ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 20 2019


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ин, ки СССР нашрияи мардумист ва шарик дар шодиву мусибати ҷамъият, ягон шубҳа надорам. Лиҳозо, мехоҳам аз 1 мушкили худ ба СССР муроҷиат кунам. Чанд суол ба Акбар Насимзода-раҳбари БДАи ҷумҳурӣ дорам ва хоҳишмандам посух диҳанд, то мисли ман садҳо нафар, ки бо ин мушкилот дар роҳ рӯбарӯянд, огоҳ бошанду аз ҳаққу ҳуқуқи худ бархурдор.
1.Кормандони БДА бояд барои айбдор кардани ронанда чӣ исбот дошта бошанд? Масалан, дар дигар давлатҳо барои исбот акс ё «видеофиксация» доранд…
2.Дар протоколе, ки нозири роҳ тартиб медиҳад, агар ронанда розӣ набошад онро чӣ гуна пур намояд, то ин ки бе ҷарима «права»-ашро бозпас гирад?
3.Дар ҷои мо бисёр вақт кормандони БДА одат кардаанд, ки протоколро пур накарда ба ронанда медиҳанду «имзо мон!» мегӯянд. Бояд нозири роҳ ҷойҳои холиро пур карда, сипас, он ҷоеро, ки ронанда бояд пур намояд, бидиҳад. Оё ронанда ҳақ дорад, ҷойҳои холии протоколро хат занад ва дар онҷо нависад, ки «холӣ» буд?
4.Ҳолати баҳсу нофаҳмиро байни ронандаю нозири роҳ бо видеорегистратор ё бо телефон навор гирифтан ҷоиз аст? Баъзан, онҳо дар ин ҳолат доду дӯғу даранг мезананд ва «ҳақ надорӣ» гуфта, ҳатто телефонро аз дастат кашида мегиранд.
Дар чунин ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо ронанда ба куҷо муроҷиат намояд?
5.Ҳангоми манъ кардани мошин агар нозири БДА назди ронанда наояд, то чи қадар вақт (сония) ронанда дар даруни мошини худ интизор шаваду баъди гузашти вақт мошинро ҳай карда равад? Зеро дар Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (фасли 2, боби 7, моддаи 72) гуфта шудааст, ки
«манъ кардани воситаҳои нақлиёт дар 4 ҳолат аст». Баъзан мешавад, ки нозирони роҳ сабаби манъ кардани худро намедонанд. Дар охир, «тафтиши ҳуҷҷат» мегӯянд. Ман ба онҳо борҳо гуфтаам, ки «шумо сабаби манъ карданро аз рӯи қонун надоред, дуюм ин ки тафтиши ҳуҷҷат фақат дар постҳои доимӣ (статсионарӣ) мешавад, ё ки бо фармони раёсат муваққатан амалиёти тафтиши ҳуҷҷат гузаронида мешавад. Агар фармон бошад, маро бо он шинос намоед». Оё дуруст аст, чунин рафтор бо нозири роҳ?
6.Барои тартиб додани протокол чӣ қадар вақт лозим аст?
7.Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо чигуна бояд бошад? Яъне дар дасти ронанда бояд бинад, ё ба дасти нозири роҳ ҳуҷҷатро додан ҳатмист? Чаро, ки онҳо одат кардаанд, ки ҳуҷҷатҳоро гирифта, бе парво ба мошини худ рафта мешинанд ва вақтро кашола медиҳанд. Гоҳе ҳолат, мошинро монда, баъди чанд вақт, меоям, ки рақами давлатии мошинамро канда гирифтаанд... Дар ин ҳолат тибқи қонун чӣ бояд кард? Дар дигар давлатҳо агар нозирони роҳ сабаби манъ карданашонро аниқ карда натавонанд ронанда ҳақ дорад аз нозири роҳ «бланка барои рапорт» талаб карда, аз болои ӯ ба роҳбараш шикоят барад.

Фаридун Ализода,
ҷамоати Ҳайдар Усмонов, куч.Шариф Қаландаров-231, н.Б.Ғафуров,
тел: 92 888 28 37

Чоршанбе, Март 13 2019


  Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон-ҶСК «Тоҷик Эйр» аз 31.03.2019 парвозҳои худро сар ва дигарбора барқарор менамояд. Тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимшаванда ва иҷозатдиҳандаи ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дастрас карда шудааст. Пас аз мувофиқа бо дигар сохторҳои марбута парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар самти Душанбе –Москва барқарор карда мешаванд.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуотии ширкати мазкур хабар доданд, сар аз 11 март дар тамоми нуқтаҳои чиптафурӯшии кишвар фурӯши чиптаҳои ширкат дар хатсайри Душанбе-Москва ва Москва-Душанбе оғоз гардида, парвози нахустин дар ин самт рӯзи 31-уми марти соли равон  дар назар дошта шудааст.
Пас аз анҷоми расмиёти муайян моҳи апрели соли равон давра ба давра парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар дигар хатсайрҳо низ барқарор карда мешаванд.

Чоршанбе, Март 06 2019


Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат ба шумор рафта, то ба имрӯз дар он зиёда аз 68,436 хоҷагии деҳқонӣ ба кишоварзӣ машғуланд. Новобаста аз ин ҳамасола теъдоди зиёди заминҳои корам аз киштукор монда истодаанд. Чунончи, тибқи маълумоти оморӣ аз с.2012 ин сӯ зиёда аз 10,571 га замин аз гардиши кишт мондаанду бо сабабҳои зерин истифода нашудаанд:
1.Шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ;
2.Аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот;
3.Дар натиҷаи селоб зер кардан, нагузарондани корҳои мелиоративӣ;
4.Аз нав таъмир ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда;
5.Набудани шабакаҳо барои обёрӣ.
Тибқи маълумоти Кумитаи замини вил.Хатлон дар 7 соли охир бештар аз 1500 га замини корам дар ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликул) 1699 га, н.Қубодиён 1192 га, н.Ҷ.Балхӣ 1127, н.Панҷ 1342 га аз коркарду гардиш мондаанд. Масъулини кумита мегӯянд, нисбати солҳои 2012 заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда истода 1 маротиба кам шудааст ва мутахассисон тамоми талошҳоро мекунанд, ки аз ин раванд пешгирӣ намоянд. Дар соли 2018 аз майдони умумии вилоят 4653 га замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Замини партов бошад ба ҳолати 1.01.2019 дар марзи маъмурии шаҳру навоҳии вилоят 20,292 га-ро ташкил мекунад. Сабабҳои асосии бекоршавӣ ин баланд будани обнокии замин аст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар 5 соли охир бо мақсади нигоҳ доштани заминҳои кишт дар ҳолатӣ корӣ, беш аз 10.000 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 млн сомонӣ ворид шуда, барои ин дар ҳаҷми беш аз 200 млн сомонӣ имтиёзҳо татбиқ шудаанд. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замин, махсусан, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин чораҷӯӣ намоянд. Дар баробари ин, супориш шудааст, ки дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо андешида шаванд.

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, Март 04 2019


   Рӯзи 2.03.2019 дар сарҳади миёни Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боботоғи Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз 1 нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобили дуҷониба ифтитоҳ ёфт.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, дар маросими ифтитоҳ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии ҶӮ Руслан Мирзоев иштирок намуданд.
   Ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шуда, ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид гардида, бо техника муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 17 нуқтаи назоратӣ- гузаргоҳӣ фаъолият мекунад.

Панҷшанбе, Фев 28 2019

 Сар аз 25.02.2019 дар ш.Душанбе хатсайри нави автобусии №29 ба фаъолият оғоз кард.
   Чуноне ки ба мухбири СССР аз МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар доданд, хатсайри мазкур аз Беморхонаи Қарияи боло то маҳаллаи Пахтакор тӯл кашида, автобусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад ҳаракат менамоянд.

Чоршанбе, Фев 27 2019


Маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар хушбоду ҳаво ва сабзу хуррам асту сокинон омодагии ҷиддӣ ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» доранд. Бояд қайд кард, ки шаҳри Бохтар рӯз то рӯз мисли гул баҳорӣ шукуфтан дорад, бовар надоред? Пас метавонед аз дурбини мухбири СССР ин ҳамаро бинед!
Бояд гуфт, ки шаҳрдори маркази вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуалим субҳи кориашро аз ободонӣ шуруъ кардаву ҳар 1 гулу гиёҳро шахсан назорат мекунад, ҳатто теъдоди гулҳои шукуфтаву ношукуфтаро аз ёд медонад. Барои ҳусни хоса бахшидан ба шаҳр бо супориши шаҳрдор гулҳои махсус аз хориҷа оварда, дар хиёбони марказии шаҳр шинонда шудааст, ки симои марказ ба шаҳрҳои Аврупо монанд мегардад. Таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳр ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани онҳо дар маҳаки асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар ва сохторҳои дахлдори соҳа қарор дошта, танҳо соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 15,8 км чароғонкунии кӯчаҳо, азнавсозӣ ва таъмири роҳу роҳравҳо 38,1 км ва 2 адад пул сохта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар дар самти назорати давлатии истифода ва захираҳои об низ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва Кодекси оби ҶТ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳдории манбаъҳои обӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ, корҳои ташвиқотиву тарғиботии судманд тавассути ВАО сурат гирифтаанд. Айни замон дар тамоми гӯшаю канори ш.Бохтар корҳои ободониву сабзкорӣ давом ёфта, сокинони шаҳр бо азму иродаи хеш ба ҳашару шанбегиҳо баромада, дар рушду нумӯи он саҳми худро мегузоранд. Ба хотири зебоии шаҳр бо дастури раис гулу буттаҳо ва ниҳолҳои кастонаву дигар намуди дарахтони ороишӣ аз хориҷи мамлакат оварда, дар хиёбонҳои шаҳр шинонида шудаанд.
Шаҳри Бохтар ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» комилан омодагӣ гирифта, ҳамчун тӯҳфа 19 иншооти навро омода кардааст, ки ҳалолашон бод!

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

саҳ 60 аз 156

Китобҳо

Flag Counter