ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Апр 20 2021

Бархе аз омӯзгорони шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи гузашта ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд, мегӯянд, баъди дарёфти он, як муддат ҳарорати баданашон баланд шуд.

Вазорат: Шикоятҳо ҷиддӣ нестанд

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти даҳҳо ҳолати номатлуб, ки дар пай дарёфти ваксинаи "AstraZeneca" ошкор шудааст, хабар доданд. Дар ин ниҳод таъкид намуданд, ҳолатҳоеро, ки ба қайд гирифтаанд, ҷиддӣ нест.

 

Замира Юсупова, омӯзгори мактаби рақами 21-и Душанбе ҳафтае пеш бо гурӯҳе аз ҳамкоронаш ваксина гирифтааст.

"Хоҳем нахоҳем инро бояд гирем, зеро барои саломатиямон лозим аст. Баъди ваксина задан одам каме сустар мешавад, лекин пас аз ду-се рӯз худамонро хуб ҳис кардем",--гуфт, Замира Юсупова.

Меҳрубон Саидова, омӯзгори дигар, ки дарёфти ваксинаро таҷриба кардааст, афзуд, "бо ваксина задан каме ҳарорати бадан баланд мешавад, вале ин ягон ҷои тарс надорад".

Маъракаи эмкунӣ бар зидди COVID-19 се ҳафта пеш дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Тибқи иттилои расмӣ, аз 15 ҳазору 690 нафар омӯзгор дар Душанбе, беш аз 60 дарсадашон ваксина гирифтаанд. Ба қавли масъулин, ҳамарӯза беш аз ду ҳазор нафар ба ваксиназанӣ фаро гирифта мешаванд, ки инҳо асосан кормандони бахши тандурустӣ, маориф ва фурудгоҳу меҳмонхонаҳои пойтахт ҳастанд.

Беш аз 5 миллион нафар ваксина мегиранд

Асомиддин Бобозода, намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, то ҳол дар мавриди паёмадҳои дарёфти ваксина шикояте дастрас накардаанд.

Файзалӣ Саидзода, директори Маркази "Иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз 28 ҳазору 300 нафаре, ки то ҳол эм карда шуданд, 107 ҳолати номатлубро ба қайд гирифтаанд.

“Инҳо ҳамон ҳолатҳое ҳастанд, ки бевосита баъд аз гузаронидани ҳамин ваксинатсия сабт шудааст. Ҳолатҳои ҷиддӣ набуда, ба муддати як ду се рӯз ба монанди ҳароратбаландӣ, дарди сар, дарди буғумҳо, дарди мушакҳо, мумкин қайдкунӣ дида мешавад, ки ҳатман мегузаранд",--афзуд, Файзалӣ Саидзода.

Тоҷикистон дар доираи маъракаи ваксиназанӣ бар зиди коронавируси нав дар се марҳила беш аз 5 миллиону 800 ҳазор нафарро ваксина хоҳад зад. Кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи "AstraZeneca"- ро ройгон дастрас кардааст ва қарор аст дар навбати баъдӣ 624 ҳазор воя аз ин навъи ваксинаро ворид кунад. Тибқи нақшаи пешбинишудаи маъракаи ваксиназанӣ, сокинони аз 18 сола болои Тоҷикистон бояд эм карда шаванд.

Назари сокинон чист?

Ҳарчанд дар Вазорати тандурустии кишвар гуфтанд, маъракаи ваксиназанӣ ба хубӣ пеш меравад, вале баъзе сокинон дар ин бора назари дигар доранд.

Усмон Саидов, сокини шаҳри Душанбе аз зумраи онҳоест, ки мепурсад, чаро онҳоро барои гирифтани ваксина касе чизе намегӯяд.

“Аз 55-сола болоро гуфтанд, даъват мекунанд ва эм мекунанд. Лекин моро то ҳол касе даъват накардааст. Ман дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекунам. Агар даъват кунанд, рафта ваксина мегирам",--гуфт ӯ.

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, фарогирии сокинон ба дарёфти ваксинаро васеъ намоянд.

Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе нишон дод, ки назари мардум дар бораи дарёфти ваксина мухталиф аст.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, “ман ваксина заднӣ нестам. Чунки саломатиам хуб аст, эҳтиёҷ надорам”.

Мусоҳиби дигари мо таъкид намуд, ки "ҳама ҳозир ваксинатсия карда истодааст, агар барои мо мумкин бошад, ман ҳам мегирам.”

Роҳгузари дигаре мегӯяд, " беморӣ, ки нест, ваксина ҳам даркор нест. Бигзор дар куҷое вазнинтар асту бисёртар мурда истодаанд, ҳамон ҷо зананд".

Музокира барои ваксини русӣ ва чинӣ

Ба қавли Файзалӣ Саидзода, масъули Вазорати тандурустӣ бо ворид намудни ваксинаи чинӣ ва русӣ доираи эмкунӣ миёни аҳолӣ васеъ хоҳад шуд.

"Ҳоло музокира бо Чину Русия идома дорад ва боварӣ дорам дар наздиктарин фурсат аз ин кишварҳо ваксина ворид мешавад",--гуфт ӯ.

Тоҷикистон 20 дарсади ваксинаи заруриро дар доираи барномаи COVAX дарёфт карда, боқии ваксинаро бояд харидорӣ кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 барои Тоҷикистон 8,63 миллион доллар кумак ҷудо кардааст. Дар Вазорати тандурустӣ дақиқан дар бораи харҷи маблағҳои грантии Бонки Ҷаҳонӣ, ки барои хариди ваксина пешбинӣ шудааст, посух надоданд.

Ин бонк дар ҷавоб ба як номаи Радиои Озодӣ посух дод, ки бо 8,63 миллион долларе, ки моҳи феврал барои барномаи “Лоиҳаи изтирории СOVID-19 Тоҷикистон” тасдиқ кардаанд, то ҳанӯз хариди ваксина шурӯъ нашудааст. Зеро, ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳанӯз ин лоиҳа аз сӯи порлумони Тоҷикистон тасвиб нашудааст ва ба иҷро надаромадааст.

Барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ва баҳси дарёфти ваксинаҳои дигар

Саидҷаъфа Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, чунин тарҳе дар мавриди ҷудо гардидани беш аз 8 миллион доллар гарнти Бонки Ҷаҳонӣ барои харидории ваксина то ҳол дастраси онҳо нашадааст.

Бонки Ҷаҳонӣ дар посухи худ таъкид намудаст, ки "Барномаи ҷаҳонии ҳимоят аз ваксинзании COVAX тақрибан 16 дарсади аҳолиро бо ваксинаҳои ройгон таъмин менамояд ва сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ эмгузаронии 4 дарсади аҳолиро (бо фарогирии зиёда аз 380,000 нафар) таъмин мекунад".

Норушаниҳо дар мавриди хариди дигар навъи ваксинаҳо дар ҳолест, ки баъзе мутахассисони бахши тандурустӣ мегӯянд, дар шароити набудани имкони интихоби шакли эмгирӣ, ночоранд аз "AstraZeneca" истифода кунанд.

Абдухалил Холиқзода, раиси Бемористони Ибни Сино" дар Душанбе ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хулосае омадаанд, ки дар шароити набудани ваксинаҳои дигар бояд ҳама аз ваксинаи "AstraZeneca" истифода кунанд. Ӯ гуфт, "хубтар мебуд агар бароямон ваксинаҳои дигар низ пешниҳод шавад".

Номи "AstraZeneca" як моҳи пеш дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор гирифт. Як қатор кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, баъд аз хабарҳо дар бораи лахташавии хуни баъзе афроде, ки ин ваксинаро дарёфт кардаанд, аз истифодаи ин ваксина муваққатан даст мекашанд. Вале худи ин ширкат ва ҳам Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, далели мустақими лахташавии хуни муштариён баъд аз қабули ваксинаи "AstraZeneca" вуҷуд надорад. Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, аз истифодаи ин ваксин то имрӯз ягон шикояти ҷиддӣ аз сокинон нарасидааст.

Дар бештар аз як моҳи ахир мақомоти кишвар аз сабт нашудани ҳолати нави гирифтори ба коронавируси нав хабар медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон бемории COVID-19 ба беш аз 13 ҳазор нафар сироят карда, 90 нафарро куштааст. Оморе, ки иддае ба дурустияш шубҳа доранд ва миқёси бемориву талафот аз онро бештар аз рақамҳои эълоншуда медонанд.

 

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

 

https://www.ozodi.org/a/31205319.html 

Сешанбе, Апр 13 2021

Рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз шуд, аммо сокинон мегӯянд, дар ин моҳи барои мусулмонон муқаддас нархи маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, дар бозорҳои кишвар якбора боло рафт.

Онҳо шикоят доранд, ки чунин вазъ ҳар сол мушоҳида мешавад ва зоҳиран ба одат табдил ёфтааст. Савдогарон мегӯянд, ҷилави пасту болоравии қиматҳо дар дасти онҳо нест.

 

Қиёси нархи маҳсулот бо пули ҷайби Мавлуда

 Ҳоло нархи як кило гӯшт дар бозорҳои кишвар то 65 сомонӣ расида, қимати як халта орди навъи аъло 250 сомонӣ аст. Мавлуда, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ҳамагӣ сад сомонӣ нафақа мегирад ва нархи маҳсулот бо пули ҷайби ӯ қобили муқоиса нест.

"Ҳама чиз гарон шудаст. Равған, гӯшт... Ҳамааш. Чӣ кор кунем. Як қуттии тухми мурғро ба 35 сомонӣ харидем. Пештар аз 24 то 26 сомонӣ буд. Дар моҳи Рамазон бояд нархҳоро каме арзон кунанд, вале баръакс гарон мекунанд", -- гуфт ӯ рӯзи 12-уми апрел.

Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар рӯзҳои дигар барои худ иҷозаи истеъмоли маҳсулоти гӯштиро намедиҳанд, кӯшиш мекунанд, дар ин моҳ ҳатман аз хӯрокҳои муқаввӣ ва гӯштӣ истифода кунанд.

 

Чора чист?

Аммо танҳо болоравии нархи гӯшту орду равған нест, ки сокинонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин шабу рӯз талабот ба сабзавот, аз ҷумла бодирингу помидор ҳам бештар ва ба афзоиши қимати онҳо сабаб шудааст.

Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, сабзавот асосан аз хориҷ оварда мешавад ва эҳтимол ба ин сабаб нархаш гарон аст. Наргиза Охунова, фурӯшандаи бозори “Меҳргон” дар Душанбе, гуфт, баъди ба бозор ворид шудани помидору бодиринги кишорварзони тоҷик, мумкин аст, қимати он поин биояд.

Як кило нархи помидор аз 20 то 25 сомонӣ, бодиринг аз 13 то 15 сомонӣ аст.

Дар гузашта мақомот барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо иддаеро боздошту ҷарима ва гуруҳеро ба инсоф даъват карда буданд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон “ин иқдом муассир набуд".

 

Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон

Имсол маъмурияти бозори “Меҳргон” бо роҳандозии ярмаркаҳо мехоҳанд, нархро дар як сатҳ нигоҳ доранд. Аз ҷумла, барои танзими нархи гӯшт, дар моҳи Рамазон, онҳо дар дӯконҳои алоҳида ба харидорон маҳсулоти арзон пешниҳод кардаанд. Нархи гӯшт дар он ҷо 52 сомонӣ муқаррар шудааст, вале баъзе аз харидорон аз сифат ва устухону чарбуи зиёдаш розӣ нестанд.

Фахриддин Холов, як масъули бозори “Меҳргон”, гуфт: “Маъмурияти бозор тасмим гирифт, дар моҳи Рамазон нархи гӯшт, орд, равған, шакар ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал боло наравад. Аз ҳисоби захираҳое, ки аз тарафи шаҳрдорӣ ва ҳукумати кишвар ба бозорҳо бароварда шуд, кӯшиш мекунем, монеи афзоиши нарх шавем”.

 

"Кӣ мехоҳад, дуои баду дашном шунавад?"

Иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши нархҳо бо ҳар баҳона дар остонаи моҳи Рамазон беш аз даҳ сол боз миёни соҳибкорони тоҷик ба "анъана" табдил шудааст. Ҳадафи асосӣ, ба гуфтаи онҳо, “бо истифода аз фурсат, дарёфти даромади бештар аст”.

Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, пасту болоравии қимати маҳсулот дар бозорҳо дар ихтиёри онҳо нест, чун маҳсулотро аз дигарон бо нархи баланд мегиранду бо каме фоида мефурӯшанд.

 

Ҳолу ҳавои бозори Душанбе дар оғози моҳи Рамазон

Яке аз тоҷирон бе зикри ном гуфт: "Мушкилро дар дигар ҷой ҷуст. Кӣ мехоҳад, дар ин моҳ дуои баду дашном шунавад? Шояд мақомот дар ин моҳ соҳибкоронро аз андозу иҷораи бозор озод кунанд ва он вақт нарх дар як сатҳ нигоҳ дошта шавад. Аз мо намепурсанд, ки чӣ гуна ва бо кадом пул кор мекунед, фақат мегӯянд, арзон кунед. Аз мо вобаста нест."

Як рӯз пеш аз оғози Рамазон, раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз тоҷирон хост, "молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд".

Даъвате, ки ҳар сол садо медиҳад, аммо ба қавли баъзе аз тоҷирон "сабабҳои гарон шудани маҳсулот амиқ решаёбӣ ва барои ҳалли он расидагӣ намешавад".

 

апрел 13, 2021

•Сарвинози Руҳуллоҳ

•Шаҳлои Абдуллоҳ

•Радиои Озодӣ

 

Панҷшанбе, Апр 08 2021

 Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз меёбад. 

 Гуфта мешавад, ки қарор дар бораи рӯзи дақиқи оғози моҳи Рамазон пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шӯрои уламо гирифта шудааст. Дар баробари ин, Шӯрои уламои кишвар аз диндорон даъват мекунад, ки дар моҳи Рамазон аз лавозимоти беҳдоштӣ истифода намоянд. 

 

 

Чоршанбе, Апр 07 2021

(Мулоҳизаҳо  оиди   мақолаи   Кумитаи  дин  « Таҳдиди  бе  таҳрир»  ( СССР  11 марти   соли  2021).  

Вақте  ки  Кумитаи  дин   таъсис   дода   шуд,   гумон   доштем,  ки   ин  кумита   моҳияти   пайдоиши   динро   ба  одамон   мефаҳмонаду   фаҳмидагиҳо   ба  илм  рӯ  меоранду   нафаҳмидагиҳо  ҳамон   хел   нофаҳм  мондан  мегиранд.  Лекин   чоп  шудани   мақолаи   « Таҳдиди   бе  таҳрир»-и   Кумитаи   дин   умедҳои   моро   барбод   дод.  Онҳо   ба   ҷойи   он   ки   пайдоиши    динҳо,  «манфиат»-и   ҳаҷ,   « савоб»-и   рӯзаву   намозро   илмӣ   ба   мардум   фаҳмонанд,   ба   таҳдиди   шахсони   миллатдӯсту   Ватандӯст   гузаштаанд. Агар   онҳо   дар   байни    мардум   дуруст    ташвиқот    мебурданд,   то  ин   дараҷа   мардум    ба   хурофот    гирифтор   намешуд.   Мебинӣ,   ки  рӯз   ба   рӯз   ҷавонону    наврасони   мо    чунон   ба   хурофот    «ғӯтидаанд»,   ки   аз   ин   «ботлоқ»  берун   баровардани   онҳо   ниҳоят    душвор   аст. Ҳамаи    нақшаҳои    кашидаи    ҳизбҳои   террористӣ   бе   ҷангу    ҷидол   оҳиста-оҳиста   ҷомаи  амал   пӯшида   истодааст.  Он   рӯз   дур     нест,  ки   ба   муборизаи    рӯйирост   бархезанд.   Тарси   мо   ҳам   ҳамин   аст,  ки   бегонапараст   шуда   истодаем.  Дар   ин   сурат   худӣ  беқадр   мешавад.  Ба   худӣ   гӯш   намедиҳем,   худиро   бӯғӣ   мекунем,   худиро   мекушем.                                             

Эй   ҳоҷиён,  агар   мақсади   шумоён   Худоҷӯйи    бошад,    Худоро    дар   дили  худ,   дар   хонаи   худ,  дар   деҳаи    худ,  дар   Ватани   худ   ҷӯед.  Маълум   мегардад,   ки   ҳамаи   он   ситоишҳоеро,   ки   ба    Пешвои   миллатамон   мекунем,  « забонӣ»    будаасту   ситоиши   «ҷонӣ»-ро   ба    бегонагон   мебахшем.  Фаҳмида    монед,  ки   ҳеҷ   вақт   баракат    намеёбем!!!                                      

Дар  охир,   ба  ҳамаи   ҳамватанонам,   ба   хусус  Кумитаи   дин,  Кумитаи   амният,  зиёиён, муаллимон,  Дастгоҳи   идеологӣ    муроҷиат   карда   мегӯям,   ки   биёед    «пумбаи     васвос»-и    ба    гӯшамон   гузоштаи   бегонагонро    аз   гӯшҳоямон    гирифта   дур   андозем. Бо  ақлу   заковати    Худододи   худӣ    кору    фаъолият   кунем.   Боварии    комил   дорам,   ки    дар  муддати   кӯтоҳи   таърихӣ    ба   яке   аз    мамлакатҳои   пешқадами   ҷаҳон    табдил   меёбем.  Дар   акси   ҳол    аҳволи    мамлакати   Афғонистон    ба   сари   мо    хоҳад   омад.  Мо    метавонем !                         

Ҳаким   Ғуломов,  н.Дӯстӣ.  тел: 93 529 52 66.     

 

Панҷшанбе, Апр 01 2021

 

10 нафар узви 1 хонавода аз Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён пас аз истеъмоли замбурӯғ дар беморхона бистарӣ гашта, 1 кӯдаки 3 солаи ин оила фавтидааст. 

   Идибек Боймуродзода, сардухтури беморхонаи Ҷамоати деҳоти «Заргар» дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР гуфт, ки 11 нафар узви оилаи Солиевҳо аз деҳаи «Комсомол» 27.03.2021, соати 01:45 ба бо дарди шадид ба қабулгоҳи беморхона оварда шуданд. Бино ба итиллои расида, онҳо пас аз истеъмоли шакароби дар банка маҳкамкардашуда дар 1 вақт заҳролуд мегарданд. Дар якҷоягӣ бо навбатдори беморхона ҳамаи онҳо ба беморхонаи сироятии вилоятӣ интиқол дода шуда, ташхиси тиббии ҳамаҷониба маълум сохт, ки онҳо намуди замбурӯғи сафед-«белая поганка»-ро истеъмол намудаанд.

Масъулини  шуъбаи эҳёгарии беморхонаи маъмурии шаҳри Бохтар ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар сӯҳбат афзуданд, ки ки айни ҳол оила Солиевҳо, ки дар маҷмуъ 10 нафаранд, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ ва зери назорати табибон қарор доранд, Саломатии модар бо 1 фарзандаш вазнин арзёбӣ мешавад. 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

саҳ 21 аз 156

Китобҳо

Flag Counter