона-музейи шоир боздид менамоянд. Инчунин дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш пешкаши иштирокдорони симпозиум гардонида мешавад.

16 октябр дар Кохи Рӯдакӣ симпозиуми байналмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Дар баробари сухани табрикии иштирокдорони симпозиум, инчунин суханони табрикии видеоии донишмандони камолшинос аз давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Франсия, Германия, Покистон, Ҳиндустон ва Туркия манзури иштирокдорон гардонида мешавад. Пасон Симпозиуми байналмилалии «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ду бахш идома хоҳад ёфт. Дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ донишмандон дар мавзӯъҳои «Истиқлолият ва заминаҳои тасҳеҳи бунёдии ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Мактаби адабии Камоли Хуҷандӣ», «Маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар баёни матлаб», «Камоли Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек», «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар барнома ва китобҳои дарсӣ», «Мақоми шоирии Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳиши А.Афсаҳзод», «Мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ», «Нуфузи шеъри Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тотор», «Андешаи миллӣ ва афкори ватандӯстӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ» ва ғайра маърӯза мекунанд.

Дар доираи симпозиум барномаи фарҳангӣ ва фестивали шеъру сурудҳо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ шоу-барномаи ҳунармандони ҷавони вилоят доир карда мешавад.

 

«Ҳабдаҳ чаман» бо 8 забон

Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наве бо номи «Ҳабдаҳ чаман» аз тариқи нашриёти «Хуросон» дар вилояти Суғд  ба  нашр расид. Дар китоби мазкур тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва 17 гуфтор дар бораи ӯ бо 8 забон ҷой дода шудаанд. 

Китоби «Ҳабдаҳ чаман»  бо ташаббуси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз чоп баромада, мураттибони китоб Баҳром Раҳматов ва Фирӯза Қодирова мебошанд. Тарҷумаи ғазалиёт ба забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ ва чинӣ бори аввал бо дархосту супориши МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» сурат гирифтааст.

Инчунин, бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир”-и ДДХ 3 китоби нав ба нашр расонид.

Китоби аввал “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, аз  маҷмӯи мақолоти олимони ватаниву хориҷӣ дар бораи рӯзгор ва осори Шайх Камоли Хуҷандӣ иборат мебошад. Дар китоб мақолаҳо ва тадқиқоти пурқимати донишмандони фақид, чун устод Садриддин Айнӣ, Азизи Давлатободӣ, Саъдулло Асадуллоев  ва дигар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ гирд оварда шудаанд. Китоб аз 640 саҳифа иборат буда, зери назари  доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва дар таҳияи адабиётшинос Саидумрон Саидов нашр шудааст.

Китоби дувум бо номи «Камол Худжанди в России: Исследования и переводы» низ бо ташббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода нашр шуд, ки дар таҳияи он профессор Матлубаи Мирзоюнус ва адабиётшинос Субҳон Аъзамзод заҳмат кашидаанд. Китоб аз ду бахши бузург иборат аст. Дар бахши аввал маҳсули пажӯҳишҳои ховаршиносони маъруфи рус роҷеъ ба Камоли Хуҷандӣ-Е.Э.Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон фароҳам омадаанд, ки аз арзишмандтарин асарҳо дар ин заминаанд.

Дар бахши дувум тарҷумаҳои ғазалиёти шоири бузурги тоҷик аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа А. Адалис, В. Звягинтсева, В. Потапова, И. Селвинский, Я. Козловский ва М. Синелников ба забони русӣ ва асли тоҷикиашон ҷой дода шудаанд.

Китоби сеюм  “Тӯҳфаи ҷон” ном дошта, зери назари Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона ба табъ расидааст. Дар китоб 40 ғазали шоир аз ҷониби муҳаққиқон Бадриддин Мақсудов, Равшани Ҳамроҳ, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султон ва Баҳром Раҳматзод шарҳ шудааст. 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter