ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 16 2019

Салом, СССР! Миёнаҳои моҳи июл-чилаи тобистони имсол сафаре доштам бо дӯстон ба Бадахшон. Сафари мо тақрибан соатҳои 17:30 аз ш.Душанбе оғоз ёфт. Шабро дар ш.Кӯлоб гузаронидем. То Кӯлоб роҳ ба дараҷаи олӣ буд. Саҳар барвақт, яъне соати 5:00 сафарро давом додем. Агар гӯем, ки аз Кӯлоб сар карда он тараф роҳи дурустеро надидем, шояд воҳима нашавад. Зеро ҷо-ҷо, то Шӯробод, баъдан то н.Дарвоз асфалтпӯш буду бас. Машаққати роҳ аз ақл берун аст ва сабаб бероҳист! Фикр мекунам, дар асри 21 надоштани роҳи дуруст ақаллан то маркази 1 вилояти калони кӯҳистон айб аст. Тасаввур кунед аз Кӯлоб то маркази вил.Бадахшон-ш.Хоруғ қариб 400 км роҳ ва онро бояд дар 6-7 соат тай кунед. Лек ин роҳро дар 19 соат тай кардем. Фаразан, 3 соатро дар хӯрокхӯрӣ сарф кардаем. Аҷиб ин аст, ки боз ба ҳамин аҳвол сайёҳон ба Бадахшон меоянд. Худо накарда агар дар роҳ мошинатон вайрон шавад, намедонам чӣ кор мекунед. Хуб мешуд, агар ҳар 1 ноҳияи вилоят бригадаҳои ёрии таъҷилӣ ва техникӣ ташкил карда, рақамҳои телефонҳои онҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар роҳ баъди 5-6 км насб мекарданд.

 

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад…

Дар бораи мардуми Бадахшон фақат суханҳои нек метавон гуфт. Шаби аввал дар ш.Хоруғ меҳмони хонадони дӯсти азиз Султонназар Холиқназаров будем. Ӯ собиқ роҳбари МЧС дар вилоят будааст. Мошини фарсудаи худро барои таъмир ба дӯши писараш-Лоиқ гузоштем. Баъдан, Султонназар моро то чашмаи «Авҷ»-и н.Ишкошим, ки аз Хоруғ 80 км дур асту ҷои табобати чашм, бо мошинаш бурд. Дар «Авҷ» дар меҳмонхонаи «Шодӣ» ҷой ҷудо карда буданд.

Ба инсони наҷиб, акаи Алидод-роҳбари меҳмонхона ташаккури самимонаи худро мерасонам. Аҳолии н.Ишкошим тоҷикӣ ҳарф мезананду хеле меҳрубонанд. Сайёҳонро дидем, ки аз тамоми давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрико, Россия бо мошинҳо, мотосикл, велосипед дар чангу хок ҳаракат доштанду фақат чашмонашон медурахшид. Аз онҳо пурсидам, ки таассуроти шумо аз Бадахшон чист? Онҳо аз набуди инфрасохтор шикоят мекарданд. Чизи дигаре, ки маро азият медод, ин обҳои дарёи бузурге, ки асрҳои аср ба коми бегонагон ройгон меравад. Ба назари ман агар дар Бадахшон НБО-ҳои бузург сохта шаванд, ин ҳам ба фоидаи Ватани азиз ва ҳам ба фоидаи табиат хоҳад буд.

 

Ба дидори бадахшонӣ наарзад!

Дар «Авҷ» 8 рӯз мондем ва ман аз он ягон фоидае надидам, аммо одамонеро вохӯрдам, ки мегуфтанд, баъди бори аввал омадан бе айнак баргаштаанд. Инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунам ва шахсан инро тасдиқ ё инкор намекунам. Вале ин маънои онро надорад, ки ин сафар ба ман маъқул нашуда бошад. Чизи дигаре, ки ба ман маъқул уфтод ин обу ҳавои тозаи Бадахшон аст. Вақте обуҳавошиносон гармии ҳаворо дар Душанбе +48 градус мегуфтанд, он ҷо гармии ҳаво +23-25 дараҷа буд. Дар охир, сипоси худ ва рафиқонамро ба хонадони акаи Султонназар мерасонам. Илоҳо, ҳаргиз дасти камро набинед, акаи Султонназар, янгаи меҳрубон ва Лоиқи азиз. Ҳар мушкиле дидем ин дар роҳҳои Бадахшон буд, дигар камбудие нест. Бовар дорам, вақтҳои наздиктарин Ҳукумати марказӣ роҳҳои Бадахшонро таъмири ҷиддӣ мекунад.

Зиёҷон Хошматов,

деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

 

Панҷшанбе, Окт 10 2019

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе аз фаъолияти хатсайри нави автобусӣ таҳти №37а, ки маҳаллаҳои Қаротегин ва Бунёдкоронро ба ҳам мепайвандад, хабар медиҳад.

   Гуфта мешавад, ки хатсайри нав аз 7.10.2019 ба фаъолият оғоз намуда, тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино ҳаракат мекунанд.

 

Чоршанбе, Окт 09 2019

Чанд нафар аз хонандагони газетаи мардумии СССР аз ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ, Балҷувону Ховалинг, ш.Панҷакент ба редаксия занг зада, дар мавриди буридани дарахтон, ҷаримаи он ва ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкорон тибқи қонун пурсиданд. Дар пайи ин мо тасмим гирифтем бо масъулони Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ вохӯрда, дар бораи буриши ғайриқонунии ҷангалзор ва дарахтони сояафкан дар кишвар, чораҳои нисбати бурандагони дарахтон андешидашуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо пурсон шавем.

Чинор ва арча-дарахтони муҳимтарин

Чуноне ки дар сӯҳбат бо мухбири СССР Раҷабалӣ Сафарзода, муовини сардори Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ иброз дошт, дар 6 моҳи аввали с.2019 аз ҷониби шӯъбаи мазкур доир ба буриши ғайриқонунии ҷангалзор ва дарахтони сояафкан 69 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба миқдори 1174 м. куб ҳезум мусодира шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи с.2018 422,4 куб кам аст. Маблағи зарари он ба табиат дар ин давра 140880 сомонӣ (1 метри кубӣ ба ҳисоби миёна 120 сомонӣ) ҳисобида шудааст. 

Шӯъбаи милитсияи экологӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ дар 6-моҳаи якуми соли ҷорӣ 10 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба миқдори 215 метри кубӣ ҳезум мусодира кардааст. Дар ш.Душанбе бошад дар ин муддат 20 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 272 м.кубӣ ҳезум мусодира шуда, дар вил.Суғд ин нишондод 30 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мусодираи 142 м.кубӣ ҳезумро нишон медиҳад. Шӯъбаи милитсияи экологӣ дар вил.Хатлон бошад дар нимсолаи якуми соли равон 5 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 209 м.кубӣ ҳезум мусодира кардааст. Дар минтақа ва ноҳияҳои Кӯлоб 2 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мусодираи 286 м.кубӣ ҳезум ва дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт бошад дар ин муддат 1 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мусодираи 50 м.кубӣ ҳезум ба қайд гирифта шудааст.

-Дарахтони чинору арча аҳамияти муҳим ва худсарона буридани онҳо ҷавобгарии ҷиддӣ доранд. Ғайр аз ҷарима зарари расидаи шаҳрванд ҳангоми буридани дарахт ба муҳити зист низ ҳисобида мешавад. Барои шахсони воқеӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷаримаи ин амал аз 5 то 10 ва гоҳо аз 15 то 20 нишондодро ташкил менамояд. Барои шахсони мансабдор бошад ҷарима барои худсарона буридани дарахтон аз 50 то 60 нишондод ва барои шахсони ҳуқуқӣ тибқи чанд моддаи ин Кодекс аз 100 то 300 нишондодро тақозо менамояд, - таъкид медорад Р.Сафарзода.

Ҳезум ба ятимхонаҳо…

Ҳезуми мусодирашуда пас аз ба расмият даровардану ба тасвиб расидани асноди лозима, баррасӣ ва омӯзиш ба бархе аз муассисаҳои иҷтимоии мамлакат дода мешавад. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми с.2019 аз ҷониби Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ ба Хонаи кӯдакони ш.Турсунзода, ба Раёсати қушунҳои дохилаи ВКД ҶТ, ба «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода», ба машқгоҳи Мағоб, ба қисми ҳарбии №5453, ба Коллеҷи оташнишонии ВКД ҶТ, ба 1 қатор мактабҳои таҳсилоти миёна ва мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Кӯлоб ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Мӯъминобод, Тоҷикобод ва Рашт ба таври ройгон супорида шуд. 

Дарахти бесоҳиб нест!!!

Сафарзода таъкид медорад, дар Тоҷикистон дарахти бесоҳиб нест ва буриши ғайриқонунии он низ ҷиноят маҳсуб мешавад.

-Сокинони кишвар фикр накунанд, ки дарахтоне, ки дар кӯчаву хиёбон, талу теппаву адиру кӯҳистон месабзанд, соҳиб надоранду буридани онҳо осон аст. Ҳар 1 дарахти ҳудуди кишвар соҳиб дорад ва соҳиби ин дарахтон ҳукумати ҷумҳурист, ки назорати ҷангалзор ва дарахтзори мамлакатро тавассути сохтору ниҳодҳои зертобеаш пеш мебарад. Ғайр аз Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ боз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ асту кормандони ин 2 сохтор дар самти эмин нигоҳ доштани ҷангалзор ва дарахтзори мамлакат якҷоя кор мекунанд. Сокинон бояд бидонанд, ки пеш аз буридани ҳар гуна дарахт, ҳатто хушкшуда пеш аз ҳама бояд ба идораи ҳифзи муҳити зисти маҳалашон муроҷиат кунанд ва танҳо пас аз ба даст овардани ҳуҷҷатҳои лозима метавонанд дарахтонро бибуранд, - афзуд Р.Сафарзода.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Ҷумъа, Окт 04 2019

   Шаби гузашта Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, ангурпарвари шинохта ва раиси хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт. Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил хостанд.

   Бино ба иттиллои аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Турсунзода расида, ҷанозаи марҳум имрӯз соати 11 дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов, деҳаи Сомониён (собиқ Янгибоғ) баргузор мешавад.

 

 

Чоршанбе, Сен 25 2019

Ҳафтаи равон Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо ирсоли 1 номаи расмӣ ба бархе аз суолҳову мавзӯҳое, ки дар чанд шумораи ахири газетаи СССР вобаста ба афзоиши талоқ дар байни оилаҳои тоҷик ва проблемаҳои занон дар ҷомеаи имрӯзи кишвар ба нашр расида буд, посухҳои мушаххас дод.

 

Раванди ҷаҳонишавӣ ва хатари он

Тавре Қосимзода Идигул дар номаи ҷавобии хеш мегӯяд, аз омори пешниҳодшудаи Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ, дар 6 моҳи с.2019, яъне нимсолаи якум дар кишвар 6065 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи с.2018 411 адад зиёд аст. Яъне, хабари қаблан нашршудаи дар сомонаҳои хабарии мамлакат дар бораи ба қайд гирифтани 12.000 талоқ байни оилаҳои ҷавони тоҷик асос надорад.

-Дар баъзе ҳолатҳо паст шудани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, амсоли дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо дар ҷомеа заиф намудааст. Ғайр аз ин бояд гуфт, ки бо назардошти суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷомеа хатари аз байн рафтани арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ пайдо мешавад, - навиштааст хонум Қосимзода.

 

12 сабаби пошхӯрди оила аз дурбини Кумита

Коршиносони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, аз таҳлили омор ва пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон хулоса кардан мумкин аст, афзоиши шумораи оилаҳое, ки ақди никоҳашон бекор карда шудааст, аз даврае оғоз меёбад, ки ин кӯдакон дар охири солҳои 1980-90 таваллуд ёфта, ба синни никоҳӣ расидаанд. Онҳо дар шароити номусоиду номувофиқ ба воя расидаанду ин омил ҳатман ба мафкураву кирдорашон таъсири манфӣ мерасонад. Зӯроварии хонаводагӣ, дахли шахсони сеюм, гирифтори беморӣ будани 1 тараф (ВНМО, нашъамандӣ, майзадагӣ, бемории рӯҳӣ), ҷои кори доимӣ надоштани шавҳар ва мушкилоти молиявӣ, хиёнати яке аз ҳамсарон, мӯҳлати тӯлонӣ аз ҳам ҷудо будани ҳамсарон (муҳоҷират), бефарзандӣ, надоштани ҷои зисти доимӣ, аз озодӣ маҳрум шудани яке аз тарафҳо, таҳаммулпазир набудани ҷавонҳо, бо исрори волидайн хонадор шудани ҷавонон ва надоштани меҳру муҳаббат нисбати якдигар-чунинанд сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавони тоҷик аз нигоҳи коршиносон ва мутахассисони Кумита.

 

6919 муроҷиат дар 6 моҳ

Тавре дар посухи Кумитаи мазкур омадааст, дар 6 моҳи соли равон ба Марказҳои иттилоотӣ-машваратии Раёсат, шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6919 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 4867 нафарро занон ва 1645 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар назди Қумита бо ҳамкории Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ дар ҶТ телефони «Боварӣ», Маркази захиравӣ оид ба масоили гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила амал мекунад, ки дар давоми 10 моҳи охир ба 1254 муроҷиаткунанда машварати ҳуқуқӣ додааст. Тамоми шаҳрвандони кишвар, хоса, занону духтарон ҳини сар задани мушкилот метавонанд ба телефони «Боварӣ»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ тариқи рақами 13-13 тамос бигиранд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР 

 

Ҷумъа, Сен 20 2019

    Рӯзи 17.09.2019 бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисо 5-и н.Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ-ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузошта шуд.

   Бояд гуфт, ки иқтидори корхонаи мазкур дар 1 сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин буда, барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил”-и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳанд шуд. Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегарданд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд.

    Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди ба истифода додани он 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Барои  бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф гашта, интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. 

 

саҳ 46 аз 156

Китобҳо

Flag Counter