ХАБАРИ ДОҒ

Сиёвуш маъюб шуд! «Ёқут-2000» ҷуброн мекунад?

  • Чоршанбе, Апр 14 2021

 

 

09.02.2021. Сиёвуш Акобиршоев, ҷавони 24 соларо бо 2 пои шикаста ба беморхонаи «Шаҳраки тиббӣ» (Медгородок) меоранд. Нисфирӯзӣ ӯ аз хонаи яке аз дӯстонаш воқеъ дар к.Бухоро-23 баромада, аз назди майдони сохтмони биноҳои нав гузашта, ба роҳи асосии мошингард баромаданӣ шудааст, ки ногаҳон садои ҳаёҳӯйи мардумро мешунавад: «Гурез, гурез!». Садои гумбуррос зада аз боло ғалтидани чизеро эҳсос намуда худро зуд ба тарафе ҳаво медиҳад, аммо мутаассифона ин замон чизи вазнине ба рӯи пойҳояш меафтад. Дарди сахт ва гармӣ танашро фаро гирифта, дар ин ҳангом чашмаш ба пойҳояш меафтад, пойафзоли пои рост 2 нима шуда, устухонҳои лучу ба хун оғуштаи ангуштони овезонашро дида, аз ҳуш меравад…

40 кило оҳан аз ошёнаи 19…

   - Мардуми зиёд маро иҳота карданд. Ба ёрии таъҷилӣ занг задем, ҷавоб надоданд. Хоҳиш намудам, таксӣ гирифта маро ба «Медгородок» баранд. Бегоҳии он рӯз духтурони ҳозиқи шифохона пойҳоямро ҷарроҳӣ карданд. Субҳи рӯзи дигар духтурон гуфтанд мо тамоми имконотро истифода намудем, аммо афсӯс ангуштони пои ростат шикаставу ба ҳам омехта шудаанд, ноилоҷ онҳоро бурида барканор кардем, ба ҷуз ангуштонат пои ростат низ дар қисмати буҷулаки по шикастааст. Пои чапат низ шикастааст, онро баъдтар ҷарроҳӣ мекунем, чун хунравиат зиёд буд ва ҳоло камқувватӣ (пои чапамро низ баъди 1 ҳафта ҷарроҳӣ намуданд). Албатта ин хеле риққатовар ва аламовар буд, вале боз ҳам шукр мекардам, ки чизи аз боло ғалтида ба сарам фуру нарехт-мегӯяд Сиёвуш зимни суҳбат бо мухбири СССР.

   Сиёвуш пасон мефаҳмад, ки чизи вазнине, ки рӯи пойҳояш уфтод, оҳани тахминан 30-40 килоӣ будааст, ки бар асари беэҳтиётӣ ва бемасъулиятии сохтмончиёни ширкати биносозии шинохтаи кишвар-ҶДММ «Ёқут-2000» аз болои боми ошёнаи 19-ум сарозер шудааст. Аҷоибаш ин, ки 1 қисмати ин бино аллакай ба истифода дода  шуда, мардум, бахусус кӯдакон, ҳар рӯз ба дохили он дарову буро доранд ва қисмати дигараш дар ҳоли сохтмон аст. 

Наврӯз ваъда доду гурехт…

   - Пас аз 2 рӯз падару модарам ба Душанбе омаданд ва инак 1 моҳ мешавад, ки аз субҳ то шом, пеши мананд, чунки ман худам маҷоли ҳаракат карданро надорам. Духтурон мегӯянд, ки ин ҳолат 6-8 моҳ давом мекунад. Аз роҳбарияти ширкати «Ёқут-2000» касе боре ҳам ба хабаргирии ман наомад, то ҳоламро бубинад, - таъкид медорад Сиёвуш.

   Тавре дар сӯҳбат бо СССР падари Сиёвуш, журналисти шинохта Таҷамулшоҳ Акобиров гуфт: 

   - Пас аз интизориҳо, бо кӯмаки прораби ҳамон сохтмон, Наврӯз ном шахсеро пайдо кардем, ки писари раиси ширкати «Ёқут-2000» Абдуҳалим Қодирзода будааст. Ба суоли мо, ки чаро аз ҳоли фарзандамон хабар намегиред, Наврӯз гуфт, чун ин ҳодиса бо айби мо рух додааст, табобаташро ба гардан мегирем. Вале дар мавриди табобати баъдӣ ӯ чизе нагуфт, баъдан дигар на ба зангамон ҷавоб доду на омад…

Ҳоҷӣ Ҳалим ҷуброн мекунад?

Ҳоло тибқи аризаи хонаводаи Сиёвуш Акобиршоев прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ин қазияро тафтиш карда истодааст. Таҷамулшоҳ Акобиршоев дар баробари ин ба дигар ниҳодҳои назоратӣ ва тафтишотии мамлакат низ муроҷиат намуда, хостори мунсифона бурдани тафтишот аст. Зеро инҷо ҳаёти ояндаи писараш дар байн буда, ин ҷавони 24 сола метавонад барои тамоми умр маъюб бимонад.

   - Аламовар он аст, ки роҳбари ҶДММ «Ёқут-2000», ки худ низ соҳиби фарзандони ҷавон асту ҳоҷист (ин нафар бо тахаллуси Ҳоҷӣ Ҳалим номовар аст!-ред), боре азм накард, ки омада аз ҳоли писари ман бохабар шавад. Намояндагони Абдуҳалим Қодирзода бо чанд доруе, ки барои Сиёвуш харидаанд, моро миннат месозанд, вале шукри Худованд мо оилаи нодор нестему тамоми хешу ақрабо дар ин ҳолат дар бари моанд. Набояд фаромӯш кард, ки инсон ва ҳаёти ӯ қиматтарин неъмат аст, - қайд менамояд Таҷамулшоҳ Акобиршоев.

 Воқеан ҳам, роҳбари ҶДММ «Ёқут-2000» Абдуҳалим Қодирзода, ки худ яке аз соҳибкорони шинохтаи тоҷик буда, то ин дам даҳҳо иншооти маишиву хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу муассисаи томактабӣ ва билохира биноҳои истиқоматӣ бунёд кардаасту мекунад, чаро боре омада аз ҳоли ин ҷавон хабар нагирифт? Магар ин ҷавони 24-сола, ки ҳоло ояндааш зери суол аст-роҳ гашта метавонад ё не, аз саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва риоя нашудани қоидаҳои техникӣ зимни сохтмони биноҳои баландошёнаи маҳз ширкати «Ёқут-2000» зарару осеб надид? Агар ба ҷойи Сиёвуш Наврӯз-писари худи ҳоҷӣ Абдуҳалим Қодирзода мешуд, ӯ чӣ кор мекард? 

Муҳтарам Абдуҳалим Қодирзода! Табобати Сиёвуш  барои ширкати шумо, ки муттаҳам дар инвалидшавии ин ҷавони бадахшонист, вазифаи аввалиндарҷаатон аст. Аммо зарари расонидаи худро ба ин писар кай ҷуброн хоҳед кард? Ҷавонеро маъюби якумра кардед, пойҳояшро ку барнамегардонед, вале ҷуброн чӣ хоҳад шуд???

Мо пайгири мавзуъ ҳастем. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter