ХАБАРИ ДОҒ

Техпаспорт 700, мошин 1000 сомонӣ!

  • Ҷумъа, Апр 14 2017


Салом, кормандони гиромӣ ва мардумии СССР! Ман мухлиси ашаддии газетаи СССРам! Ман 1 масъаларо оид ба муоинаи техникӣ (техосмотр) аз шумо пурсиданиам. Имрӯз дар бозор мошинҳои кӯҳнаю миёнаҳол аз 1000 то 5-7 ҳазор сомонӣ нарх доранд. Вақте ки мошини шумо аз техосмотр мегузаронед, қариб 700 сомонӣ дар касса месупоред. Акнун, худ қазоват кунед: Мошин 1000 сомонӣ, техосмотр 700 сомонӣ. Инсоф куҷост? Наход техосмотр қариб ба нархи мошин баробар бошад-аааа! Оё ин рақамро Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ё дигар идораи дахлдори давлатӣ кам карда метавонад? Тибқи мушоҳидаи ман, бино бар сабаби қимат будани нархи техосмотр аксарияти мошинҳои кирокаш (таксӣ) аз муоинаи техникӣ намегузаранд. Охир, бо нархи 1 техосмотр 1 фаррош 3 моҳ меҳнат мекунад, ва ё ин баробар бо маоши 1 муаллими ҷавон аст. Хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала ҳам диққат кунед, ҳам мадад. Охир, шумо метавонед-ку!!!


Неъмат Файзиев,
деҳаи «Қалъаи Дӯстӣ»-и н.Деваштич

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter