ХАБАРИ ДОҒ


Маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар хушбоду ҳаво ва сабзу хуррам асту сокинон омодагии ҷиддӣ ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» доранд. Бояд қайд кард, ки шаҳри Бохтар рӯз то рӯз мисли гул баҳорӣ шукуфтан дорад, бовар надоред? Пас метавонед аз дурбини мухбири СССР ин ҳамаро бинед!
Бояд гуфт, ки шаҳрдори маркази вилояти Хатлон Исмоилзода Абдуалим субҳи кориашро аз ободонӣ шуруъ кардаву ҳар 1 гулу гиёҳро шахсан назорат мекунад, ҳатто теъдоди гулҳои шукуфтаву ношукуфтаро аз ёд медонад. Барои ҳусни хоса бахшидан ба шаҳр бо супориши шаҳрдор гулҳои махсус аз хориҷа оварда, дар хиёбони марказии шаҳр шинонда шудааст, ки симои марказ ба шаҳрҳои Аврупо монанд мегардад. Таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳр ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани онҳо дар маҳаки асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар ва сохторҳои дахлдори соҳа қарор дошта, танҳо соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 15,8 км чароғонкунии кӯчаҳо, азнавсозӣ ва таъмири роҳу роҳравҳо 38,1 км ва 2 адад пул сохта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар дар самти назорати давлатии истифода ва захираҳои об низ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва Кодекси оби ҶТ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳдории манбаъҳои обӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ, корҳои ташвиқотиву тарғиботии судманд тавассути ВАО сурат гирифтаанд. Айни замон дар тамоми гӯшаю канори ш.Бохтар корҳои ободониву сабзкорӣ давом ёфта, сокинони шаҳр бо азму иродаи хеш ба ҳашару шанбегиҳо баромада, дар рушду нумӯи он саҳми худро мегузоранд. Ба хотири зебоии шаҳр бо дастури раис гулу буттаҳо ва ниҳолҳои кастонаву дигар намуди дарахтони ороишӣ аз хориҷи мамлакат оварда, дар хиёбонҳои шаҳр шинонида шудаанд.
Шаҳри Бохтар ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» комилан омодагӣ гирифта, ҳамчун тӯҳфа 19 иншооти навро омода кардааст, ки ҳалолашон бод!

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter