ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» тасмим гирифтааст лоиҳаи навсозии пиёдароҳ ва кӯпруки мошингарди х.И.Сомонии пойтахтро то буриши хиёбони Сино татбиқ намуда, равшандиҳиндии хиёбони мазкурро ба таври муосир ба роҳ монад.
Лоиҳаи иншооти мазкур дар асоси қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ш.Душанбе ва КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия гардидааст. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе ба корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳад кард.