Зиндагии ширину фарзандони солеҳа на ба ҳар як хонадон насиб мегардад. Дар аксари оилаҳо як нафар ба дигарон бештар дарди сар эҷод мекунаду боиси барпо шудани хархашаи оилавӣ мегардад, лекин марди ҳақиқии хонавода метавонад ин ҳамаро назорат карда, амалҳои эркаписари хонаро танзим намояд. Қуздатулло Давлатов-қаҳрамони имрӯзаи мақола мо, соли 1948 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадаааст. Ӯ аз хурдӣ зери таъсири тарбияи модари бузургаш ба воя расида, баъди адои хизмати аскарӣ дар Украина, ба Омӯзишгоҳи техникии (ПТУ)-и н. Восеъ дохил шуда, пас аз хатми он дар зодгоҳаш ба ҳайси тракторчӣ ба кор медарояд. Қуздатулло дар ҳаёт барои ман идеал аст, чунки ӯ бобои ман аст.
Фарзандони наку
Бобои Қуздатуллло соли 1970 оиладор шудаанд ва то имрӯз аробаи зиндагиашро ҳамеша бо кафи пуробилаву пешонии арақшор кашида омадааст. Нони бемеҳнат хӯрданро аз ҳамаи чиз бадтар медид ва иҷозат намедод, ки як луқма аз гулӯяш ҳаром гузарад. Ҳамсараш Шаҳригул ҳар бори ёдоварӣ аз хотираи неки бобои Қуздатулло бо ифтихор мегӯяд: “Ба хотири оне, ки бобоят корманди фаъоли ноҳия буд, дар 1 сол чанд маротиба барояш туҳфаву ифтихорномаҳо медоданд”.
Аз миёни 8 фарзанде, ки дар хонаводаи ӯ таваллуд шудаву ба воя расидааст, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ, хонаи обод, фарзандони накӯ ва зиндагии ширинанад. Модари ман, ки духтари бобои Қуздатуллост, дар вақтҳои фориғ аз кори рӯзгор либосҳои занона медӯзад. Ҳатто ёдам аст, ки дар айёми кӯдакӣ барои ман аз матои калоне як шиму костюми хубу шинам омода карда буд. Зани меҳнатӣ аст ва ин хислатро аз падар ба мерос гирифтааст. Дар баробари модари ман ҳамаи фарзандони бобоям соҳиби касбу кори гуногун ва пешбарандаи ҷомеаи моянд.
Мо - наберагон ҳар боре ба хонаи бобоямон аёдаташон равем, ҳатман аз дарахтони бо дастони худ шинонида меваҳои гуногуни лазиз чида, ба пешамон меоранду то ишкамсерӣ нӯши ҷон мекунем. Бобоям ҳамеша нақл мекунанд, ки барои парвариши як ниҳол заҳмати зиёд лозим аст ва фарзандро ҳам чун нииҳол бояд сабзонд. Бешак, боғи бобоям мавзеи дилрабост ва дарахтонаш чун соҳибашон устувори дорои меваи лазатбахшанд. Худи бобоям ҳам дарахти пурбореро мемонад, ки 8 нафар намояндаи касбу кори гуногунро тарбия намуда, ба ҷомеа додааст.
-Ман аз ҷавониам кӯшиш мекардам, ки аз як ниҳол чанд навъи меваро интизор бошам. Хушбахтона, ин ба ман муяссар гашту чанд сол боз дар ҳавлиамон дарахтони меввадиҳанда зиёданд ва дар вақти мевапаз дигар ҳоҷати ба бозор рафтану себу нок бардошта оварданам намондааст”, - мегӯяд бобои қаҳрамонам бо қаноатмандӣ.
1 дарахту 3 мева
Ман низ шоҳидам, ки дар 1 дарахти себи сабз чанд навъи мева, чун себи сурх, зардолу ва шафтолу мерӯяд. Бобоям ин кашфиёро тавассути пайванд кардааст ва то ҳол самараи онро якҷоя дида истодаем. Бибиам ҳам дар вазъияти душвори зиндагӣ ҳамеша маслиҳатчӣ ва дар паҳлӯи бобои тракторчиам буданд.
-Вақте ки бобоят ба кори тракториашон машғул буданд, ман ҳамроҳи кӯдакон барои боз ҳам хубтар шудании вазъияти зиндагӣ ширу ҷурғот, чаккаву равған, меваву сабзавот ва тухм гирифта, дар бозор савдо мекардем ва шукр, ки аз ин тиҷорати хурд маблағи хуб ба даст меомад. Дар зиндаги назди касе муҳтоҷ нашудем ва хушбахтона бо ин марди зебо, ки сутуни хонадонамон буду ҳаст, ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намудем, - мегӯяд бибиам.
Имрӯз онҳо дар иҳотаи фарзандону наберагон ва аберагони худ давраи пирӣ меронанд. Фарзандони ин пирони хушбахт имрӯз сари коранд. Писари хурдиашон Дилшод, ки тағоии ман аст, дар маркази “Ёрии таъҷилӣ” - и Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик фаъолият дорад. Ӯ аз рӯи вазифа ҳамеша барои беморон кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонад ва аз касби интихобнамудааш қаноатманду хурсанд аст.
Ҳамеша ифтихор мекунам, ки мо 5 нафар наберагони бобо аз духтари калониашон дар гавҳорае калон шудем, ки бобоям бо дастони худ омода карда, барои мо туҳфа намудаанд. Шарофати ҳамнишинӣ бо бобо буд, ки имрӯз қаламкаш шуда, пайи хидмати ҷомеа равонам.
Шералӣ Давлатов, СССР