Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон мардуми кишвар аз дурустию нодурустии тақвим ва вақту соати даҳонбандӣ ҳангоми рӯзагирӣ фикру ақидаҳои худро иброз намуда истодаанд. Чунки 2-3 соли охир тақвими моҳи рамазон ва вақтҳои ба охир расонидани саҳархӯрӣ тибқи дархости Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар сару садоҳои зиёде ба миён овардааст. Дар ин бора Газетаи СССР низ чанде эрод гирифта буд. Бо вуҷуди он, аз ҷониби масъулини ин соҳа, ягон хабаре, ки ба Қуръони Карим ва суннати пайғамбар (с) асос гашта бошад, дарҷ нагашт.
Солҳои пеш, дар давраи Ҳокимияти Советӣ, гарчӣ режими атеистӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, бо шунидани азони намози бомдод, муслимин саҳархӯриро бас карда, ба масҷид барои намози ҷамоат мерафтанд. Вақтҳои ахир аз рӯи тақвими тартибдодашуда даҳонбандии рӯзадорон зиёда аз 1 соат пеш то шунидани азони намози бомдод сар мешавад. Дар зимн, калонсолон ва мӯйсафедон аз хоб монда, мунтазири азони бомдод мегарданд, ки ин ҳолат душворӣ ба бор оварда истодааст.
Куръону ҳадис чӣ мегӯяд?
Аз ин рӯ, мехоҳам оиди ҳамин масъала фикри худро дар асоси Қуръони маҷид ва суннати пайғамбар (с), ки ҳарду асос буда, мусалмонони комилро барои адои фарзии он даъват менамоянд, иброз намоям.
Доир ба масъалаи саҳархурӣ дар ин китоби муқаддаси аҳли ислом омадааст:
«… Ва то равшан шудани риштаи сафеди субҳ бароятон аз риштаи сиёҳ (-и шаб) бихӯред ва бинӯшед ва сипас рӯзаро то шаб (то нишасти офтоб) тамом намоед». (Бақара, ояти 187). Дар ин саҳархезии навбаромади тақвими Кумитаи дин риштаи сафед аз сиёҳ фарқ карда намешавад!
Барои осонтар сохтани саҳархезӣ ва саҳархӯрӣ дар шабҳои Рамазон Паёмбар (с) ба гуфтани 2 азон дастур дод: яке барои бедор сохтани мардум ва дигаре барои муайян намудани дамидани субҳ ва поёни вақти саҳархӯрӣ: «Бо шунидани азони Билол (р) аз саҳархӯрӣ даст накашед, зеро ӯ шаб (барои бедор сохтани хуфтагон) азон мегӯяд ва вақте, ки азони Ибни Уммимактумро шунидед, он гоҳ хӯрдан ва нӯшиданро бас намоед, зеро вай бо дамидани субҳ азон мегӯяд». (Тафсири навини Қуръони карим, ҷ. 1, саҳ. 294, Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳеҳи Муслим, Сунани Абӯдовуд, Сунани Тирмизӣ ва ғайраҳо).
Зайд ибни Собит (р) мегӯяд: «Ман бо Набӣ (с) якҷоя саҳархӯрӣ кардем. Баъд Расулуллоҳ (с) барои намози бомдод бархостанд. Анас (р) аз Зайд пурсид, ки муддати байни даҳонбандӣ ва намози бомдод чӣ қадар буд? Зайд мегӯяд: «Муддати 50 ояти Қуръон буд» (Ҳадиси Ал-Бухорӣ, қ. I, саҳ. 517. Тошканд – 1991 с.)
Қуръони карим ва суннатҳои Расули акрам (с) асоси дини мубини ислом аст. Пас, барои чӣ ин фарзия ва суннатҳоро таҳрир бояд кард?! Соату рӯзҳои моҳи Рамазонро каму зиёд менамоем?! Буданд солҳое, ки Иди рамазон ва Иди қурбонро чун дигар кишварҳои исломӣ ва мамолики аҳолиаш мусалмон дар 1 вақт қайд накарда, тафовути якрӯза ба миён меовардем. Ҳол он ки фарқияти соати байни Тоҷикистон ва Маккаи мукаррама ҳамагӣ 2-2,5 соатро ташкил медиҳад, на 1 рӯз (24 соат)-ро.
Кумитаи дин то ба кай мардумро саргардон мекунад? Чаро бо ояту ҳадис бар мо посух нагӯяд ва Тақвимашро шарҳу тафсир насозад?
Ҳоҷӣ Абдуҳамид Назарзода,
ш.Душанбе, тел: 918-63-01-99