ХАБАРИ ДОҒ

Конибодом: радио аслиҳаи бузурги бозор

  • Чоршанбе, Июн 29 2022

 

Зиндагии ҳамарӯзаро бе бозор тасаввур кардан амрест маҳол. Дар шаҳри Конибодом дар кӯчаи Б. Мансуров бозорҳои марказии “Раъно” ва “Ваҳдат” паҳлӯ ба паҳлӯ ҷойгиранду баҳри мардум хуб хизматрасонӣ мекунанд. Вале набудани радиои бозор ин 1 камбудии ҷиддӣ аст.

 

Ақалан ҳафтае 1 маротиба рӯзи якшанбе (рӯзи серодамтарин) агар радио фаъолият медошт, мардум тавассути он аз нархномаҳои аввалин дараҷаи озуқаворӣ, навигариҳои рӯз, аз эълонҳои таъҷилӣ ва ғайраҳо саривақт бохабар мешуданд.

 

Вале афсӯс он радиоҳо куҷо шуд? Охир солҳои пеш он хуб амал мекард-ку! Ба хотир оред: Левитани Конибодом - шодравон Ҳомидҷон Неъматов  аҷоиб барномаҳо ташкил мекард. Пас чаро мо хомӯшему ин корро намекунем?

 

Неъмат Очилов 

ш.Конибодом

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter