ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Май 01 2020

Соати 8-и субҳи имрӯз ҳавопаймои хатсайри махсуси ширкати «Сомон эйр» озими ш.Франкфурт лаби Майни Олмон шуд. 

   Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймо ҳангоми бозгашт кӯмаки башардӯстонаи Барномаи рушди СММ барои ҶТ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои сил ва роҳи нафас, ваксинаҳои кӯдакона ва хилъатҳои махсус барои табибонро хоҳад овард.

   Инчунин, қарор аст бо ин парвози махсус шаҳрвандони ҶТ, ки дар Олмон ҳастанд, ба Ватан баргардонида шаванд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар саҳифаи худ хабар додааст, ки шаҳрвандони хоҳишманд барои парвоз ба Ватан метавонанд то соати 11-и имрӯз ба фурудгоҳи ш.Франкфурт лаби Майн ҳозир шаванд.

 

Ҷумъа, Май 01 2020

   Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ  аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус ( CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ  шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. 

   Гуфта мешавад, ки имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст. 

   Ситоди ҷумҳуриявӣ  ҳамчунин бинобар ҳатмӣ будани истифодаи  ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарори вижаро қабул кард.

 

Ҷумъа, Май 01 2020

   Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ 29-уми апрели соли 2020 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 (даҳ) ҳодиса ва дар ш.Душанбе 5 (панҷ) ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар  ба қайд гирифта шудааст.

   Бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.

   Таъкид кардан ба маврид аст, ки шӯруъ аз 1 феврал ба ҳолати субҳи рӯзи 30 апрели соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

 

Чоршанбе, Апр 29 2020

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз 30 апрел то 10 май дар ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ рӯзҳои санитарӣ эълон гардида, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад. 

   Тавре ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси ш.Душанбе хабар медиҳад, дар робита ба ин, мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либос, аз он ҷумла ҶДММ «Бозори Корвон» дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ намоянд.

 

Чоршанбе, Апр 29 2020

 

Дар вилояти Хатлон бо вуҷуди эҳтиёткории мардум дар пасманзари авҷгирии коронавирус дар саросари ҷаҳон, хусусан дар Осиёи Марказӣ, фарҳанги хунсупории мардум коҳиш наёфтааст. Масъулини Раёсати тандурустии вилоят мегӯянд, ки дар ҷануби мамлакат шумораи онҳое, ки ихтиёран барои дигарон бидуни подош хун месупоранд, рӯ ба афзоиш аст.

 Саидвалӣ Ватанов,1 сокини 50-солаи шаҳри Бохтар, аз нафаронест, ки чун хунсупорандаи ифтихорӣ ном бароварда, ҳамин ҳоло барои супоридани хун аз ташхис мегузарад. Ин мард дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ҳарчанд хабарҳо дар бораи коронавирус ӯро нигарон кардааст, вале бовар дорад, ки нафаре мисли ӯ гардиши хунаш фаъол аст ба ҳар гуна вирусе метавонад мубориза барад.

- Ман ҳар сол то  6 маротиба хун месупораму ҳарос надорам, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарам, кӯшиш мекунам, ки ҳаёти нафареро наҷот диҳам. Хунсупорӣ ба саломатӣ фоида дорад. Барои ман хунсупорӣ одат шудааст, барои кумак ба нафаре, ки рӯзе ба касе лозим мешавад. Гоҳо ба донорҳои собиқадор ҷоизаю унвон медиҳанд, вале аксарияти онҳо на барои ҷоиза ва пул, ки барои наҷоти нафаре, инсоне, одаме хун месупоранд!

 

Донорҳо афзун мешаванд!

Масъулини маркази илмии ҷумхуриявии хун дар шаҳри Бохтар мегӯянд, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи хунсупорандагон ба теъдоди 60 нафар бештар шудааст. Иброҳим Айниддинов, 1 масъули ин марказ дар сӯҳбат гуфт, ки овозаҳои ахир ва хабарҳои расонаҳо дар бораи коронавирус муштариёни онҳоро коҳиш надода, балки бештар кард, Зеро донорҳо эҳсос карданд, ки имрӯз онҳо ба одамият бештар лозим шудан доранд:

-Ин чиз сафи хунсупорандагонро коҳиш надодааст. Дар ин вилоят ҳолати овозаҳое буд, ки корона то ин ҷо ҳам расидааст. Вале ҳоло ҳама ором аст, чун нафаре бо ин беморӣ сабт нашудааст,- таъкид дошт Иброҳим Айниддинов.

Мутахассисон 1 сабаби дигари рӯ ба афзоиш ниҳодани хунсупорандаҳоро дар таблиғоти дурусту саривақтӣ дидаанд. Гуфта мешавад, шумораи донорон дар вилояти Хатлон ҳоло ба 2130 нафар расидааст.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, ш.Бохтар

 

Ҷумъа, Апр 17 2020

   Бо Қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии ҶТ, ки имрӯз. 17.04.2020 ба тасвиб расид, аз 18 апрели соли ҷорӣ  гузоридани намозҳои ҷамоат-панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда мешавад. Инчунин, дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад-таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо низ манъ гардида, закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода мешавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.

Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-Ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд.

   Раёсати Шӯрои уламои ҶТ мегӯяд, ки вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид.

   Ин ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. 

 

саҳ 34 аз 156

Китобҳо

Flag Counter