ХАБАРИ ДОҒ

Маркази перинаталӣ дар Кӯлоб-беназир дар минтақа

  • Панҷшанбе, Сен 12 2019

   Рӯзи 11.09.2019 бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади ш.Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бояд гуфт, ки Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад.

   Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Маркази минтақавии перинаталӣ дар ш.Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати ҶТ дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.

    Муассисаи тандурустӣ дорои шуъбаҳои қабул, бахши кӯмаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизи ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва дуи кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад. Дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидаанд, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст.

Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.

   Гуфта мешавад, ки Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ ва шабакаи обрасонӣ бунёд гардидааст. Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter