ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 11 2021

10.02.2021. Соат дар Душанбе 09:00 дақиқа. Нишасти хабарии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷ,Т. Дар ин нишасти хабарӣ раиси Кумита, Давлатзода Сулаймон бо чанд муовинаш ва муфтии Тоҷкистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ширкат варзиданд. Давлатзода Сулаймон дар рафти нишасти хабарӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод:

Ҳаҷи номаълум

Аз ҷумла раиси кумитаи дин ба саволи мо, бобати роҳандозии ҳаҷҷи имсола гуф: Кишвари Арабистони саъудӣ ҳанӯз  тасмими ниҳоиро бюобати баргузории ҳаҷҷи имсола нагирифтааст. На не гуфтаанд ва на ҳо! Бастаги дорад ба вазъи эпидимиологӣ. Агар вазъи эпидимиологӣ хуб шавад, ҳаҷ баргузор мегардад. Бобати умра низ, Тоҷикистон дар листи кишварҳои сабз қарор дошт ва тарафи Арабистон ба омадани ҳоҷиёни тоҷик иҷозат дода буд. Аммо баъди зуҳури вируси нави англисӣ, Арабситони Саъудӣ 2 бора вуруди ҳоҷиёнро ба кишвараш манъ кард. 

6000 квота

Дар мавриди шумораи ҳоҷиёни тоҷик ва нархи ҳаҷ, раиси Кумита гуфт: Кишвари Арабистони Саъудӣ оморро бобати шумораи шаҳрвандони ин ё он кишвар аз СММ дарёфт мекунад ва квотаҳоро тибқи ин омор медиҳад. Барои Тоҷикистон 6000 квота ҷудо гардидааст. Шояд ин кам бошад, аммо ҳама чиз аз тарафи квотадиҳанда вобаста аст. Бале Кумитаи мо дар ин самт бо тарафи арабистонӣ кор мекунад ва ҳамин, ки авзо беҳтар шуд, шояд битавонем шумораи квотаҳоро зиёд кунем. Нархи ҳаҷ ҳам ба гуфти Давлатзода ҳоло дақиқан маълум нест.

Монополистҳо

Бобати ширкатҳои ҳоҷибар низ аз Давлатзода суол кардем. Раиси Кумита гуфт, бале мо дар ин самт бо 2 ширкат ҳамкорӣ дорем. "Расул сохтмон" ва "Ормон". Аммо ин, ки чаро танҳо бо ин 2 ширкат. Бубинед мо то соли 2018 танҳо бо "Расул сохтмон" ҳамкорӣ доштем. Чаро, ки ин ширкат иҷозаи интиқоли ҳоҷиёнро аз кишвари Арабистони Саъудӣ дорад. 2 сол қабл ширкати “Ормон” ба ин лист изофа шуд. Ин ширкат ҳам иҷозаи бурдани ҳоҷиёнро аз Арабистони Саъудӣ дарёфт кард. Фикр накунам инҷо монополияе вуҷуд дошта бошад. Мо омодаем бо ҳар ширкате, ки иҷозаи ин корро дошта бошад, музокира карда, қарордод бибандем. Мутаасифона ҳеҷ ширкати дигаре бо ин пешниҳод ба мо муроҷиат накардааст. 

 Масҷидҳо ва намоз

Мо аз раиси Кумита инчунин бобати фаъолияти масҷидҳо баъди бозшуданашон суол кардем. Давлатзода гуфт: Кумитаи дин дар якҷоягӣ бо Ситдои ҷумҳуриявии зиддикороно, риояи қавоиди беҳдоштиро дар масҷидҳо назорат мекунад. Бале Ситод ҳаққи бастани масҷидҳоро дар суртаи риоя накардани талаботи қонун дорад. Хушбахтона дар масҷидҳо ба ин кор диққати ҷиддӣ дода мешавад ва мо то ба имруз, ҳолати бастани масҷидро бо ин далел надорем. Каме мушкил дар нигаҳдории фосила буд, ки он ҳам ҳаллу фасл шуд. Аммо агар дар оянда масҷиде бо ин сабаб баста шавад, мо ҳатман шуморо огоҳ хоҳем кард.

 

Чоршанбе, Фев 10 2021

Салом ба СССР-и азиз! Ман маъюби гурӯҳи 2-юм мебошаму чашмонам хира шуда, имкони фаъолияти меҳнатӣ надорам. Соҳиби 2 фарзанд буда, 3 нафар дар 1 хона зиндагӣ мекунем. Чанде пеш ман ба раиси ноҳия Тоҳир Азиззода бобати ҷо ба ҷо кардани писарчаам дар боғчаи баччагона муроҷиат кардам. Раис тавсия дод, ки ба Шӯъбаи маорифи ноҳия муроҷиат намоям. Мудири маориф Нуриддин Боқиев ба ман гуфтанд, ки имкони ройгон ба боғча ҷо кардани писарчаатон ҳаст ва шумо барои ин кор ба мо хаттӣ бо ариза муроҷиат кунед. Ман ариза навишта, ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам, аммо дар шӯъбаи маориф ба ман гуфтанд, ки ройгон намешавад, бояд 50% маблағро супорӣ. 

Ман ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирам ва бо ин пул 3 нафарро бояд хӯронаму пӯшонам. Имкони пардохти ҳамон 50%-ро ҳам надорам. Ва дар умум оё кӯдакистонҳо ва боғчаҳои баччагона, ки давлатианд, пулакӣ шудаанд? Шояд дар н.Мастчоҳ пулакӣ шудаанду ман хабар надорам!?

Баҳориддин Абдуллоев Баҳориддин, шаҳраки Бӯстон, н.Мастчоҳ 

Аз СССР: Мутаассуф, бори чандум аст, ки мардум дар бораи ваъдаҳои хушку холии раиси н. Мастчоҳ-Тоҳир Азиззода ба редаксия муроҷеъ мешаванд, коре, ки дар овони раёсати раиси қаблӣ набуд. Зери ин коса чӣ нимкосаест? СССР ҳатман сари мушкили Мастчоҳ ва ваъдаҳои раисаш бармегардад. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, Фев 05 2021

 

04.02.2021. Соат дар Душанбе 11:00 дақиқа. Нишасти хабарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода ширкат доштанд. Умед Бобозода кӯтоҳ фаъолияти ниҳодашро дар соли 2020 ба самъи хабарнигорон расонд. 

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар соли 2020 дар мақомоти зертобеъаш 1946 адад муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. 436 нафар ба таври хаттӣ ва 1510 нафар ба таври шифоҳӣ ба ваколатдор муроҷиат кардаанд. 

Баъди ӯ муовинаш Раҷабмо Ҳабибулозода, Ваколатдори оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон аз фаъолияти ниҳодаш ҳисобот дод. Раҷабмо Ҳабибуллозода гуфт, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ тибқи Стратегияи мушахасс амал мекунад. Ӯ гуфт, ки ниҳоди зертобеъаш дар соли 2020, 298 муроҷиатро ба қайд гирифтааст. Сабаби камтар муроҷиат кардани шаҳрвандонро Ҳабибулозода, дар пандемияи вирсуи карона медонад.  

Ба гуфти Ҳабибулозода, асоси фаъолияти Ваколатдориро, пешгирии ҷинояти кӯдакон, гузаронидани санҷишу мониторинг, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакон ва ғ. ташкил медиҳанд.

Ваколатдор ва кӯдакони талбанда

Раҷабмо Ҳабибулозода ба саволи хабарнигори СССР, ки “чаро Ваколатдорӣ аз ҳуқуқӣ кӯдаконе, ки дар кӯчаҳо гадоӣ мекунанд ва инчунин кӯдакони ҷӯгӣ ҳимоят намекунад ва оё ниҳоди зертобеъаш барои ин атфол барнома ё нақшае дорад?”, гуфт: 

-Бале мо аз мушкил огоҳем, вале нақшаи мушаххасе айни ҳол надорем. Ин атфол дар гурӯҳи риск қарор доранд ва мо дар ин самт ҳамроҳ бо ВКД кор мекунем. Албатта, ҳалии ин мушкил бештар ба ВКД марбут мегардад. Падару модар низ нақши зиёд доранд ва дар ин самт низ кор кардан лозим меояд. 

Ваколатдор ва ҷӯгибаччаҳо

-Аммо қазияи ҷӯгиҳо фарқ мекунад-гуфт хонум Ҳабибуллозода ва афзуд-Ин тоифа бо суннатҳои хоси худашон зиндагӣ мекунанд. Мо чандин бор ба масъалаи дарс нахондани фарзандони ҷӯгиҳо сару кор доштем. Ман худам дар Колхозобод маҷлис доир карда, ба ҷӯгиҳо тавсия додам, фарзандонашонро аз ҳаққи таҳсил маҳрум накунанд. Аммо ин мардум бо қавоиди худашон зиндагӣ мекунанд ва дар фарҳангашон ба таълим аҳамияте қойил нестанд. Ин масъала бояд ба таври ҷиддӣ дар ниҳодҳои марбутаи ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардад ва мо низ дар навбати худ, ҳар кӯмаке аз дастамон меомадаро мекунем... 

Зӯри давлат ба ҷӯгӣ намерасад?

Ин иддаои омбудсменро чи ҳел фаҳмем? Яъне зӯри 1 давлат бо тамомии ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва мақомоти қудратияш ба 5-6 қабилачаи лӯлӣ намерасад? Воқеан ҳам, тавре дар 1 матлаб дар СССР навишта будем, ҳатто зӯри Сталин ба ҷӯгиҳо нарасида буд. Вале гап сари ин аст, ки бо ин қавм дар даврони советӣ бархӯрд ҳасана набуд ва онҳоро чун қавми кӯчиву талбанда, лӯлӣ ва сиган расман шинохта буданд. Рӯиҳамрафта, дар он даврон нуфузи аҳолӣ аз 200 млн гузаштаву ба 300 млн такя мезад. СССР шашяки кӯраи Заминро фаро мегирифт. Ҳоло бошад чунин нест!!!

Дар шароити кунунӣ, метавон 5-6 деҳаи ҷӯгинишинро танзим кард (Кумитаи дин 9 млн нафарро тонисту 900 ҷӯгиро наметавонад?). Кӯдак ҷӯгӣ аст, папуас аст, ҳинду аст, тоҷик аст, ӯзбек аст...бояд дар Тоҷикистон мактаб равад ва илм омӯзад!

Яъне то рӯзе, ки ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳифзи манофеи ҷӯгибаччаҳоро ба зимма намегиранду баҳона меҷӯянд, ин мушкил муаллақ мемонад.

Никоҳи ғайриқонунӣ

Дар ҳамин маврид, 1 нафари бо урфу одати лӯлиҳо аз наздик ошно гуфт, никоҳи моногаммӣ-бисёрзанӣ дар миёни ин қавм хеле зиёд асту 1 мард метавонад то 4-5 зан бигирад. Аз сӯи дигар ҷӯгиҳо духтарчаҳои 12-13 соларо ба никоҳ медароранд ва ин кӯдакон дар бисёр маврид дар синни 13-14 солагӣ аллакай кӯдакдор мешаванд-афзуд манбаъ.

Агар вазъ чунин аст (мо бовар дорем, ки маҳз чунин аст!), пас мақомот бояд бо қавми ҷӯгӣ аз қонуну қавоиди роиҷ кор бигаранд ва муттаҳамонро ба ҷавобгарӣ кашанд. Дар сурати акс бояд расман Қонуне қабул карду Қабилаи Ҷӯгиро қавми вежа ва берун аз доираи қонунҳои роиҷи ҶТ унвонгузорӣ намуд ва ба паспортҳояшон тамғаи ҶӮГӢ ё ЛӮЛӢ гузошт.

Онҳо зидд нестанд. ЗАГС ва мақомоти дахлдор дар ин самт коҳилӣ доранд. Парлумон низ бояд ба ин мавзуъ ҷалб гардад, агар дар андешаи ҳифзи номус ва шарафи миллист. Мо метавонем!

М. Салимшоев

СССР

 

Панҷшанбе, Фев 04 2021

   Эраҷ Рауфзода, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз зимни нишасти матбуотии худ роҷеъ ба фаъолияти 1 солаи Раёсат иттилоъ дод.  

   Ӯ иброз дошт, ки дар соли 2020 ҳангоми санҷишҳои гузаронидашуда дар ҳудуди вилоят 15291 дона тухм, 5074 кг шир ва маҳсулоти ширӣ, 21180 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1278 кг равған, 817 кг моҳӣ, 543 кг асал, 65040 кг меваю сабзавот ва 17381 кг полезиҳо бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи бойторию санитарӣ аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шудаанд.

 

Баҳодур Уроқов,  СССР

 

Панҷшанбе, Фев 04 2021

Бино ба иттилои Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати давлатии сармуягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ҳудуди вилоят 2152 адад биною иншоот ва корхонаю коргоҳҳои истиҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

   Маблағи умумии барои сохтмон харҷшуда 537.000.000 сомониро ташкил дода, дар баробари ин 2113 ҷойи нави корӣ муҳаё гардидааст.

Баҳодури Абдусаломзода, СССР

 

Чоршанбе, Фев 03 2021

Чанд моҳ пеш Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус қароре қабул намуд, ки дар асоси он маъракаҳои тӯи арӯсу домодӣ бояд бо иштироки то 40 нафар  гузаронида шавад. Пешгирии беморӣ албатта хуб аст, лекин на ба ин  тарз.  

Ҳамон мансабдороне, ки ин тавсияро доданд, хуб мешуд, 1 бор дар бораи тӯйҳои арӯсию домодии фарзандонашон фикр мекарданд. Охир ин хурсандӣ дар ҳаёти 2  навҷавон 1 маротиба гузаронида мешавад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки  бештар аз 70% аҳолии кишварамонро деҳотиён ташкил менамоянд. Ва ҳама медонад, ки дар  деҳот оилаҳои серфарзанд зиёданд. Пас онҳо бояд чӣ кор кунанд? Дар тӯи фарзанди худро дигар фарзандону навесагонро даъват накунанд? Ва ё ба қонуншиканӣ даст зананд? 3-4 бор пинҳонӣ дег монанд? 

Аз ин лиҳоз, ман бо назардошти он, ки касе кафолат дода наметавонад, ки ин вабои аср боз чӣ қадар вақт ва ё чанд соли дигар давом мекунад, пешниҳод менамоям, ки ба ин тавсия тағйирот бояд ворид кард. Бигузор тӯйҳои арӯсию домодӣ бо иштироки то 150 нафар аз 2 тараф ва бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ гузаронида шуда, шахсони бениқоб ва дигар вайронкунандагони  беҳдошти солимӣ саривақт ва дар ҷояш ҷарима карда шаванд.

Ҷаббор Раҷабов, 

ш. Кӯлоб,

Аз СССР: Мо пешниҳод ва дархост дорем, ки сар аз раиси Кумитаи дин то корманди оддияш феҳристи хешу табори наздики худро ба мо фиристанд ва гӯянд, ки дар маъракаҳои Танзимии худ, кадоме аз ин пайвандонро даъват мекунанду кадомашро хат мезананд. «Просто, интересно», то мо ба гуфта неву ба кардаи муллоҳои ҳукуматӣ амал кунем. Мо Метавонем!

 

саҳ 24 аз 156

Китобҳо

Flag Counter