ХАБАРИ ДОҒ

Сурайё: Ситорае дар замин…

  • Чоршанбе, Авг 11 2021

Сурайё Қосимова ҷарима шуд!!!

Ахиран, хабари ҷаримаи Сурайё Қосимова-ҳунарманди аршади Тоҷикистон, примадоннаи Тоҷик, нафаре, ки 50-сол дар хидмати ин миллату ин давлату ин сарзамин аст, аз сӯи Агентии мубориза бо фасоди ҶТ, олами интернет ва фарҳангу адабро тарконид. Мардум ба худ суол мегузоранд, агар муфаттише бо исми Шералӣ Раҳмонов, бе ягон дудилагӣ, Сурайё барин сарояндаи камназирро бо ҷурми «дур аз Кӯлоб будану маош гирифтан», ҷарима мекунад, пас дар ин кишвар дар куҷо ҳақиқат боқӣ монда бошад?

Гап сари он аст, ки Сурайё Қосимоваи нозанин бе ягон истиҳола ансамбли хору зоршудаи этнографии вилоятии «Фалак» дар ш Кӯлобро, 17 сол пеш, дар соли 2004, баъди ба Душанбе омадани устод Давлатмани Хол, қабул кард. Ҳунармандон аз ин шаҳр фавҷ-фавҷ бору кӯч баставу Душанбе мерафтанд. Фалак дар марзи маҳв қарор дошт ва ин Сурайё Қосимова будӣ, ки Кӯлобро тарк накард, ҳарчанд ба вазнаш дар пойтахт тилло ваъда мекарданд. Ӯ нахост ҳунари асил дар шаҳри фарҳангпарварда мирад. 14 сол Сурайё директори ансамбли «Фалак» буд. Ин ансамблро аз марзи маҳв берун кашид. Вале барои муфаттише, ки танҳо бо сифру рақам сару кор дорад, муҳим нест, ки ӯ бо ҷаримааш, ба камари фарҳанги асил зарба зада, дили ҳазорон соҳибҳунар ва миллион мухлисро харошид. Муҳим барои ин зумра мардум он аст, ки касеро «штраф» кунанд!

Сурайё Қосимоваро 15.000 сомонӣ барои маоши 2,5 соли ахир, ба ҳайси солисткаи ансамбл гирифтааш, ҷарима карданд. Ин муфаттиш дақиқан намедонисту намедонад, ки Сурайё аз зумраи ҷавонмард бонувонест, ки маоши аз «Фалак» гирифтаашро дар ҷояш ба ҳунармандони ниёзманди ҳамин шаҳр хайр мекард. Вале ба таъбири Одина Ҳошими раҳматӣ «Ба кӣ мегӯй!!!»

Рӯиҳамрафта, ба таъбири Аловиддин Абдуллоеви беамсол-раиси раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва шаҳодати ҷамиъи масъулини водии Кӯлоб, Сурайё Қосимова ягона ҳунармандест, ки тамомии чорабиниҳои фарҳангиро ройгон мегузаронид ва мисли дигар «ситораҳои санъат» музду маошу пулу пайса талаб намекард. Рӯиҳамрафта, ҳамин Сурайё Қосимова чанд сол пеш, дар Рӯзи Ваҳдат, дар ш.Кӯлоб, бо 2 гулдухтараш-Шабнаму Фарзона консерти бузурге барои 12.000  нафар, дар амфитеатри Кӯлоб, ройгон баргузор намуд. Сурайёву духтаронаш ҳатто ҳаққи раққосаву ровию дастгоҳҳои сабту пахшу баландгӯякҳоро, ки беш аз 50.000 сомониро таъсис медод, аз ҷайби худ пардохт карданд.

Дар охир, 1 пешниҳод: Мӯҳтарам масъулин! Ҳини бархӯрд бо ситораҳои воқеии санъат, агар тавонед муфаттишонеро равон кунед, ки бидуни профессионализм, аз фарҳангу санъат ва иззати асосгузорони фарҳангу маданияти миллати Тоҷик бохабар бошанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Дар зимн, СССР тасмим гирифт, зиндагиномаи Сурайё Қосимова-ситорае аз олами улв дар кӯраи заминро нашр созад. Шояд дар оянда, пеш аз оне, ки Сурайёҳо, Ҷӯрабекҳо, Файзалиҳо…ро «штраф» мекунем, масъулин тарҷумаи ҳоли ишонро ақаллан мехонанд. Мо Метавонем!

 

Зуҳури сиёсӣ…

Соли 1970 олами санъати Тоҷик такон хӯрд. Кӯдаки хубчеҳрае бо лаҳни ширини тифлӣ ва бо забони лакнатдор яке аз маъруфтарин таронаи сиёсии он давру замонро, ки мутааллиқ ба килки шоири шӯридаи мардумӣ, Сайдалӣ Вализода буду борҳо дар иҷрои хунёгари бемисл ва сарояндаи бе ҳамто Одинаи Ҳошим садо медод, тариқи ТВ хонд.

Дал шашяки лӯи замин,

Бал давлати мо офалин.

Калд мулки моло нозанин,

Ленин, балодал, лаҳнамо…

Агар дилхоҳ нафари дигар Ленин-доҳии вақти пролетариатро бародар неву баЛодаЛ мехонд, дақиқан маҳбасӣ мешуд. Аммо садои ин кӯдак ба ҳадде ширину дилнишин буд, ки на танҳо мардум, ки дар Политбюрои вақт низ ба ифтихораш каф кӯфтанд. Ва дарҳои саҳнаи бузурги даврон, ки сахт сиёсӣ буданд, ба рӯи ин хубчеҳра кушода шуданд.

Ленин балодал…парастон ҳоло намедонистанд, ки ҳамагӣ 20 сол ба баъд доҳии азизашон мардуд мегардад, вале ин духтарча умри тӯлонитар аз шарафи Ленинро дар соҳаи санъати миллӣ касб мекунад.

Ин духтарча он замон Раҳима ном дошт: Раҳима Қосимова…

 

Аз Раҳима то Сурайё

Сурайё он давронро ба хотир оварда, аз ду воқеа завқ мебарад:

1.Вақте ки устод Қурбон Зардаков ба ман гуфтанд, ки бояд суруди «Ленин, бародар, раҳнамо»-и Вализодаро бар оҳанги Одина Ҳошимов бихонӣ, чанд рӯз гиря карда, зора менамудам, ки маҷбурам накунанд, зеро ман «Суруди Мардакӣ» намехонам!!!

Ба он ваҷҳ, ки сурудро аллакай устод Одина Ҳошимов хонда буд. Шумо тасаввур мекунед, ки маро дар мактаб чӣ қадар мазоҳ мекарданд, ки «Суруди мардакӣ» мехонӣ? Феълу хуйи ҳамсинфону ҳамсояҳоро медонистам, ки ҳатман чунин мешавад. Аммо Қурбон Зардаков пофишорона ва қотеъона амр карданд:

-Мехонӣ ва тамом!

Баъдтар ман дарк кардам, ки устод барои ман шоҳроҳи санъатро кушода будааст. Зеро дар он замона танҳо тавассути суруди сиёсӣ кас метавонист ба саҳнаи бузург роҳ ёбад.

2.Маро ҳама Сурайё мегуфтанд. Ман низ ба ин ном одат карда будам. Вале чун ба театр омадаму аз ман ҳуҷҷат пурсиданд, маълум шуд, ки номи расмии ман дар Шаҳодатномаи таваллуд…Раҳима будааст. Зимнан, пас аз баромади нахустинам, омадаму ба ҳамсинфон гуфтам:

-Дигар маро Сурайё нагӯед! Ман Раҳима ном дорам!!!

Дигар шӯру машҳаре бархост. Бо ман ҳатто қаҳрӣ шуданд дугонаҳоям, ки аллакай аз худ рафтааму номамро иваз кардаам. Чӣ қадар мефаҳмонидам, ки не охир, номи расмиям Раҳима аст, бовар намекарданд. Ва дар охир ман тан додам ва боз Сурайё шудам. Раҳмат ба ҳамсинфон, ки ин номи хеле зеборо барои ман ҳифз карданд. Вагарна ман кайҳо Раҳимаи Қосим мешудам. Ба пиндорам номи Сурайёи Қосим гӯшнавозтар аз он аст. Барои ин хизмати кӯдакони даврони баччагиям як умр аз ишон миннатгузорам…

 

Сурайё-зани Шоҳи Эрон

Сурайё ном гирифтани Раҳимаи кӯчак низ қиссаҳо дар бар дорад. Бобои Раҳмон, боре ба хонаи келинаш Давлатбӣ, ба Кӯлоб меҳмон шудаву тифли зебову кӯчакро дар гоҳвора дида, аз ҷамолаш шод мешавад ва мепурсад, ки чӣ номаш гузоштаанд? Зану шавҳари ҷавон мегӯянд, ки Раҳима.

Мӯсафед бо андеша ба умқи чашмони тифл нигариста, мегӯяд, «Номашро Сурайё монед!» ва меафзояд:

-Сурайё охирон маликаи мо ориёиҳост. Исми зани шоҳи Эрон аст! Ин духтар мисли маликаи Сурайё бояд номбардори миллати мо гардад!!!

Воқеан ҳам дар соли 1957 Шоҳи Эрон аз номдортарин ва хабарсозтарин чеҳраҳои таърихӣ буд, ки аробаи шалақи давлати осиёиро сӯи пеш мекашид. Ва агар дар дигар қораҳои исломӣ кашмакашу гуруснагиву ҷангу ҷадалҳо давом мекарданд, Эрон оромтарин давлат буд ва пешсаф ҳам буд. Вале ин ҳама то инқилоби исломии Эрон давом кард, ки сарнавишти он шоҳу хонадонаш тамоман қиссаи дигар аст.

Хулласи калом, зани дуввуми сарвари Эрон-Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ, Сурайё Исфандиёри Бахтиёрӣ буд, ки бо ҳусну малоҳат ва сухандониву нукташиносӣ маъруфу машҳури оламиён гардида буд. Аммо ин чеҳраҳо, ки аз табори шоҳон буданд, табиист, ки ба миллионҳо мардуми шӯравӣ, ки мубаллиғи ҷаҳонбинии пролетариву душмани асливу усулии  сарватмандон маҳсуб мерафтанд, тамоман ноошно буданд. Аҷиб аст, ки аз паси панҷараи оҳанини идеологияи шӯравӣ ин мӯсафед аз куҷо хабари ҳусну малоҳат ва фаросату завқи Сурайё Исфандиёри Бахтиёриро дарёфтаву набераи кӯчакашро ба исми ӯ номгузорӣ карда буд?

Хар чӣ буд ва ё на, ин мӯсафед нахустин хишти маъруфиятро бар бинои умри Сурайёи Қосим ҳанӯз аз гоҳвора гузошт, ки Худо раҳматаш кунад…

 

Айёми туфуллият

Сурайё Қосимова 21 апрели соли 1957 дар кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Падараш, ки дар овони донишҷӯӣ бо модараш, ки ошпази Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр буд, ақди никоҳ баставу баъди таваллуди  фарзанди 4-ум, модари Сурайёро партофта меравад. Пештоз мегӯем, ки солҳо ба баъд Сурайё падарро пайдо кардаву хоҳараку бародарони аз ӯву завҷаи дигар доштаашро сарпарастӣ мекунад ва ба синаи меҳр мекашад…

Садбарг, Сурайё, Шамс ва Файз аз хурдӣ ятим мемонанд, вале модари бузургворашон-Давлатбӣ Қосимова ба масале гули хӯроку гули пӯшокро ба онҳо пешкаш мекард, то миёни ҳамсолон шикастарӯҳ набошанд. Воқеан ҳам ин қадар шикасту рехте, ки ин шабу рӯзҳо тангназарон садди Сурайё кардаанду ӯ аз ҳамаи имтиҳоноти тақдиру таърих сарбаландона берун мешавад, натоиҷи ана ҳамон даврони туфуллият аст: ӯро зиндагонӣ обутоб додааст! 

Сурайё аз нозпардавҳои давр нест. Ӯ худаш худро сохтааст ва сар аз кӯдакӣ бо заҳмати хеш нон мехӯрад!!! Чунин одамонро шикастан имкон надорад…

Бо ин ҳама Сурайё айёми тифлии худро ба некӣ ёд меорад:

-Ман тифли хушбахт будам. Мисли тамомии ҳамсолонам. Ҳарчанд дар он замон қасру кушкҳо касе надошт, аммо бовар доштем, ки фардои ҳамаи мо рахшон аст. Зеро ба мисли даҳҳо миллион кӯдаки шӯравӣ бовар доштем, ки коммузним дармерасаду тамомии одамон дар ақсои олам хушбахт мешаванд Ва ҳама сӯи ана ҳамон хушбахтии хаёлӣ-Коммунизм равона будем…

Дар асл, онҳо дар як бинои нимдаврашакли кӯчаи Куйбеш (Куйбишевро дар Кӯлоб ҳамин хел ном мебурданд) бо чанд оила дигар мезистанд. Чунин биноҳо дар он даврон «барак» ном доштанд. Дар баракҳои сталинӣ ва хрушевӣ, таври маълум, ҳама бо ҳам унс мегирифтанд. Зеро дигар хел зистан имкон надошт. Чунки тақрибан якҷо умр мегузарониданд: шустушӯ мекарданд, хӯрок мехӯрданд, телевизор тамошо мекарданд, бозӣ мекарданд, ҷангу ҷанҷолу хархаша менамуданд ва соате ба баъд оштӣ мекарданд. Тую сур ва маъракаи мотаму шодияшон низ якҷоя буд. Хулоса, мисли узви як оила буданд, сокинони чунин «баракҳо». Ва ин ки имрӯз Сурайё дастгири ҳама ва ғамшарики аксарияту хидматгузори кулли мардуми диёр аст ва дастурхонаш ҳамеша барои ҳама меҳтару кеҳтар ва ҳатто гадову талбандаву ҷӯгӣ, бангиву ҳангӣ, афсару аскар, фарҳангиву бефарҳанг кушода аст, нишоне аз гуманизми ҳамон баракҳои сталинист, ки одампарастиро дар хуни мардум эм мекарданд…

Сурайё аз ҳамин барак баромада, номи барак, кӯча, диёр ва сипас кишварашро маъруфи оламиён намуд. Ин аст, ки дар кӯчаи Куйбеш аз Сурайё дида, нафари обрӯманде нест. Сокинони ин кӯча, ки дар Кӯлобу атрофаш номиянд, барои Сурайё кӯҳро талқон мекунанд. Зеро Сурайё ба кадом қуллае, ки нарасида бошад, ба масале ятимдухтаре аз ҳамин баракҳои Куйбеш аст ва мемонад…

 

Холаи Давлатбӣ…

Давлатбӣ Қосимоваро дар шаҳри консерватории Кӯлоб, ки аҳолияш аслан пуритан, суннатпарастанд, ҳама медонанд. Ва ин ҷои баҳс нест. Мо иғроқ накардаем. Зеро Кӯлоб аслан шаҳрест, бо таърихи беш 2700 сола, ки таоруфу расму русуми худро дорад. Дар ин шаҳр ҳама якдигарро мешиносанд. Вале ин аввали кор аст. Агар шумо сокини ин шаҳри бостонӣ нестеду падару модар ва ё бобову бибиятон кӯлобист, шуморо дар кӯчаҳои шаҳр …ҳис мекунанд, ки кӯлобиед, шаҳриед. Ин вежагии мардуми Кӯлоб аст, ки онро бо илми муосир ва кӯмаки компутару интернет наметавон муайян кард. Ин супервежагии Кӯлоб аст…

Вале Давлатбӣ Қосимова боз шахсияте ҳам буд хайрхоҳ, дастдароз, дастгир ва бо нону намак. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар ошхонаву тарабхонаҳои шаҳр кору фаолият кардааст ва ба масале ба аксарияти ин мардум нон додааст. Нону намаки ин зани нуронии хубчеҳра, маҳфилоро ва хушсуханро аксарият пос медоранд. 

Холаи Давлатбӣ бештар аз як зан буд! Ӯ аз ҷавонӣ бева монд, вале нахост сари фарзандони падарпартофтарафтааш марди дигареро орад, то тифлакони маъсумаш азияти падарандарро кашанд. Ин аст, ки баъди фирори шавҳар ба масали маъруфи кӯлобӣ «Миёнро аз 7 ҷо маҳкам баст!». Шабу рӯз кор мекард, то Садбаргу Сурайё, Шамсу Файз азияти ятимӣ накашанд ва чашм ба луқмаи касе набошанд ва дили танг аз дидани либоси ҳамсолон надошта бошанд. Баракс, холаи Давлатбӣ инҳоро чуенон мепӯшонид, ки рашку ҳаваси падардорон меомад.

Вале хидмати холаи Давлатбӣ ин нест. Бузургтарин хизмати Давлатбӣ Қосимова ин аст, ки мисли дигар модарони ифротӣ ва хурофотпараст садди роҳи ҳунари духтарон нашуд. Ба онҳо шонс дод, то худро муаррифӣ кунанд, карйера созанд ва муваффақ шаванд.

Садоқати Давлатбӣ Қосимова бар санъати миллӣ намешуду бовараш бар духтаронаш намебуд, имрӯз мо ситораеро чун Сурайё дар хоби шаб ҳам намедидем…Ба вежа аз шаҳри пуританӣ ва таоруфии Кӯлоб…

 

Кӯлоби Сурайё

Шаҳре, ки Сурайё таваллуд шудааст, воқеан ҳам вежагиҳои пуританӣ ва бастагиҳои консерваторие дорад, ки агар перомунашон садҳо китоб нависӣ, чизе нагуфтаӣ. Вале агар чизе дар бораи онҳо нанависем, шояд симои Сурайё равшан нашавад.

Ин шаҳри 2700 сола қонуну қавоиди нонавиштае дорад, ки онро ҳама пос медоранд. Масалан, иззати меҳмон. Ҷонибеки Асрориён-таърихнигори Тоҷик боре навишта буд, ки дар Кӯлоб аз қадимулайём меҳмон атои Худо буд. Барои меҳмон хонаи алоҳида, ҳезуми алоҳида, гандуми алоҳида ва барои аспаш ҷави алоҳида мегузоштанд. Ва агар гуруснагӣ ҳам ба хонавода таҳдид мекард, асло ба ин захираи ммеҳмони эҳтимолӣ дастдарозӣ намекарданд.

Қисса мекунанд, ки дар Виёни Балҷувон Паҳлавон Вайс ном шикорчие зиндагӣ мекард. Дар солҳои аввали инқилоби болшевикӣ, ки дар ин водӣ гуруснагии чашмнодиде ҳукмрон буду мардум аз сахтии гурсунгаӣ ба ҳар деҳу буна ба гадоӣ мерафт, ин паҳлавон ҳар субҳ болои бом баромада, бо дурбин атрофро наззора мекард ва чун мусофиреро медид, ки лакоту афгор меояд, дастурхон мегустурд ва ба писараш Паҳлавон Раҷаб мефармуд, ки рафта меҳмонро орад. Ин меҳмон чанд рӯзе, ки мехост, дар ин хонадон гиромӣ буд. Ғизои ҳар меҳмон 1 кабк ва 1 фатир будааст. Ин дар ҳоле ки худи фарзандону кеҳлинҳои Вайс менюи дигар доштанд (Воқеан ҳам келин, ки мо фикр дорем, вожаи туркист, дар асл сирф Тоҷикист, вале танҳо корбасташ дигар шудааст. Вожаи асил Кеҳлин аст, ки бар асари ассимилятсия ҳарфи Ҳ афтодааст. Кеҳ яъне хурд, антоними Меҳ аст. Арӯси хонадон, албатта, мавқеи пасттар, яъне хурдтар аз Хусуру Хушдоман-Меҳони хонадон дорад, зимнан Кеҳлинаш мегуфтанд. Зимнан дар лаҳҷаи кӯҳманзари Яғноби Зарафшони Тоҷикон то ин рӯз ба асли хеш, яъне Кеҳлин корбаст мешавад-СМ). 

Хулласи калом, кампири Раҷабгули 96 сола қисса мекард, ки «барои 1 меҳмон 1 кабку 1 фатир медоду барои 4 нафари мо 2 кабку 2 фатир». Яъне ними нон барои фарзанду 1 нони бутун барои меҳмон…

Овозаи кадхудоӣ ва ҷавонмардии Паҳлавон Вайс то дуриҳо рафта буд ва ҳамарӯза гуруснагону бечорагон ба хонааш меомаданд. Шояд суоле пайдо шавад, ки сафи инҳо зиёд намешуд? Ана ин суолро нафаре медиҳад, ки кӯлобӣ нест! Зеро ҳар нафаре, ки қувват мегирифт, ор мекард, ки бештар дар ин хонадон истад ва худаш аз пеши худаш баромада мерафт. Паҳлавон Вайс ҳатман ба кулбори ӯ боз 2 каб ва 2 фатир мегузошт…

Инро ҳиммат ва нанги кӯлобиҳо мегӯянд.

Аз қадим ин шаҳру ин водиро забт накардаанд. Ҳатто Искандари Мақдунӣ бо кӯлобиҳо сулҳ баст ва аз ҷанги рӯбарӯ бо ишон тарсид. Арабҳоро кӯлобиҳо варшикаста карданд ва 1 умр тамғаи «табармусалмон» бар ишон ёр шуд. Воқеан ҳам кӯлобиҳо баъди чандин сол дарк карданд, ки дини Ислом дини барҳақ аст ва бар он гаравиданд. Исломро қабул карданд, аммо арабро на! 

Шаҳру қасабаҳои кӯлобиҳо дар солҳои мулҳики ҳуҷуми Чингиз ба ин мавзеъ хароб шуд. Зеро онҳо нахостанд юғи муғулро баргузинанд. Мурданд, аммо таслим нашуданд. Ба кӯҳҳо ақиб нишастанд, то баъдтар ҳуҷум кардаву сарзаминашонро озод кунанд.

Бо русҳо аз ҳама бештар дар Кӯлоб ҷангиданд. Ҳаракати босмачигарӣ дар ин водӣ то солҳои 40 давом мекард. Беҳуда нест, ки босмачиҳо аз Афғонистон маҳз тавассути Кӯлоб ба давлати шӯроҳо шабехун мезаданд. Зеро аксарияти лашкарашон аз ҳамин мавзеъ буд…

Ҷанги охирини граждании мо бори дигар исбот намуд, ки ин мардум далер ва меҳанпарастанд. Шояд аксарият надонанд, ки ин ҷанг маҳз ба хотири поси номуси як бонуи Кӯлобӣ, ки депутат буд, сар задааст. Нафаре дар майдон гуфт, ки дар Душанбе ба хоҳари мо дастдарозӣ карданд ва пиру барно шӯрид, ҷанг кард, ҳукуматро барқарор сохт ва ғ ва ҳ. Дигар ҳама гуфтаву навиштаҳо шарҳи танҳо ана ҳамин 1 эпизоди номусдории Кӯлобшаҳранду бас.

Ин ҳамаро чаро овардем? Барои исботи далерии Сурайё, ки новобаста аз таоруфи хунии Кӯлоб, ки барояшон рӯи саҳна баромадани зан, ба вежа бонуи маҳаллӣ ор буд, ба ҳама мардон исбот намуд, ки ӯ барои саҳнаи бузурги миллӣ лозим аст ва ба ӯ ин иҷзоатро Кӯлоб дод. Маҳз Кӯлоб иҷозаташ дод, на аҳолии он. Зеро ин Шаҳр организми зиндааст ва барои дарки ин гуфта, бояд дар Кӯлоб ақаллан 10 сол зист…

Яъне Сурайё инқилобе дар мафкураи мардони Кӯлоб кард, ки ба нисбат,  на камтар аз револютсияи Ленин ва тӯфони Сангак буд…

 

Думболаи хоҳар

Сурайё ҳанӯз дар синфи 4 мехонд, ки меҳраш ба саҳнаи бузурги театри касбӣ бедор гардид. Хоҳарбузургаш Садбарг Қосимова он замон раққосаи маъруфи театри мусиқӣ-мазҳакавии  ба номи Сайдалӣ Вализодаи ш. Кӯлоб буд. Ва ҳар субх, ки ӯ атру упо кардаву ба кор мерафту бегоҳ, ки меомад, хонаи модариро накҳати атри хуш фарогир мепечид. Ва ин ҳама зебоӣ, хушбуӣ, барноӣ дар дили Сурайёи кӯчак муҳаббат ба саҳнаро бедор мекард. Борҳо аз Садбарг хоҳиш мекард, ки ӯро низ боре ба театр барад. Вале посухи рад мегирифт, ки ту ҳоло хурдӣ, мумкин нест, хондан лозим, барвақт аст ҳоло ва ғ. ва ҳ.

Вале рӯзе Садбарг аз дар бадар шуда, Сурайёи кӯчакро дид, ки атру упо задаву бо лиобси расмӣ дар даҳони дар рост меистод. Сурайёе, ки ҳамарӯза аз хоҳарбузургаш хоҳишу илтиҷо менамуд, ин бор қотеъона амр дод:

-Маро ба театр мебарӣ!!!

Садбарг аз ин ваҷоҳати ҷиддии кӯдаки хурдсол завқ бурда, хандиду розӣ шуд ва дасти Сурайёро гирифта, сӯи кӯчаи Карл Маркс, ки он ҷо театри маъруфтарини РСС Тоҷикистон, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализода қарор дошт, равона шуд. Андеша мекард, ки мэтрҳои санъати миллӣ Қурбон Зардаков, Одина Ҳошимов, Файзалӣ Ҳасанов, Бобоҷон Ҳасанов, устоди рақс Туйдӣ-апа Бойбиева, Мунаввара Аминова…ин кӯдакро чигуна қабул мекарда бошанд?

Сурайё бошад дар дил завқ мебурд, фахр дошт, ки паҳлӯи апаи шуҳратмандаш дар кӯчаҳои тангу тор қадам мезанад…

Ҳоло ин 2 нафар намедонистанд, ки худои санъат чӣ неъмате ба театри Тоҷик эъто карданист. Онҳо хомӯшона қадам задаву ба салому алайки мардум посух дода, фикр ҳам намекарданд, ки барои ситораҳои театри Кӯлоб худои санъат Офтобе ҳидоят кардааст.

Хоҳарон дастобадаст дари театрро боз карданд, новоқиф аз оне, ки минбаъд ана ҳамин тифли хубчеҳра шӯҳраи офоқ гардидаву дарвозаҳои шӯҳратро ба рӯи ин театр боз мекунад…

Пештоз мегӯем, ки Сурайё барои як умр ба ин театру труппаи ҳунарии он содиқ монда, дар лаҳзаҳои саъбтарини зиндагонӣ, дар солҳои ҷанги гражданӣ, ки мардум бурридаи нон надошт, сарпарасти ҳамаи ишон буд ва ҳамингуна мондааст…

 

Раққосаи моҳир

Имрӯз шояд аксарият надонанд, ки Сурайё дар театри касбӣ ҳамчун раққоса зуҳур кардааст. Зеро тақлид ба хоҳарбузургаш Садбарг Қосимова, ки зери навои дилошӯби Салим Муқимов-сарояндаи хушзавқ, вале кӯтоҳумр мерақсиду мечархид, дар РСС Тоҷикистон шӯре ба бор оварда буд. Зимнан, Сурайё низ мехост, чун апааш Тоҷикистони советиро тасхир кунад. Ин аст, ки дилбастаи рақс гардид. Ва хато накард!

Сафармуҳаммад Айюбдзодаи Маҳзун, шоири шинохта, драматург ва актёр дар бораи Сурайё мегӯяд, «пирӯзии Сурайё дар ин аст, ки аз рақс ба саҳна омад. Агар аҳамият додаед, Сурайё тактҳои махсуси погузорӣ, китфшиканӣ, сарҷумбонӣ ва дастафшонӣ дорад. Ӯ ритмро бо бадан ҳис мекунад ва ғайриихтиёр чунон маҳин бо оҳанг ба ҷанг медарояд, ки дар ин доду ситад даҳҳо ҳазор мухлис…таслими ҳунари ӯ мешаванд».

Воқеан ҳам Сурайё садои хушро обастани ритми бадан кардааст. Дар ҳар суруду таронааш чунон мехиромад, ки ҳаваси кас меояд ва беихтиёр шунаванда бо такти сароянда ҷӯр мешавад ва ба рақс меояд:

Дар рақс даро, ки ман сароям ба ҳавас,

Баҳри ту чу ман намесарояд ҳеҷ кас…

Ин 2 мисраъ, ки порае аз суруди маъруфи Сурайёст, беҳтарин посухгӯи ин даъвост, ки сароянда рақсро на камтар аз тарона мегирад ва овозашро ҳамеша бо ритми бадан обастан месозад, ки ба кам нафаре аз аҳли ҳунар ин пирӯзӣ даст додааст.

Вале Сурайё бо ақли зотӣ дарк мекард, ки раққосагӣ касби давомдор нест. Зеро таври маълум бо гузашти сол раққосаҳо ҳатман саҳнаро тарк мекунанд. Ин нуктаро Қурбон Зардаков низ медонист ва зимнан Сурайёро таҳрик медод, ки аз саҳнаи рақс ба саҳнаи тарона убур кунад.

Худи сароянда он айёмро ёдовар шуда мегӯяд:

«Хушбахттарин кӯдакони даврони советӣ будем, ҳарчанд ин овон бе меҳри падар мегузашт, вале модар намегузошт, ки мо худро хору ятим ҳис кунем. Он замон ман ҳеҷ андеша намекардам, ки ахиран овозхон хоҳам шуд, зеро дар ҷамъи духтаракони ҳамсоя ман аслан рақс мекардам. Мушараффа, Заррагул ва Моҳгул аз дугонаҳои он овон суруд мехонданду ман рақс мекардам. Суруд ҳам гоҳ-гаҳе мехондам. Ёд дорам, ки он замон  таронаи «Зи ҳиҷронат азизи ман ҳамеша чашми тар дорам»-и Карим Раҳим мӯд буд ва мо ҳамакаса ин сурудро мехондему ғаши ҳамсояҳоро меовардем»…

«Вақте ки бо Садбарг ба театр мерафтам, дар вақти фориғ аз кори ходимон ман рӯи саҳна баромада рақс мекардам. Тули як моҳ ин кор идома кард ва як рӯз замони театр ба гастрол рафтан раққоса нарасид ва устод Зардаков маро ба ҳайси раққоса бо труппа гирифт. Мо ба Қӯрғонтеппа сафар кардем ва ман дар он ҷо рақси яккаи «Гулноз»-ро иҷро кардам. Он рақс он қадар ба тамошобинон писанд омад, ки то охири консерт чанд бор маро ба саҳна мехонданду ман низ онро такрор ба такрор иҷро кардам. Ҳамин тариқ, ман раққосаи театр шудам. Дар ин асно дар Боғи пионерони шаҳри Кӯлоб Туйдӣ Бобиева-ҳунарманди халқии РСС Тоҷикистон, кружоки раққосадухтарҳоро кушод ва дар он ҷо низ дарс меомӯхтем.

Ин солҳое буданд, ки устод Зардаков чакани кӯлобиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Мо бо фаҳмиши худ, чаканро моли қадима, нишоне аз феодализм шуморида, пӯшиданашро рад мекардем. Аммо ӯ мегуфт, мерасад рӯзе, ки ба қадри чакан мерасед. Ва ӯ хеле дурбин баромад»… 

 

Аз рақс ба суруд

Пирӯзии Сурайё дар саҳнаи рақс назаррас буд. Зеро кам касеро муваффақ шудааст, ки миёни оҳангҳои дилошӯби Одина Ҳошимов, Қурбон Зардаков ӯро ва он ҳам раққосаро такроран «на бис!» ба саҳна хонанд.

Вале боре Садбарг ба Зардаков «хабар мекашад», ки Сурайё суруд ҳам хонда метавонад. Қурбон Зардак курсиро гузошта, ба Сурайё амр медиҳад, ки суруд хонад. Сурайё табиист, ки шарм медорад, аммо сардори театр дар азми худ пофишорӣ менамоячд ва Сурайёи кӯчак таронаи маъруфи  он давронро мехонад, ки писанди устоди сахтгир, вале санъатшинос мешавад. Худи Сурайё дар ин бдора мегӯяд:

«Ман он ҷо чор мисраъ:

Биё оҳанги тори ман,

Қарори бе қарори ман.

Биё занги диламро шӯ,

Зи оби чашмасори ман…

-ро сароидам ва Зардаков мутмаъинан гуфт, ки аз ин ба пас ту суруд мехонӣ. Аммо барои маро рӯи саҳна ҳамчун овозхон баровардан як суруди мувфиқ ба сиёсати замон лозим буд ва устодон сари суруди «Ленин бародар раҳнамо» қарор гирифтанд. Ман бо исрор мегуфтам, ки ин суруди мардакиро намехонам. Ҳарчанд зориву тавалло кардам, аммо Зардаков пофишорӣ кард, ки ту маҳз ҳамин сурудро мехонӣ!!! Ва ман онро хондам. Баъд аз он, ки ин суруд тавассути телевизион садо дод, ба қавле қиёмат барпо шуд. Ман ҳеҷ бовар намекардам, ки ин суруд марои шӯҳри офоқ мекунад. Азбаски он вақтҳо талафузи ҳарфи «р» бароям душвор буд, ман «Ленин балодал лаҳнамо» мехондам ва дигар мардум маро дар кӯчаҳо дида, номамро, ки намедонистанд, «Лелин балодал лаҳнамо» гуфта фарёдам мекарданд»…

Воқеан ҳам дар даврони пуршӯру шар Ленини аъзамро балодал ва лаҳнамо хондан ва он ҳам аз тариқи ТВ ба марг баробар буд! Аммо Қурбон Зардаков риск кард ва пирӯз гардид. Ва ин ки имрӯз гӯши миллионҳо нафарро Сурайё ва ду гулдухтари нобиғааш Фарзонаву Шабнам навозиш медиҳанд, хидмати худораҳматии Қурбон Зардаков шахсияти пуртазодд, раҳбари сахтгир, марди сахтгап, вале нафари воқеан ҳам санъатшинос ва сарсупурдаи ҳунар буду ҳаст…

 

Мактаби №6

Воқеан ҳам кӯчае, ки Сурайё ба воя расидааст, аз кӯчаҳои криминалтарини водии Кӯлоб ва шояд тамомии Тоҷикистони шӯравӣ буд. Вале ин оғози кор аст. Мактабе, ки Сурайё хондааст, низ дар миёни мактабҳои маҳаллӣ бо авбошиву айёриву айёшии хонандагон номовар буда, бештар баҳои манфӣ дошт, ки мусбӣ дошта бошад. Ба гунаи мисол, студентони бадхони Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро муаллимон маҳз ба мактаби №6, ки номи устод Рӯдакиро дошт ба таҷрубаомӯзӣ мефиристониданд. Ин таҷрубаомӯзӣ бадтарин ҷазои донишҷӯёни саркашу бадхон буд. Соли дигар онҳо кӯшиш мекарданд, рафтору одоб ва хонданаш басифаттар шавад, то дигар ба ин мактаб нараванд…

Вале бо ин ҳама маҳз аз ҳамин мактаб кадрҳои бақувват ва чеҳраҳои саршиноси санъату сиёсат зуҳур кардаанд, ки Сурайё Қосимова дар сархатти онҳо меистад.

Соли 1964 ба ин мактаб ба хондан омад. То соли 1969, то синфи 5 дар тарбияти устоди меҳрабон муаллим Гадоев буд, ки ӯро алфозбадаҳон намуд ва нахустин ҳарфҳоро ёдаш дод. Вале аз соли 1970 зиндагонияш тағйири ҷидд кард. Ӯро, ба таври истисноӣ, ба кори театр гирифтанд ва гастролҳои паиҳамӣ дигар имкон намедод, ки дуруст дарс хонад. Театри ба номи Сайидалӣ Вализодаи Кӯлоб аз маъруфтарин ва маҳбубтарин театрҳои РСС Тоҷикистон буд ва дар сартосари кишвар гастроҳояш аншлаг ба бор меовард. Як худи Одина Ҳошимво чӣ меистад! Консертҳои устод Одина ва баъдан  Давлатманди Хол, Сурайёи Қосимова дар биноҳо намегунҷиданд. Барои онҳо фасоҳату масоҳати бузург лозим мешуд. Ин аст, ки консертҳои театри Кӯлобро дар варзишгоҳҳо барпо мекарданд. Мардум дар стадион ҳам намегунҷид. Театри Кӯлоб он замон садҳо ҳазор рубли советӣ ба буҷҷаи Вазорати фарҳанг мерехт. Шӯҳрати театр бе интиҳо буд. Гӯиё дар ин ҷо на одамони хокӣ, ки фаршитаҳои малакутӣ ҳунарнамоӣ мекарданд.

Ин аст, ки Сурайёи хурдсол маҷбур шуд аз мактаб худро канор кашад. Ин ҳол то синфи 7, яъне соли 1971 давом кард. Аммо чувн дар он айём нахондан ҷиноят буд, бо ибтикори Қурбон Зардаков Сурайё аз синфи 7 хонданро дар мактаби шабонаи ҳамин мактаб доавм дод. Он чӣ, ки рӯз намеёфт, дар шаб меҷуст…

Воқеан ҳам пештоз мегӯем, ки Сурайё Қосимова ягона ҳунарманди халқии РСС Тоҷикистон ва сипас ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки илми олӣ надорад. Вале ин дар теория. Дар практика бошад, ӯ мактабҳои Одинаи Ҳошим ва Қурбони Зардакро амалан хатм кардааст. Ва имрӯз мактаби бузурги худро дорад. Сабк, равиш, ритм, оҳанг ва садои Сурайё мактабест, ки ин шабу рӯзҳо низ аксарияти бонувони санъат воқифу ноогоҳ, ҳадафманду стихиявӣ аз он машқи маҳорат мегиранд. Зеро мунодии ин мактаб ду шогирдест, ки овозаи ҳунари Тоҷикро то Амрикову Аврупо кашидаанд. Беҳтарин шогирдони мактаби Сурайё Шабнаму Фарзонаанд, ки дар Анлияву, Германия, Фаронсаву Амрико, Эрону Афғонистон, Аморати арабу Русияву Ӯзбакистон барои онҳо мухлисон ҷон медиҳанд…

 

Издивоҷи аввал ва таваллуди Шабнам

Сурайё бо он ҳусну камолийяти ҳунар ва хирому назокат, ки рашки гулистон будӣ, табиист, ки харидори барзиёд низ дошт. Ӯ ҳанӯз, ба масале, даҳонаш бӯи шир мекард, ки хушдоронаш аз тамомии Тоҷикистон барои касби муҳаббат ва рабудани дилаш талошро сар карданд. Фавҷи ошиқон, сели муштоқон ва баҳри мухлисин Сурайёро маҷбур карданд, ки ... ба хатои нахустини муҳаббат даст занад. Солҳо ба баъд, ки дар ин бора аз ӯ пурсидем, бо оҳу афсӯс гуфт:

-Оре, ин хатои мани ҷавон буд, ки онро хеле баъдтар дарк кардам. Ман барои раҳоӣ аз гапу калочаи мардум ва саф-саф мухлисин ба шавҳар саросема баромадам. Ман баъдтар дарк кардам, ки муҳббат чисту ошиқ кист ва ғами ҳиҷрону сӯхтану пухтанҳои Ишқ чӣ маънӣ доранд…

Соли 1975, ки Сурайё ҳамагӣ 17 сол дошт, бо яке аз чеҳраҳои тобони театри пуровозаи ш. Кӯлоб, Назирмад…ақди никоҳ мебандад. Чандин соли ин издивоҷ зерипардаи сиррӣ ниҳонанд. Зеро Сурайё намехоҳад перомуни он солҳо ҳарф занад. Вале дугонаҳо, назидкону пайвандони сароянда аз он солҳо ба некӣ ёд намеоранд. Бо ишора мегӯянд, ки Назирмад Сурайёро азобҳое, ки намедод. Ин рашк буд ё чизи дигар номаълум аст. Чунки Сурайё на ба некӣ ва на бадӣ он солҳои ҳаёти ҳамҷояашонро ёдоварӣ намекунад. Вале ин нукта далели бебаҳс аст, ки то ҳанӯз ӯ аз шавҳари қаблӣ ва оилаи дигари ӯ ва ҳатто кӯдаконаш арҷ мегузорад. Писари Назирмадро фарзанди худ мехонад, модару падар, хешу таборашро модару падари хеш ва ақрабои худ медонад ва ба ҳама самимияти вежае дорад, ки танҳо хоси Сурайёст.

Аммо издивоҷ бо Назирмад ба Сурайё беҳтарин гулдухтарон-Рӯзигул ва Шабнамро ҳадя кардааст, ки ҳар ду чун себи дукафон монанданд. Танҳо бо ин тафриқа, ки Рӯзигул роҳи маърифати ухравӣ пеша кардаасту Шабнам маърифати дунявиро. Шабнам моҳи тобони саҳнаи тамомии ҳунармандони Тоҷикон-форсигӯён-даризабонҳои олам асту консертҳояш дар Амрикову Аморат, Аврупову Осиё аншлаг ба бор меоранд. Аммо ин тамоман мавзуъи дигар аст…

Худи Сурайё дар бораи издивоҷи нахустинаш мегӯяд:

«Аз соли 1970 барои ҳамешагӣ ба кори таетр омадам. Устод Зардаков репертуари маро аз сурудҳои русӣ, узбекӣ, озарӣ, қароқолпоқӣ ва дигар халқҳои СССР бой мекард.  Дар ҳамин ҷо бо Назирмад- шавҳарам шинос шудам. Азбаски хукшдорҳои зиёд думболам мегаштанд мақсад гузоштам, ки зуд ба шавҳар бароям ва соли 1975 бо Назирмад, ки овозхони ансамбли театр буд, издивоч кардем. Он вақтҳо барои оилаҳои ҷавон ғамхориҳо зиёд буд ва моро дар маҳаллаи даҳуми шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ доданд. Зиндагии хуб доштем. Фақат ман баъди як ду сол фаҳмидам, ки дар издивоҷ саросемагӣ кардам. Имкон буд хубу бади дунёро фаҳмида баъд ба зиндагии мустақилона мегузаштам, аммо алакай дер шуда буд. Ин овон алкай Рӯзигул ва Шабнам таваллуд шуда буданд. Бо Назирмад таи даҳ сол зиндагӣ кардем, ҳарчанд хушбахт будам, аммо ба ин зиндагӣ ризоияти комил надоштам ва гоҳ гаҳ сардиҳои тӯлонӣ ва кӯтоҳ миёни мо сар мезад».

 

Ишқи офтобӣ…

Сабру таҳаммул, тоқат, аҷз ва маҳрумиятҳо аз муҳаббат наметавонист, бе подош бошад. Ва ахиран ҷазои ин ҳама мушкилро Худо бар Сурайё дод: Ӯ ошиқ шуд!!!

Услуан ишқи Сурайё, ки он замон аз хурд то бузург ва аз сағир то кабир, аз сатҳи додгоҳи мардумии «занакҳои лаби об» то долонҳони Политбюрои вақт ҳама, ҳама, ҳама онро маҳкум мекарданду Сурайёро дашному дуову сақат мегуфтанд, заминӣ набуд: он Ишқ осмонӣ, офтобӣ, хуршедӣ буд…

Сурайё то ҳанӯз соати саъди дидори маҳбубашро ёд меорад ва ҳатто худаш бовар намекунад, ки чунин бе сару бе по ба оташи Ишқ худашро партофта бошад.

«Тӯй буд. Тӯйи яке аз калоншавандаҳои партияи коммунистӣ дар вилояти Кӯлоб ва ман сароянда будам. Домод…Хуршеди ман буд…».

«Хуршеди ман» Хуршедест, ки тӯли ҳама солҳо, сар аз ҳамон рӯзи тӯйи Хуршед бодигар нафар, Сурайё то охири умр ин сурудро мехонду хоҳад хонд ва ба назар мерасад, ки ин тарона, ки баъди сари Хуршед дар садост, пас аз Сурайёву мову манҳо низ дар тараннум хоҳад буд ва ифшогари Ишқи юсуфӣ ё худ Ишқи Зулайхои асри ХХ мемонад ва ба мардум солҳои сол васфи ин ишқи офтобӣ, ишқи хуршедӣ, ишқи сурайёӣ, ишқи кайҳонӣ мекунад…

Хулласи калом, дар ин рӯзи тӯяш Хуршед ба ҳофизи тӯй, сураёи Қосимоваи аз худаш 7 сол (!!!) бузургтар ошиқи шайдо мешавад. Тири Ишқ дар ин рӯз на танҳо қалби Хуршедро шикофт, ки ба дили Сурайё низ асар кардаву онро хунчакон намуда буд.

Он замон овозаҳо буданд, ки Хуршед бо дидану шунавидани Сурайё аз тахти шоҳӣ ҷаҳида хеставу бо Сурайё ба Душанбе фирор кардааст. Вале ба гуфтаи Сурайё ҳақиқати ҳол дигар буд…

Ӯ ба ёд меорад:

-Чанде ба баъд як духтарчае аз Донишкадаи Кӯлоб дар ҷустуҷӯи хонаи иҷоравӣ ба манзили зисти мо омад. Чун дидам, ки духтарчаи мусофир ва раҳдур асту тани танҳо дар шаҳр мондааст, иҷозаташ додам, ки бо мо зиндагонӣ кунад. Чанд моҳе ба баъд гуфт, мехоҳад ҳамкурсонашро ба рӯзи таваллудаш гирд овардаву зиёфат диҳад ва иҷозат пурсид, ки ба хонаи мо биорадашон. Худам, ки ҷавон будаму ҷавононро дӯст медоштам, розӣ шудам. Ва дар байни ҳамкурсони он духтар боз Хуршедамро дида, дилам таҳ кашид. Фаҳмидам, ки ин Ишқ ҳукми Худост вагарна тасодуфан дубора ӯро намедидам…

Хулласи калом, Ишқи осмонии Сурайёву Хуршед сар зад, мисли вулқон, амсоли оташи бузург, ба монанди сели бе маҷро, ки ҳама чизу касро мешусту дур меафганд.

Дар ин миён Сурайё ҷавонмардӣ кардаву худаш ба шавҳараш розашро кушод ва бо он темпераменти зотие, ки дорад, аз Назирмад талаб кард, ки ҷудо шаванд, То ба коми дилаш бирасад ва хушдори аслиашро бигирад. Табиист, ки Назирмад ризоият надод. Зеро ӯ низ Сурайёро дӯст медошт.

Сурайё дар ин маврид мегӯяд:

«Оҳиста-оҳиста мухаббати Хуршед ба дили ман ҷой гирифт. Ин замон муносиботи мо бо Назирмад хело сард гашта буд. Хуршед низ ба завҷаи худ муҳаббат надошт. Ман хостам бо Назирмад атрофи ҷудо шудан суҳбат кунам, аммо ӯ розӣ нашуд. Ман зориву тавалло кардам, ки оқибати ин кор барои ҳардуямон хуш нахоҳад буд, биё ба хубӣ ҷудо шавем, якравӣ кард. Оқибат ману Хуршед аз Кӯлоб гурехтем, ба Душанбе омадем ва муддати як моҳ дар ин ҷо мондем. Дар Кӯлоб овозаву дарвозаи зиёд шуд, аммо мо аз райъамон нагаштем. Ҳарчанд Хуршед писари одами калони шаҳр буд, аммо обрӯву иззати ҳамаро як сӯ гузошту муҳаббати маро як сӯ. Ман низ ба ин муҳаббат носипосӣ накардам, ӯро дӯст доштам. Ин кор соли 1986 буд. Ба ростӣ ман дӯстдориро аз ӯ омӯхтам» 

Ҷониби Хуршед бошад ин муамморо шунида шӯре то қиёмат барангехтанд! Тасаввур мекунед, ки писари яке аз роҳбарони ҳизби коммунист аз занаш ҷудо шудаву зани аз худаш 7 сол калонтарро гирад? Ин кор ҳатман бо выговори партиявӣ анҷом мепазируфт, барои падари Хуршед!

Афкори ҷамъиятӣ ку, тамоман ин ҳар дуро мехост чормех задаву ба дор кашад! Зеро дар Кӯлоби консеравторӣ ва таоруфӣ (пуританӣ) дар тасаввури як нафар чунин ишқи юсуфӣ намегунҷид! Ҳама чашминтизор буд, ки Хуршед дами ҷавонӣ гузаронидаву Сурайёро мепартояд ва шаҳр ба ҳоли ҳар ду хоҳад хандид. Он замон маҳфиле набуд, ки дар ин бора қисса намекард. Пештоз мегӯям, ки то соати марги Хуршед аксарият бовар доштанд, ки ин Ишқ ҳатман бо талоқ поин меёбад. Аммо ин мардум, ки назари сатҳӣ ва тафаккури заминӣ ба Ишқ доштанд, аз куҷо медонистанд, ки муҳаббати Сурайёву Хуршед аз осмонҳо фуруд омадаву ҷовидонист…

 

Фирор ва суд!!!

Хулласи калом, ба 2 дилдода 1 роҳ монда буд: ФИРОР! 

Ва шабе ҳар ду кулворе ҷамъо овардаву сӯи Душанбе фирорӣ шуданд, то Ишқи осмонии худро аз дасти тааррузи мо-заминиён ҳифз кунанд…

Баъди фирори ошиқон чӣ шуре бархост! Сарояндаи шинохташудатарин дар кишвар, ҷавоне, ки аз ӯ миллионҳо нафар умед доштанд, оилаашро партофта бо дӯстдораш фирор кардааст.

Табиист, ки ин рафтори ҳунарманд ба дегу табақи идеологияи советӣ намегунҷид. Дар давлати Советӣ қавонин дигар буд ва барои аъмоли ношоиста усулҳои мухталифи ҷазо мавҷуд буд ва Сурайё ҳамчун овозхони теарт бе ҷазо намонд. Дар ҷои кор, баъди муҳокимаи тӯлонӣ ӯро «выговор» доанду 6 моҳ овозашро суд карданд…

Мисле, ки имрӯз духтаронашро дар ТВ нишон намедиҳанд, Сурайё низ барои ним сол аз экрани телевизори Тоҷикистони советӣ ғайб зад…

Ин ҷо метавон аз хотироти журналист ва адиби шинохташуда Нозир Ёдгориро овард, ки перомуни ҳамин мавзуъ ва Ишқи «пургунаҳ»-и Сурайёву Хуршед рабт дорад…

 

ЧӢ ТАВР СУРАЙЁ ҚОСИМОВА «КӮМАК»  НАМУД, КИ МАН КОММУНИСТ НАШАВАМ…

Солашро аниқ ба ёд надорам: ё соли 1985 буд ё 1986. Сурайё Қосимова, ҳунрпешаи хеле маъруф ва маҳбуб аз шавҳараш ҷудо шуда, ба Хуршед Рабиев издивоҷ намуд. Ин ба «Ахлоқи бинокорони коммунизм» тамоман «мувофиқ» намеомад. Партияи комунистӣ ба ҳиссиёт, ба ишқу муҳаббат, ба табиати одамони эҷодкор ягон зарра аҳамият намедод. Дар дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ каму беш ин гуна «гуноҳ»-ҳо бахшида мешуданд, вале дар Тоҷикистон не, тамоман не! Ба ғайр аз ин, ҳасудони Сурайё чӣ дар «поён» ва чӣ дар «боло» зиёд буданд…

Ҳарчӣ буду набуд, ман, ки дар газетаи «Тоҷикистони советӣ»-органи КМ Ҳизби коммунист ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон- ба ҳайси мухбири махсус дар вилояти Кӯлоб кор мекардам, супориш гирифтам, ки дар бораи ин «рафтори ба ахлоқи бинокорони коммунизм» тамоман мухолифи Сурайё Қосимова фелетон нависам. Ба ин муносибат дар театри Кӯлоб, ки Сурайё Қосимова он ҷо кор мекард, ҷаласаи муҳокимаи ин хунарвари мумтозро низ доир намуданд.

Ҷамоат ҷамъ, чеҳраҳо, махсусан чеҳраи онҳое, ки дар раёсати ҷаласа менишастанд, хеле ҷиддӣ ва хеле расмӣ. Дар назар мерасид, ки ҳоло ҳаёту мамоти  Сурайё Қосимова ҳал мешавад. 

Ҷаласа сар шуд. Раисикунанда, кӣ буд, ба хотирам нест, ҳамин қадарашро медонам, ки аз Горком буд, ҷаласаро ифтитоҳ намуд, мақсади ҷаласаи имрӯзаро иброз дошт ва Сурайё Қосимоваро ба саҳна хонд. Мебоист ӯ дар бораи ин «рафтор»-и худ ҳисобот медод, сипас тавассути одамони пешакӣ тайёркарда, ба муҳокима мегузаштанд.

Ин вақт коре шуд, ки ҳеҷ кас чашмдори он набуд… Сурайё Қосимова аз ҷо хест, гурс-гурс қадам зада, на ҷониби саҳна, балки ҷониби дари баромад рафт ва пеш аз берун шудан ҷониби раёсати ҷаласа, як нигоҳи теғдоре афканда, гуфт:

-Шумо ишқро аз куҷо мефаҳмед!?.

Ҳама карахту хомуш монданд ва…ҷаласа бо ҳамин хотима ёфт.

Ман ҳам дар бораи Сурайё чизе нанавиштам. Ба сармуҳаррир шодравон Мазҳабшо Муҳаббатшоев асли воқеаро фаҳмондам ва гуфтам, ки наметавонам ишқро маҳкум намоям; бегумон Сурайё Қосимова самимона ошиқ шудаст.

Мазҳабшо Муҳаббатшоев маро фаҳмид. Вале дар болои боло нафаҳмиданд. Супориш шудааст, ки коммунист шудани ман, ки онро вазифаи ишғолнамудаам тақозо менамуд, мавқуф гузошта шавад. Ҳамин тариқ, бо «кӯмак»-и Сурайё Қосимова маро аз рӯйхати онҳое, ки бояд бидуни навбат коммунист мешуданд, хат заданд ва то охири фаъолиятам дар ин рӯзнома «иҷрокунандаи вазифаи мухбири махсус» мондам. 

 

Нозир Ёдгорӣ.

       Тел-93 560 07 30

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter