ХАБАРИ ДОҒ

Зани яҳудие, ки худро фидои Лоҳутӣ кард

  • Чоршанбе, Март 10 2021

 

Ситсилиябону Бакалейшик соли 1911 дар шаҳри Любечи вилояти Чернигови Украина ба дунё омадааст. Ин бонуи ҳушманди яҳудитабор Донишгоҳи Киевро бо ихтисоси эроншиносӣ хатм карда, миёни мардуми эронитабори Маскав ҳамчун Силсилабону маъруф гардид. Силсилабону дар синни 18 солагӣ ба Самарқанд меояд ва дар инҷо бо Абулқосим Лоҳутӣ ошно мегардад. Лоҳутӣ он шабу рӯз мухбири рӯзномаҳои “Правда” ва “Известия” дар Ӯзбекистон буд. Лоҳутӣ ва Силсилабону соли 1930 издивоҷ карда, баъди чанде соҳиби духтарча мешаванду ба ӯ Лайлӣ ном мегузоранд. Лайлӣ низ мисли модараш эроншинос мешавад. Лоҳутӣ ва Силсилабону инчунин соҳиби 1 писар бо номи Гев буданд, ки касби рӯзноманигориро ихтиёр мекунад. Лоҳутӣ ва Силсилабону дар Маскав дар 1  хонаи 1 ҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд ва танҳо соли 1937 бо дахолати бевоситаи И.Сталин, ки бо Лоҳутии инқилобчии интернатсионалист дӯстии бесовита дошт,  соҳиби хонаи бузурге шуданд.

Зиндагии фақирона

   Силсилабону ба тарҷумаи ашъори классикони форсу-тоҷик машғул буд ва “Шоҳнома”-ро аз форсӣ ба русӣ тарҷума менамуд. Лоҳутӣ дар тарҷумаи ҷилди аввали ин шоҳасар ба Силсилабону кӯмак мекард. Барои эҷоди фазои беҳтари корӣ, ин зану шавҳар ба деҳаи Ивановкаи назди Маскав мекӯчанд. Бону ва Лоҳутӣ зиндагии фақиронае доштанд, аммо зани шоир ҳеҷ гоҳ аз вазъи иқтисодиаш шикоят намекард. Рӯзи кории Силсилабону соати 4-5 и субҳ оғоз мегардид ва танҳо шаб поён меёфт. 

Зани Хрушев ва “Шоҳнома”

 Тарҷумаи “Шоҳнома” чандин сол тӯл кашид ва барои чопаш низ дар оғоз иҷозат намедоданд. Аз ҷумла Институти шарқшиносии Академияи улуми Маскав зидди чопи “Шоҳнома”-и Бону буд. Лоҳутӣ ҳатто бо директори ин Институт ҷанҷол ҳам кард. Вале бе натиҷа!

Соли 1955 роҳбари Ҳиндустон Ҷавоҳирлол Неру бо сафари корӣ ба СССР омада, бисёр таассуф хурд, ки ҳатто 1 тарҷумаи русии “Шоҳнома” вуҷуд надорад. Ин суханони Неру сабаб гардиданд, ки ҳукумати советӣ ба чопи “Шоҳнома” иҷозат дод. Ҷилди аввали ин китоб соли 1957 ба чоп расид ва Лоҳутӣ ҳам дар ҳамон сол аз дунё рафт. Ҷилди 2-юми ин шоҳасар бошад, танҳо бо дахолати зани Хрушёв, Нина Петровна рӯи чоп омад.    

Хизмати барҷаста ба адабиёти тоҷику рус

Баъди сари Лоҳутӣ низ ҳамсари бовафояш то охир барои шоир хизмат кард. Силсилабону тамоми асарҳои Лоҳутиро ба русӣ тарҷума карда, мардуми советӣ дар 15 республика бо каломи ин шоири ширинсухан ошно гардид. Дар баробари ин, Силсилабону инчунин ашъори шоирони классикии адабиёти форсу-тоҷик Хайём, Рудакӣ, Румӣ, Саъдӣ ва Ҳофизро аз форсӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Хусусан 38 рубоии Хайёмро хеле зебо тарҷума намуд. Ин китоб дар Тоҷикистон ба нашр расид, вале бисёр камчин буд. Тарҷумаи “Найнома”-и Маснавӣ низ яке аз корҳои шоистаи Силсилабону ба шумор меравад. 

  Умуман хизматҳои ин бонуи гиромӣ дар рушди адабиёти мо бисёр беназиранд. Маҳз ин хизматҳояшро ба инобат гирифта, дар Тоҷикистон ба ӯ унвони Ходими шоистаи фарҳанги РСС Тоҷикистон дода шуд. 

Силсилабону моҳи январи соли 1998 дар Маскав даргузашт ва ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. 

 

Зокирҷон Бобоев, махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter