ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: коронавирус ва хунсупорӣ…

  • Чоршанбе, Апр 29 2020

 

Дар вилояти Хатлон бо вуҷуди эҳтиёткории мардум дар пасманзари авҷгирии коронавирус дар саросари ҷаҳон, хусусан дар Осиёи Марказӣ, фарҳанги хунсупории мардум коҳиш наёфтааст. Масъулини Раёсати тандурустии вилоят мегӯянд, ки дар ҷануби мамлакат шумораи онҳое, ки ихтиёран барои дигарон бидуни подош хун месупоранд, рӯ ба афзоиш аст.

 Саидвалӣ Ватанов,1 сокини 50-солаи шаҳри Бохтар, аз нафаронест, ки чун хунсупорандаи ифтихорӣ ном бароварда, ҳамин ҳоло барои супоридани хун аз ташхис мегузарад. Ин мард дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ҳарчанд хабарҳо дар бораи коронавирус ӯро нигарон кардааст, вале бовар дорад, ки нафаре мисли ӯ гардиши хунаш фаъол аст ба ҳар гуна вирусе метавонад мубориза барад.

- Ман ҳар сол то  6 маротиба хун месупораму ҳарос надорам, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарам, кӯшиш мекунам, ки ҳаёти нафареро наҷот диҳам. Хунсупорӣ ба саломатӣ фоида дорад. Барои ман хунсупорӣ одат шудааст, барои кумак ба нафаре, ки рӯзе ба касе лозим мешавад. Гоҳо ба донорҳои собиқадор ҷоизаю унвон медиҳанд, вале аксарияти онҳо на барои ҷоиза ва пул, ки барои наҷоти нафаре, инсоне, одаме хун месупоранд!

 

Донорҳо афзун мешаванд!

Масъулини маркази илмии ҷумхуриявии хун дар шаҳри Бохтар мегӯянд, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи хунсупорандагон ба теъдоди 60 нафар бештар шудааст. Иброҳим Айниддинов, 1 масъули ин марказ дар сӯҳбат гуфт, ки овозаҳои ахир ва хабарҳои расонаҳо дар бораи коронавирус муштариёни онҳоро коҳиш надода, балки бештар кард, Зеро донорҳо эҳсос карданд, ки имрӯз онҳо ба одамият бештар лозим шудан доранд:

-Ин чиз сафи хунсупорандагонро коҳиш надодааст. Дар ин вилоят ҳолати овозаҳое буд, ки корона то ин ҷо ҳам расидааст. Вале ҳоло ҳама ором аст, чун нафаре бо ин беморӣ сабт нашудааст,- таъкид дошт Иброҳим Айниддинов.

Мутахассисон 1 сабаби дигари рӯ ба афзоиш ниҳодани хунсупорандаҳоро дар таблиғоти дурусту саривақтӣ дидаанд. Гуфта мешавад, шумораи донорон дар вилояти Хатлон ҳоло ба 2130 нафар расидааст.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, ш.Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter