ХАБАРИ ДОҒ

Турсунзода муҳим ё Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ?

  • Чоршанбе, Янв 04 2023

 

Дар пули 1 сомонаи пештара акси устод М. Турсунзода ҳаккокӣ шуда буд. Ростӣ, ба аксарияти мардуми фарҳангпарвари мо ин кор хуш наомад. Зеро, ки акси устод лоиқи зинаҳои баландтарест. Ман дар ин бора қаблан якчанд маротиба навишта будам. Хизматҳои шоёни устод М. Турсунзода бебаҳо буда, арзиши кӯҳи тиллоиро доранд. Ман аз он фахр мекунам, ки шоири тавонои мо дар тамоми гӯшаю канори даҳр фақат бо забони биҳиштии тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Ин боиси ифтихори тоҷикон буду ҳаст.

Солҳои охир симои М.Турсунзода дар рӯи тангаҳои 1 сомонӣ акси худро ёфтааст. Мисоли оддӣ, тангаҳои барориши солҳои 2012 ва 2022-ро аз назар гузаронед. Аммо дар болои пули 10 сомонӣ акси олими фиқҳ Мир Сайид Али Ҳамадонӣ ҷой дода шудааст, ки барои халқи тоҷик чӣ карда бошад? Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ олими машҳури ислом аст ва Темури ланг ин шахсиятро дар зери ҳимояи худ гирифта буд.

Пешниҳод мекардам, ки нисбат ба акси устод Мирзо Турсунзода ё ҷиддӣ муносибат кунанд ё аксаш умуман аз рӯи пули миллӣ бардошта шавад.

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter