Ба иттилои Ҷабборзода Гулрӯ - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи Covid-19 аз кишварҳои Русия, Украина ва Туркия 778 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба кишвар баргардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саннаи 23.07.2020 баргузор гардида буд. Дар ин нишаст ба суоли хабарнигори СССР дар мавриди тақдири созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бораи сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвари арабӣ масъулини вазорати мазкур чунин посух гуфтанд:
“Созишномаи мазкур аввали соли ҷорӣ ба имзо расида, ратификатсия шуд. Мо гурӯҳи корӣ ташкил дода, муколамаро бо ҷониби Қатар оғоз намуда будем, ки пандемия оғоз гардид. Баъди рафъи ҳолати пандемия ин масъала дубора бозбинӣ мешавад. Дар созишнома теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ онҳо ба ин кишвар сафарбар мегарданд”.
Исмоилҷон Маликов СССР
Давлатзода Дилмурод Ашурбек-директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 21.07.2020 баргузор гардид, вобаста ба суоли хабарнигори СССР оиди таъини нафақа гуфт, ки барои таъини маоши бознишастагӣ асосан 2 сарчашма аст:
-Якум, аз андози иҷтимоии 25% (оне, ки корфармо пардохт менамояд) ва дуюм аз ҳисоби 1%-е, ки аз худи шаҳрванд аз маошаш ҳар моҳ пардохт месозад. Яъне ҳангоми таъини нафақа ҳам 25% ва ҳам 1% ба назари гирифта мешавад, - таъкид дошт Давлатзода Дилмурод Ашурбек.
Дар ин нишаст хабарнигори ҳафтаномаи СССР пешниҳоди хонандагони ҳафтаномаро дар мавриди баъди ба нафақа баромадан якуякбора пардохт гардидани 1% маош ба нафақагиронро ба самъи масъулин расонид. Давлатзода Дилмурод дар бобат зикр намуданд, ки нафақагир метавонад якуякбора то 1800 сомонии дар суратҳисоби нафақавӣ ҷамъшударо бигирад.
И. Малик, СССР
Нишасти матбуотии вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии вазири нақлиёт - Худоёрзода Худоёр оғоз гардид. Баъд аз ироаи маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти шаш моҳи аввали соли 2020 намояндагони ин ниҳод ба суолҳои хабарнигорон посухҳои муфассал доданд. Хабарнигорони СССР дар мавриди кай оғоз гардидани корҳои таъмирӣ, васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ ва рӯшноии нақби “Истиқлол” ва набудани роҳҳои велосипед дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз масъулин суол намуданд. Ҷаноби Худоёрзода дар посух иброз намуданд, ки ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмири минбаъдаи нақби “Истиқлол” ба имзо расида, дар парлумони кишвар тасдиқ гардидааст. Маблағи умуммии таъмир 11 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 50 %-и он саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Корҳои лоиҳакашӣ дар ин самт идома дорад ва бо фароҳам омадани имкони мусоид корҳои сохтмони дар ин нақб оғоз мегардад. Вобаста ба суоли 2-юм масъулини вазорат қайд намуданд, ки дар бисёр лоиҳаҳои таъмир ва сохтмонӣ роҳҳо набудани роҳҳои махсус барои дучарха мавҷуд аст, ки дар оянда ислоҳ мегарданд.
Исмоилҷон Маликов, СССР
Давлат Сафаров иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ буда ба гурӯҳи дуюми шахсони имконияташон маҳдуд мансуб аст. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки тули 15 сол нафақа намегирифт ва танҳо 6 соли охир бо маблағи 260 сомонӣ бо нафақаи меҳнатӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ бобои Давлат таъкид кард бо маблағи нафақа чӣ гуна метавон зиндагиро таъмин намуд, чунки танҳо 1 халта орд дар бозорҳои кишвар зиёда аз 200 сомонӣ арзиш дорад.
Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирони шахсони имконияти маҳдуддошта зиёда аз 52 ҳазору 944 нафар номнавис шудаанд. Аз ин шумора зиёда аз 5 ҳазор ба гурӯҳи якум, бештар аз 24 ҳазор ба гурӯҳи дуюм ва зиёда аз 12 ҳазор ба гурӯҳи сеюми шахсони имконияташон маҳдуд шомиланд. Дар давоми 6-моҳи соли равон беш аз 14 миллион сомонӣ маблағи нафақа пардохт шудааст.
Давлат Сафаров мегӯяд: ташхиси тиббӣ барои мо пулакӣ буда ва дар баробари дигар нафарон бо навбат дари беморхонаро мекубему навбат мепоем. Дар ҳоле, ки дар моддаи 16-и Қонуни ҶТ “дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст, ки “маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалӣ табобат бо тартиби муқараргардидаи Ҳукумати ҶТ ҳуқуқ доранд”. Аммо амалигардии ин моддаи қонуни мазкурро ҳамсуҳбатони мо инкор менамоянд.
Дар баробари ин боз ҳастанд нафарони имконияти маҳдуддоштае, ки наметавонанд бо нафақаи муайянгардида зиндагиашонро пеш баранд. Насиба Чутбоева ба гурӯҳи якуми шахсони имконияти маҳдуддошта шомил буда, наздики 200 сомонӣ нафақа мегирад, ки ин маблағ барои пешбурди зиндагӣ нокифоя аст. Ӯ мегуяд, ки барои зиёд намудани нафақа муроҷиат кардан мехоҳад, вале ҳамоно имкони аз ҷой бархестанро надорад, ки ин барои боз ҳам танг шудани вазъи зиндагӣ ва бад гардидани ҳолати саломатӣ гашта истодааст.
Нафақа барои шахсони имконияти маҳдуддошта мувофиқи моддаи 31-уми Қонуни ҶТ “дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муайян карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин дар баробари ин нафароне низ ҳастанд, ки зери ин ном нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, ки дар соли 2019 дар вилояти Хатлон зиёда аз 57 нафари онҳо ҳангоми аз ташхиси тиббӣ гузаштан муайян шуда, нафақаашон қатъ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд тайи солҳои охир дар кишварамон ба нафарони имконияташон маҳдуд тавачҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аммо ба назари коршиносон то ба ҳол дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.Чунки яке аз омилҳои паст будани нафақа ва дигаре аз нагирифтани он изҳори нигаронӣ мекунанд.
Мубораки Қосим, ш.Бохтар
Таҳияи сипар аз эҳтироз кун, к-имрӯз
Ба қатъи ҳам баду неки замона сайёфанд…
Ҳафтаи пор газетаи мардумии СССР ҳадафи жуликҳои аврупоӣ, ки замоне худро жур-налист мехонданд, қарор гирифт. Ин мардум фикр доранд, мо низ мисли дигар газетаву маҷаллаҳои расмӣ, агар танқид шавем, метарсем аз ишон. Воқеан аксарияти журналистони мо маҳз ба ҳамин хотир, ки дар фейку фейсу лже-расонаҳои муллоӣ-аврупоӣ-наҳзатӣ-душманӣ мавриди танқид қарор мегиранд, аз ишон ҳарос доранд-терроризми ақлонӣ. Мо наметарсем ва ба 7-пушти ин сафсаттагӯйҳо кор ҳам надоштем, то даме, ки онҳо мардумро ба инқилобу саркашӣ ва ҷанги навбатӣ даъват накарданд. Дигар ҷои хомӯшӣ набуду нест. Мо ба инҳо ҷанг эълон кардаем. Мо Метавонем!
Мо нек медонем, ки инҳо дар ҳукумати феълӣ, мақомоти қудратӣ, ҷойҳои даркорӣ «одамони худ», «акову уко»-и худро доранду душманони идеологии хешро бо дасти ҳаминҳо хунсо, ликвидатсия мекунанд. Мо ишонро мешиносем, вале аз инҳо низ ҳарос надорем! Мо Метавонем!
Зиёд котибаҳои матбуотии мулло-аврупоиҳо менависанд, ки сари фалону бисмадон «фаоли ҷамъиятишон» мақомот дар ҶТ фишор меоранд. Вале журналистони лондонӣ ва варшавӣ чаро наменависанд, ки табори худашон рутбаҳои калони мақомот доранду аккурат боз рутба низ мегиранд? 1 бому 2 ҳаво?
Чаро наменависанд, ки фарзи мисол, «хиёнати» Амину Фозил, ки аз сирри давлатӣ 100 км дур қарор доранд, «фош» шудаасту сарчашмаҳое, ки ба евро-муллоҳо инфои сиррӣ ва давлатӣ медиҳанд, паси парда мондаанд? Магар онҳо ройгон далел ҷамъ мекунанд? Ҳоло инҳо ошкору ниҳон Хуршеду Шаҳрзодро шогирдони СССР мехонанд, бо ишора ба «ҷойҳои даркорӣ». Мо аз инҳо ҳич гоҳ рӯ натофтаем ва ошкоро мегӯем, замоне гулҳои сари сабади СССР ва шогирдони мо буданд ва агар хоҳанд мо онҳоро бозпас ба кор мегирем! Зеро Мо дӯстонро ҳич гоҳ намепартоем, мисле, ки шумо зану кӯдаку волидайни худро «подставит» доред, то 4 шаурмаи ҳаром хӯред. Мо Метавонем!
Ин камхирадон ҳоло «медиа-маркет» таъсис додаву қариб тамомии матолиби дар СССР нашршударо, ки тору пуди Кабириву Гадоевро баровардаанд, ба риштаи таҳлилу ташхиси журналистӣ мекашанд. Коҷанд, кӯранд, олусанд ин псевдо-медиамаркетҳо ва фикр доранд мо ишонро намешносем. Мешносем ва ещё как мешносем! Аз наздик мешнохтем, ки чигуна дар ҶТ матбуоти озодро ба бозорхона, фасодхона, кошелёк табдил карда буданд. Ва баъди реҳлати ишон мо талош дорем номи неки журналистикаро барқарор созем. Мо Метавонем!
Аз сӯи дигар ин олусон чун матлабҳои маҳз ба Шарофиддин Гадоеву Муҳиддин Кабирӣ бахшидашударо «маркетинг» кардаву унҳоро сафед ва СССРро сиёҳ месозанд, хонанда худ дарк мекунад, ки спонсори навбатии ин кӯрназарон кист! Мо Метавонем!
Ва аз ҳама муҳим: Медиа-маркетшон давоми ҳамон Диссернет аст. Яъне паси Диссернету ин Маркет кӣ меистад, 200% маълум шуд. Вале мо чун ин дастандаркорони евро-муллоӣ паси бонувони таҷовузкардаашон, қасру кушку дару хонаашон ва ҳатто сабтҳои аз масъулин пулхоҳишон намегардем. Ин одати номардон ва худозадаҳост. Агар номардро худо намезад, имрӯз инҳо паҳлӯи ёру диёр будандӣ. Вале ба ҳар ҳол сахти бад наравед, ки Мо Метавонем!!!
Зиндагии ширину фарзандони солеҳа на ба ҳар як хонадон насиб мегардад. Дар аксари оилаҳо як нафар ба дигарон бештар дарди сар эҷод мекунаду боиси барпо шудани хархашаи оилавӣ мегардад, лекин марди ҳақиқии хонавода метавонад ин ҳамаро назорат карда, амалҳои эркаписари хонаро танзим намояд. Қуздатулло Давлатов-қаҳрамони имрӯзаи мақола мо, соли 1948 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадаааст. Ӯ аз хурдӣ зери таъсири тарбияи модари бузургаш ба воя расида, баъди адои хизмати аскарӣ дар Украина, ба Омӯзишгоҳи техникии (ПТУ)-и н. Восеъ дохил шуда, пас аз хатми он дар зодгоҳаш ба ҳайси тракторчӣ ба кор медарояд. Қуздатулло дар ҳаёт барои ман идеал аст, чунки ӯ бобои ман аст.
Фарзандони наку
Бобои Қуздатуллло соли 1970 оиладор шудаанд ва то имрӯз аробаи зиндагиашро ҳамеша бо кафи пуробилаву пешонии арақшор кашида омадааст. Нони бемеҳнат хӯрданро аз ҳамаи чиз бадтар медид ва иҷозат намедод, ки як луқма аз гулӯяш ҳаром гузарад. Ҳамсараш Шаҳригул ҳар бори ёдоварӣ аз хотираи неки бобои Қуздатулло бо ифтихор мегӯяд: “Ба хотири оне, ки бобоят корманди фаъоли ноҳия буд, дар 1 сол чанд маротиба барояш туҳфаву ифтихорномаҳо медоданд”.
Аз миёни 8 фарзанде, ки дар хонаводаи ӯ таваллуд шудаву ба воя расидааст, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ, хонаи обод, фарзандони накӯ ва зиндагии ширинанад. Модари ман, ки духтари бобои Қуздатуллост, дар вақтҳои фориғ аз кори рӯзгор либосҳои занона медӯзад. Ҳатто ёдам аст, ки дар айёми кӯдакӣ барои ман аз матои калоне як шиму костюми хубу шинам омода карда буд. Зани меҳнатӣ аст ва ин хислатро аз падар ба мерос гирифтааст. Дар баробари модари ман ҳамаи фарзандони бобоям соҳиби касбу кори гуногун ва пешбарандаи ҷомеаи моянд.
Мо - наберагон ҳар боре ба хонаи бобоямон аёдаташон равем, ҳатман аз дарахтони бо дастони худ шинонида меваҳои гуногуни лазиз чида, ба пешамон меоранду то ишкамсерӣ нӯши ҷон мекунем. Бобоям ҳамеша нақл мекунанд, ки барои парвариши як ниҳол заҳмати зиёд лозим аст ва фарзандро ҳам чун нииҳол бояд сабзонд. Бешак, боғи бобоям мавзеи дилрабост ва дарахтонаш чун соҳибашон устувори дорои меваи лазатбахшанд. Худи бобоям ҳам дарахти пурбореро мемонад, ки 8 нафар намояндаи касбу кори гуногунро тарбия намуда, ба ҷомеа додааст.
-Ман аз ҷавониам кӯшиш мекардам, ки аз як ниҳол чанд навъи меваро интизор бошам. Хушбахтона, ин ба ман муяссар гашту чанд сол боз дар ҳавлиамон дарахтони меввадиҳанда зиёданд ва дар вақти мевапаз дигар ҳоҷати ба бозор рафтану себу нок бардошта оварданам намондааст”, - мегӯяд бобои қаҳрамонам бо қаноатмандӣ.
1 дарахту 3 мева
Ман низ шоҳидам, ки дар 1 дарахти себи сабз чанд навъи мева, чун себи сурх, зардолу ва шафтолу мерӯяд. Бобоям ин кашфиёро тавассути пайванд кардааст ва то ҳол самараи онро якҷоя дида истодаем. Бибиам ҳам дар вазъияти душвори зиндагӣ ҳамеша маслиҳатчӣ ва дар паҳлӯи бобои тракторчиам буданд.
-Вақте ки бобоят ба кори тракториашон машғул буданд, ман ҳамроҳи кӯдакон барои боз ҳам хубтар шудании вазъияти зиндагӣ ширу ҷурғот, чаккаву равған, меваву сабзавот ва тухм гирифта, дар бозор савдо мекардем ва шукр, ки аз ин тиҷорати хурд маблағи хуб ба даст меомад. Дар зиндаги назди касе муҳтоҷ нашудем ва хушбахтона бо ин марди зебо, ки сутуни хонадонамон буду ҳаст, ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намудем, - мегӯяд бибиам.
Имрӯз онҳо дар иҳотаи фарзандону наберагон ва аберагони худ давраи пирӣ меронанд. Фарзандони ин пирони хушбахт имрӯз сари коранд. Писари хурдиашон Дилшод, ки тағоии ман аст, дар маркази “Ёрии таъҷилӣ” - и Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик фаъолият дорад. Ӯ аз рӯи вазифа ҳамеша барои беморон кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонад ва аз касби интихобнамудааш қаноатманду хурсанд аст.
Ҳамеша ифтихор мекунам, ки мо 5 нафар наберагони бобо аз духтари калониашон дар гавҳорае калон шудем, ки бобоям бо дастони худ омода карда, барои мо туҳфа намудаанд. Шарофати ҳамнишинӣ бо бобо буд, ки имрӯз қаламкаш шуда, пайи хидмати ҷомеа равонам.
Шералӣ Давлатов, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар