ХАБАРИ ДОҒ

Роҳ ва варзишгоҳи моро гирифтанд!

  • Душанбе, Апр 10 2017


Салом, СССРи гиромӣ! Мо 1 гурӯҳ сокинони деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Сино ба шумо маълум менамоем, ки аз назди деҳаи мо, аз поёнтари бозори Фаровон роҳи оҳан мавҷуд аст. Ашхоси номаълум омада, роҳҳоро пурра маҳкам намуда, бо деворҳо мавзеъро забт кардаанд. Дар ин ҷо роҳи мошингузар ва варзишгоҳи худсохти ҷавонони русто вуҷуд дошт, ки ҳамаро печонида гирифтанд. Аз ин лиҳоз, аз раиси ноҳия ва раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки роҳ ва варзишгоҳи футболи мо-ҷавонони Арбобхотунро баргардонанд. Аминем, ки ба ин мушкили варзишии мо мусоидат мекунанд.


Бо эҳтиром,
ҷавонони деҳаи Арбобхотуни н.Сино (ҷамъ 31 нафар)
тел: 919 16 59 45, 918 18 33 33

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter