ХАБАРИ ДОҒ

Қурбонии ҷаҳолати қирғиз

  • Чоршанбе, Май 05 2021

 Қирғизҳо бо лату кӯби меҳмонҳои оддии мулкии тоҷиктабор бори дигар собит карданд, ки қавми ҷоҳил, разил ва палиданд!!! Қаҳрамони ин матлабро қирғизҳо ба дараҷае куфтаанд, ки қариб аз ақл бегона мешуд. Ӯро баъди чанд рӯзи сарсонияш дар Душанбе, холаҳояш пайдо кардаву ба хона бурдаанд...

5.05.2021. Соат бо вақти Душанбе 13:40 дақиқа. Хурсандмурод Ҳомидов, зодаи ш.Душанбе, истиқоматкунандаи Хуҷандшаҳр, меҳмони идора гашта, аз муносибати дағалонаи кормандони назорати сарҳадиву гумрукӣ ва амнияти авиатсионии фурудгоҳи ш.Ош ва ба қавле «хулиганҳои» бо кормандони ин фурудгоҳ алоқа доштаи қирғиз шикоят намуд. 

Ба гуфтаи эшон, ӯ ва 19 нафар шаҳрвандони мо, ки 2 нафарашон зан буданд, шаби рӯзи 30.04.2021 тариқи хатсайри Санкт-Петербург-Оши ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» парвоз намуда, соати 03:00 дақиқа дар фурудгоҳи ш.Ош фуруд омада, бо бархӯрди баду дағал, фиребу латукӯб ва тамаъҷӯиӣ қирғизҳо рӯбарӯ шуданд..

   - Аз ҳавопаймо фаромадему дар гузаргоҳи марзӣ сарҳадбонони қирғиз мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ҷудо карданд. Пас аз ҳама аз марз гузаштем, ман яке аз нахустин шуда гузаштаму хостам ба берун бароям, ки 5-6 нафар бо либоси мулкӣ омада, нагузоштанд.  «Ҳама ҷамъ шавед, 5000 рублӣ медиҳед, мо шуморо аз инҷо то марз ҳамроҳӣ мекунем». Мо, 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин розӣ нашудем, пас аз гуфтугузори зиёд онҳоро розӣ кунонидем, ки 2000 рублӣ ҷамъ карда медиҳем. 3 микроавтобуси «тангем»-монанд омаду моро ба он шинониданд. 2 занеро, ки ҳамроҳамон буданд, дигар надидем ва аз тақдирашон хабар надорем. 

   Баъди чанд километр мо мусофирони тоҷикро дар як замини пахта аз мошинҳо фароварданд. Аз куҷое боз 2 мошини хориҷӣ омаду пас аз чанд лаҳзаи маслиҳат, моро дубора ба мошинҳо савор карда, ба 3 самти гуногун бурданд. Яъне, 3 мошинро ба 3 тараф ҳай карданд, то якдигарро набинем. Вақте сабаб пурсидем, гуфтанд, ки сардоратон бо бачаҳои мо, яъне қирғиз маслиҳат доранд. Баъдан дар марзи Ӯзбекистон бо ҳам вохӯрдем, - гуфт Хурсандмурод Ҳомидов.

Тавре ин ҷавони тоҷик нақл мекунад, ин «хулиганҳои» кӯчагии қирғиз, ки бо кормандони фурудгоҳи ш.Ош пайвастагӣ доштанд, шаҳрвандони моро бо фиреб аз ҳам ҷудо намуда, дар 3 кунҷи роҳ аз мошин бароварда, пулҳояшонро то тангаи охир кашида мегиранду пасон хуб латукӯб карда ҷавоб медиҳанд. Телефонҳои онҳоро кашида гирифтаанд. Бархе то 60 000 рубли русӣ бо худ дошт…

Сари кафида ва гузаргоҳҳои баста

   - Бо сари кафидаву дасту пойи пур аз хун ба марзи қирғиз оварданд. Марзбонони қирғиз барои гузаштан аз сарҳад боз аз мо 5000 рубл талаб карданд. Ҳар нафаре чанд пули хурде дошт, бароварду дод. Бо сахтиву машаққат ва таҳқиру тамасхур аз марзи ин кишвар гузаштем. Ба марзи Ӯзбекистон даромадему ба қавле ҷонамон даромад, марзбонони ӯзбек моро хеле хуб пешвоз гирифта, дилашон ба ҳоламон сӯхт. Ҳатто таксиро бароямон то марзи Тоҷикистон киро карданд. Ба хотири даргириҳои марзӣ бо Исфара, гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баста буда, маҷбур шудем нисфи кишварро давр зада, то гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод»-Мастчоҳ расем. Ба Ватан расидему аз ҳам ҷудо шудем. 1 ҷавонмарди тоҷик, ки зодаи Хуҷанд буду таксиронӣ мекард, мо 5 нафарро то автовокзали ш.Хуҷанд овард. 1500 рубл пинҳон карда будам, дигарон расидан замон ба хешу ақрабо занг заданд, то барояшон пур ирсол кунанд. Ҳамин тариқ бо сахтӣ шоми 1 май ба Душанбеи азиз расидам, - гуфт Хурсандмурод.

Пас аз 4 рӯз дар Душанбе пайдо шуд

  Гулбӣ Раҷабова, холаи Хурсандмурод, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, ки пеш аз парвоз ба ш.Ош ҷиянаш занг зада буд. Вале пас аз фуруди ҳавопаймо дар ш.Ош ва чанд соати дигар то марз дигар занг назад.

   - Хеле хавотир шудем, зеро пас аз занги ахираш аз фурудгоҳи «Пулково» дигар Хурсандмурод гум шуд. Аз парвозаш 3 рӯз гузашту аз ӯ хабаре нест. Аз нигаронӣ ба ВКД ҶТ ариза навиштем ва танҳо 4 май ӯро дар маҳаллаи 2-юм Советский, дар маҳаллаи зисти қаблӣ пайдо кардем. Он қадар задаанд, ки ҳатто ҳофизаашро гум карда, ба ҷойи ш.Хуҷанд, ки онҷо ҳамроҳи оилааш мезист, ба ш.Душанбе омадааст. Қирғизҳо бачаҳои моро хеле азоб додаанд, ба ғайр аз зарбу лат сахт тарсидаасту ниёз ба табобати тӯлонӣ дорад, хотираашро қисман гум кардааст-таъкид медорад холаи ҷавон.

Ин рӯзҳо, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз арзу шикояту шиорҳои корбарони қирғизӣ пур гаштаву онҳо санги маломат ба сӯи тоҷикон зада, моро «агрессор» меноманд, ин амалкардашон нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз таҳқиру тамасхуру латукӯб, боз ҷиноят аст, ҷинояти байналмиллалӣ, ки бояд барои ин ҳатман дар додгоҳи ГААГА посух бигӯяд!

 

Нигоштаи Ҷамила Ҳусейнова, СССР

05.05.2021

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Дилрабо Самадова Душанбе, 24 Май 2021 15:28 Паём аз Дилрабо Самадова

    Ассалом, рузноманигорони мухтарам,
    Мухтарам Чамила Хусейнова, ташаккури зиед барои навиштани маколаи мазкур. Ман хукукшинос хастам, дар ташкилоти чамъияти кор мекунам, мехостам ба шахрванд Хомидов Хурсандмурод, ки дар Киргизистон латукуб шудааст ерии хукуки расонам, ва факти латукубшуданашро ба расмият дароварда хамчун далел дар бораи конунвайронкунихои чониби Киргиз дар бойгони кайд карда монам, агар шумо ракамхои шахрвандро дошта бошед, илтимос ба ман фиристед, е ракамхои маро ба у расонед, хеле хурсанд мешавам!

    +992927208083
    Дилрабо Самадова

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter