ХАБАРИ ДОҒ

Биёед заҳматро қадр кунем!

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

 

Оё ин барилефҳоро ёд доред? Тақрибан 4-5 моҳ пештар мавзӯи ин барилефҳо сару садоҳои зиёдеро дар фазои маҷозӣ ва рӯзномаҳои даврӣ ба бор овард.

Ин барилефҳо ё деворнигораҳо дар девори ошёнаи якуми биное кӯҳна дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ буд, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр он бино бардошта шуд.

Маҳз бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ҷиҳати демонтаж ва ҳифзи ин барилефҳо (ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангӣ) ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҶДММ "Шоҳ Палас" мактуб ирсол карда шуд. Бо дастури бевоситаи раиси бофарҳанги шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулон барои демонтаж ва ҳифзи ин барилефҳо супориш гирифтанд. Аз ҷониби Вазорати фарҳанг 1 гурӯҳи босалоҳият, бо роҳбарии масъули ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорат Мирзошариф Абдусаломов таъсис дода шуд. Ҳангоми демонтажи барилефҳо, ки кори осоне нест, каме аз қисматҳои он шикастанд ва онро иддае аз журналистон гирифта, дар фазои маҷозӣ хабару овозаҳои ғайримеъёрии журналистӣ анҷом доданд. Бояд ишора кард, ки ҳар кор, махсусан соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ тарзу усул ва махсусиятҳои худро дорад. «Рӯзноманигорони мӯҳтарам»-и мо то охири кор сабр накарданд, ки бинанд чӣ мешавад ва маводи танқидиро нашр карданд. Бошад, мо аз матолиби танқидии эшон гиламанд нестем. Танқид масдари рушд аст! Вале гиламандӣ дар он аст, ки чаро мо камбудиҳоро мегӯему созандагиҳоро не?

 Ҳама он 4 барилефе, ки аз бинои машҳур бо номи Малика Собирова демонтаж шуданд, бо заҳмат ва талоши мутахассисони соҳавии Вазорати фарҳанг, махсусан устодон ва кормандони Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов барқарор гардиданд. Он ҳам дар девори бинои худи Коллеҷ, ки ҳам муассисаи фарҳангист ва ҳам дар назди шоҳроҳ, ки садҳо нафар аз он дидан мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки барилефҳои мазкур дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд ва дар он санъати тоҷик инъикос ёфтааст. Албатта, он аз замони Шӯравӣ то ҳоло каме сифаташ пасттар шуда буд, аммо имрӯз наққошон ва аҳли санъату меъмории соҳаи фарҳанг онҳоро бо сифати баланд ва аз пештара дида беҳтар барқарор карданд.

 Ёдовар мешавем, ки дар демонтаж ва барқарорсозии барилефҳои мазкур саҳми шахсони зерин хеле назаррас мебошанд: устод Бобоев Маҳмуд-ҳайкалтарош, наққош, меъмор, устоди Коллеҷи рассомӣ, акаи Муҳаммад Наққош-рассом, кандакор, устоди Коллеҷи рассомӣ, Ҷурахонов Сироҷиддин-Директори Коллеҷи рассомӣ, Сайриддин Ҳакимов-корманди Коллеҷи рассомӣ, Савриддин Саидов-бостоншиноси ҷавон, корманди соҳаи фарҳанг (ихтиёрӣ), Қодирзода Сулаймон-ихтиёрӣ. Кормандони ДДСДТ низ дар демонтаж саҳмгузор ҳастанд: Одинаев Бахтиёр-устоди Донишкадаи дизайн, Хушдил Худоёрбеков-ҳайкалтарош, устоди Донишкадаи дизайн.

Биёед заҳматҳоро низ қадр кунем, муҳтарам журналистон!

Мирзошариф Абдусаломов,

ваколатдори ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter