ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Сен 13 2019

 

Мирзошоҳ Акобиров маъруф бо тахаллуси «Мичурини тоҷик», ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи улуми кишоварзии ҶТ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Рушноӣ» бо дастгирии МИҲД н.Рашт ният дорад, дар қисми шимолии деҳаи Ҷафри дараи Камароб, дар майдони беш аз 300 га «Боғи миллии себ» ташкил кунад. Аз Академияи илмҳо иттилоъ додаанд, ки захираи заминҳои корам дар талу теппаҳои Дараи Камароб, обҳои зулоли чашмасорон, захираҳои нодири генетикии Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр, боду ҳавои форами ноҳия имкониятҳои васеи кишоварзиро доро буда, хирмангоҳи пурфайзи 1 қисмати кишвари биҳиштосо-Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Баҳодур Уроқов, СССР

 

Панҷшанбе, Сен 12 2019

   Рӯзи 11.09.2019 бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади ш.Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бояд гуфт, ки Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад.

   Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Маркази минтақавии перинаталӣ дар ш.Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати ҶТ дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.

    Муассисаи тандурустӣ дорои шуъбаҳои қабул, бахши кӯмаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизи ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва дуи кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад. Дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидаанд, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст.

Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.

   Гуфта мешавад, ки Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ ва шабакаи обрасонӣ бунёд гардидааст. Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.

 

 

 

Панҷшанбе, Сен 05 2019

   Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахт ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳр раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки оид ба камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодашонро мустақиман ба ӯ ирсол намоянд.

    Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати иттиллоот ва робита бо ҷомеаи МИҲД ш.Душанбе хабар доданд, сокинон метавонанд арзу пешниҳодоти хешро тавассути “Viber” ва “Whatsapp” бо телефони рақами 985-95-22-22 ва почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ба унвони Раиси ш.Душанбе ирсол намоянд. 

 

 

Ҷумъа, Авг 30 2019

    Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» аз 2.09.2019 ба парвозҳои худ дар самти Душанбе-Маскав-Душанбе шурӯъ мекунад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ширкати номбурда хабар доданд.

    Гуфта мешавад, ки арзиши билет дар 1 самт 2844 сомониро ташкил намуда, парвозҳо дар ин хатсайр тавассути ҳавопаймои Boeing 767-300 анҷом хоҳанд ёфт. 

Қабл аз ин ширкати «Тоҷик эйр» парвозҳои нахустини худро дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе роҳандозӣ намуда, айни замон ин парвоз ҳафтае 1 маротиба анҷом дода мешавад.

 

Ҷумъа, Авг 30 2019

   То охири соли ҷорӣ дар кӯчаи Н.Қаробоев ва хиёбони С.Шерозии пойтахт 25 адад истгоҳҳои наву замонавии мусофирбар бунёд карда мешаванд. Дар ин бора сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ш.Душанбе хабар медиҳад.

   Бояд гуфт, ки айни замон дар пойтахт беш аз 76 адад истгоҳҳои замонавии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифта, маблағи умумии сохтмони иншоот зиёда аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Чоршанбе, Авг 28 2019

 

Камчинӣ ва гарон шудани арзиши тарбузро сокинони кишвар дар арафаи Иди саиди Қурбон хеле сахт эҳсос намуданд. Пеш аз ид нархи 1 дона тарбузи миёнҳаҷм аз 8-10 то 30 сомонӣ дакка хӯрд. 1 рӯз пеш аз ид бошад тарбуз ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудаву марзи 60-70 сомониро убур кард!!! Алорағми пешгӯии Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии ҶТ, ки 1 моҳ пеш зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ҳосили тарбуз дар кишвар имсол фаровону нархаш аз 10 сомонӣ боло намешавад ва пухта расидани ҳосили дуюми тарбуз нархи онро ба замин хоҳад зад, тарбуз ҳам камчин шуд ва ҳам гарон. 

 

Тарбуз дар полез «сӯхт»?

Фурӯшандаҳои ин меваи полезӣ ба суоли харидорон дар мавриди нархи осмонбӯси тарбуз мегуфтанд, бо сабаби гармии аз ҳад зиёд тарбуз дар сари заминҳо сӯхт. Иддае бошад, баръакс таъкид менамуданд, ки тарбуз бо теъдоди зиёд ба кишварҳои дигар, амсоли Афғонистон содирот шуда, деҳқонон онро аз сари замин бо нархи боло ба туҷҷори афғон яклухт фурӯхта истодаанд. Тавре хабарнигорони мардумии СССР аз ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷ.Балхиву Шаҳритус хабар медиҳанд, дар сари полез тарбуз қариб ки намондааст ва агар ҳам бошад танҳо дар майдончаҳои наздиҳавлигии сокинон. Тарбузи минтақаи Кӯлоб низ нав пухта расида, ҳамакнун ба бозорҳо баромада истодаасту тарбузи суғдӣ, хосса, Мастчоҳу Зафаробод аллакай тамом шудааст. Дар ҳақиқат, дар сари заминҳо тарбуз камчин аст, вале на сӯхтааст, на пӯсида-агар чунин мебуд мардум онро медиданду экологҳо бонги хатар мезаданд. Пас маълум мешавад, ки тарбуз «насӯхтааст», балки онро аз сари заминҳо яклухт нарх кардаву харида бурда истодаанд. Аммо ба куҷо?

 

Тарбуз ба Қирғизистону Литва рафт!

Бо ин суол мо ба маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ муроҷиат намудем. Чуноне ки дар ин ниҳод хабар доданд, тибқи омори содироти маҳсулоти кишоварзии полезӣ аз 1.01 то 31.07.2019 аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи мамлакат 124 ҳазору 377 кг тарбузу харбуза бароварда шудааст. Аз ин рақам 39 тоннаву 235 кг ба давлати Литва, 11 тоннаву 142 кг ба Афғонистон, 54 тонна ба Қирғизистон ва 20 тонна ба Украина содирот шудааст. Бино ба иттилои хадамоти мазкур, аз ҳама зиёд тарбузу харбуза аз ш.Турсунзода ва вил.Хатлон ба хориҷ аз ҷумҳурӣ рафтааст. Тавре мебинем, содироти он ба Афғонистон мутаносибан кам буда, дӯстдорони тарбузу харбузаи тоҷикӣ асосан қирғизҳову литвониҳо ва украинҳо будаанд. Деҳқонони тоҷик дар ин маврид мегӯянд, новобаста аз хубу фаровон шудани ҳосил нархи сӯзишворӣ хеле гарон буда, онҳо имкони шахсан баровардани маҳсулоти полезиро ба бозор надоранд ва маҷбуранд ба миёнаравҳои дохиливу хориҷӣ тарбузро аз сари замин фурӯшанд. Дар баробари ҳосили фаровони полезиҳо деҳқонон аз нархи гарони тарбузу харбуза низ шоданд, ки метавонанд ҳосили хешро аз сари замин на бо нархи яклухт мисли қабл, балки бо нархи бозор фурӯшанд. Пажӯҳиши СССР маълум кард, ки тарбуз «ягон майда насӯхтааст»: тарбузро аз сари замин ва бо нархи гарон бурда истодаанд.

М.Аминова, СССР

 

саҳ 47 аз 156

Китобҳо

Flag Counter