ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили деррасии матбуот ба Хоруғ

  • Панҷшанбе, Май 12 2016

Ҷонибеки Қозибек-раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ, зимни ширкат дар Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши ВАО дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ”, ки субҳи имрӯз дар Чойхонаи Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ оғоз шуд, гуфт: «Рӯзномаҳое, ки мардум дар Бадахшон ба онҳо обуна мешаванд, бо дермонӣ ба даст мерасад. Ҳафтаномаи вилоятӣ бо номи «Бадахшон», ки дар ш.Душанбе чоп мешавад, бо душворӣ ба мардуми вилоят мерасад. Ин камбудӣ ва мушкилоти соҳаи матбуоти ВМКБ буда, саривақт ба ҳалли он бикӯшем. Рузномаҳои расмии кишвар мисли «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Бадахшон» сари вақт ба дасти муштарӣ намерасанд. Онҳо тавассути нақлиётҳои шахсӣ баъди 1-2 ҳафта ба шаҳри Хоруғ ва баъдан ба дигар ноҳияҳо фиристонда мешаванд. Рузномаҳои ғайридавлатии «Фараж», «Дунё», «Озодагон», «Миллат», «Азия плюс», «СССР» дар ҳаҷми теъдоди кам ва ҳам баъди як рӯзи нашр дар бозори Хоруғ ва дӯконҳо фурӯхта мешаванд…».

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter