ХАБАРИ ДОҒ

Бадахшониҳо меҳмондӯстанд!

  • Чоршанбе, Окт 16 2019

Салом, СССР! Миёнаҳои моҳи июл-чилаи тобистони имсол сафаре доштам бо дӯстон ба Бадахшон. Сафари мо тақрибан соатҳои 17:30 аз ш.Душанбе оғоз ёфт. Шабро дар ш.Кӯлоб гузаронидем. То Кӯлоб роҳ ба дараҷаи олӣ буд. Саҳар барвақт, яъне соати 5:00 сафарро давом додем. Агар гӯем, ки аз Кӯлоб сар карда он тараф роҳи дурустеро надидем, шояд воҳима нашавад. Зеро ҷо-ҷо, то Шӯробод, баъдан то н.Дарвоз асфалтпӯш буду бас. Машаққати роҳ аз ақл берун аст ва сабаб бероҳист! Фикр мекунам, дар асри 21 надоштани роҳи дуруст ақаллан то маркази 1 вилояти калони кӯҳистон айб аст. Тасаввур кунед аз Кӯлоб то маркази вил.Бадахшон-ш.Хоруғ қариб 400 км роҳ ва онро бояд дар 6-7 соат тай кунед. Лек ин роҳро дар 19 соат тай кардем. Фаразан, 3 соатро дар хӯрокхӯрӣ сарф кардаем. Аҷиб ин аст, ки боз ба ҳамин аҳвол сайёҳон ба Бадахшон меоянд. Худо накарда агар дар роҳ мошинатон вайрон шавад, намедонам чӣ кор мекунед. Хуб мешуд, агар ҳар 1 ноҳияи вилоят бригадаҳои ёрии таъҷилӣ ва техникӣ ташкил карда, рақамҳои телефонҳои онҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар роҳ баъди 5-6 км насб мекарданд.

 

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад…

Дар бораи мардуми Бадахшон фақат суханҳои нек метавон гуфт. Шаби аввал дар ш.Хоруғ меҳмони хонадони дӯсти азиз Султонназар Холиқназаров будем. Ӯ собиқ роҳбари МЧС дар вилоят будааст. Мошини фарсудаи худро барои таъмир ба дӯши писараш-Лоиқ гузоштем. Баъдан, Султонназар моро то чашмаи «Авҷ»-и н.Ишкошим, ки аз Хоруғ 80 км дур асту ҷои табобати чашм, бо мошинаш бурд. Дар «Авҷ» дар меҳмонхонаи «Шодӣ» ҷой ҷудо карда буданд.

Ба инсони наҷиб, акаи Алидод-роҳбари меҳмонхона ташаккури самимонаи худро мерасонам. Аҳолии н.Ишкошим тоҷикӣ ҳарф мезананду хеле меҳрубонанд. Сайёҳонро дидем, ки аз тамоми давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрико, Россия бо мошинҳо, мотосикл, велосипед дар чангу хок ҳаракат доштанду фақат чашмонашон медурахшид. Аз онҳо пурсидам, ки таассуроти шумо аз Бадахшон чист? Онҳо аз набуди инфрасохтор шикоят мекарданд. Чизи дигаре, ки маро азият медод, ин обҳои дарёи бузурге, ки асрҳои аср ба коми бегонагон ройгон меравад. Ба назари ман агар дар Бадахшон НБО-ҳои бузург сохта шаванд, ин ҳам ба фоидаи Ватани азиз ва ҳам ба фоидаи табиат хоҳад буд.

 

Ба дидори бадахшонӣ наарзад!

Дар «Авҷ» 8 рӯз мондем ва ман аз он ягон фоидае надидам, аммо одамонеро вохӯрдам, ки мегуфтанд, баъди бори аввал омадан бе айнак баргаштаанд. Инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунам ва шахсан инро тасдиқ ё инкор намекунам. Вале ин маънои онро надорад, ки ин сафар ба ман маъқул нашуда бошад. Чизи дигаре, ки ба ман маъқул уфтод ин обу ҳавои тозаи Бадахшон аст. Вақте обуҳавошиносон гармии ҳаворо дар Душанбе +48 градус мегуфтанд, он ҷо гармии ҳаво +23-25 дараҷа буд. Дар охир, сипоси худ ва рафиқонамро ба хонадони акаи Султонназар мерасонам. Илоҳо, ҳаргиз дасти камро набинед, акаи Султонназар, янгаи меҳрубон ва Лоиқи азиз. Ҳар мушкиле дидем ин дар роҳҳои Бадахшон буд, дигар камбудие нест. Бовар дорам, вақтҳои наздиктарин Ҳукумати марказӣ роҳҳои Бадахшонро таъмири ҷиддӣ мекунад.

Зиёҷон Хошматов,

деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter