ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 17 2019

Имрӯз дар толори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар нишаст Ҳакимов Қурбоншоҳ сардори Сарраёсат гуфт, ки аҳолии вилоят ба 3.305789 расидааст, ки нисбати даври давраи соли пешин 77.157 нафар зиёд шудааст. Дар вилоят ҳамчунин 27%-и аҳолӣ камбизоат буда, 750 нафар ятими кулл аст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон 

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

Дар нишасти хабарии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон ба намояндагони ВАО иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1155  оила ҷудо шудаанд, ки нисбати соли гузашта 100 оила зиёд аст ва ин боиси нигаронист.

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

    Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 1429 иншоот ба истифода дода шуда, аз оғози соли 2018 то ба имрӯз бошад беш аз 2781 иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

   Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МИҲД вил.Суғд хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда то соли 2021 дар вилоят беш аз 6500 иншооти гуногун бояд бунёд карда шаванд. 

 

 

Сешанбе, Июл 16 2019

    Тибқи иттилои Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар кишвар то ба имрӯз 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафар муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ба қайд гирифташуда, теъдоди муштариёни фаъол 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад. То 11.07.2019 аз ин теъдод, яъне аз шумораи наздики 6,5 миллионнафара танҳо 1 миллиону 883 ҳазору 385 нафар тавонистаанд бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 сим-кортҳои хешро аз нав ба қайд бигиранд.

    Чуноне ки мавсуф зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳоли вобаста ба он» азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон-корти ID гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15.08.2019 ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз 2 симкортро бо шиносномаҳои нав-ID корт анҷом диҳад. 

   - Дар сурати то 15.08.2019 пурра иваз нашудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 мо метавонем барои тамдид намудани мӯҳлати мазкур ба ВКД ҶТ муроҷиат намоем, - таъкид дошт Илҳом Атоев.

 

 

 

Душанбе, Июл 15 2019

   Маркази «Ёрӣ ба муҳоҷирон» номгӯи ҳамаи хизматрасониҳоро ҷиҳати гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Руссия пешниҳод менамояд: 

   - Тарҷумаи тасдиқшудаи ШИНОСНОМА аз ҷониби идораи ноториалӣ дар ш.Москва. 

   - Тарҷумаи тасдиқшудаи РМА (ИНН) аз ҷониби идораи ноториалӣ дар ш.Москва.    - Сугуртаи тиббӣ (медицинское страхование);

   -  Сертификат дар бораи донистани забони русӣ аз тарафи Донишкадаи давлатии забонҳои русӣ ба номи А.С.Пушкин. 

Мӯҳлати гирифтани тамоми ҳуҷҷатҳо аз 4 то 6 рӯз. 

 

Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ-98853 55 55, 2270337 

Суроғаи мо-ш.Душанбе, к.Мирзо Турсунзода 3/1, ҳуҷраи 2.

 

 

Ҷумъа, Июл 12 2019

   ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» тасмим гирифтааст лоиҳаи навсозии пиёдароҳ ва кӯпруки мошингарди х.И.Сомонии пойтахтро то буриши хиёбони Сино татбиқ намуда, равшандиҳиндии хиёбони мазкурро ба таври муосир ба роҳ монад.

   Лоиҳаи иншооти мазкур  дар асоси қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ш.Душанбе ва КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия  гардидааст. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе ба корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳад кард.  

 

 

 

 

 

 

саҳ 51 аз 156

Китобҳо

Flag Counter