ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 13 2019


   Соли 2018 дар доираи корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар дар маркази ш.Турсунзода ва ҷамоатҳои деҳоти он корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани беш аз 310 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, 52 иншоот алакай ба истифода дода шудааст. Дар ин бора рӯзи 12.02.2019 зимни нишасти матбуотӣ Абдулқодир Вализода, раиси ш.Турсунзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Бино ба иттилои раис, аз ҷумла дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ 2 бинои баландошёна иборат аз 88 ҳуҷра, растаи арӯсию домодӣ дар наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқлол», фаввора дар роҳи даврашакли марказӣ, ангора ва мавзеи гулкорӣ дар роҳи даврашакли маҳаллаи 5-ум, Маркази саломатии деҳавӣ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навобод, 57 синфхонаи иловагӣ дар 6 ҷамоатҳои шаҳр, таъмини аҳолии 2 ҷамоати деҳот бо оби нӯшокӣ, 8 сартарошхона дар 4 ҷамоати деҳот, 2 китобхона дар 2 ҷамоати деҳот, 1 майдончаи бозиҳои кӯдакона дар маҳаллаи 3-юми шаҳр, 2 толори варзишӣ дар 2 ҷамоати шаҳр, 3 майдончаи варзишӣ дар маркази шаҳр ва 3 нуқтаи хатнакунӣ дар 3 ҷамоати деҳот ба мардум барои истифода дода шуданд.
   Инчунин, дар деҳоти шаҳр 6 бунгоҳи тиббӣ, 10 утоқи кории раисони маҳаллаҳо, сардхона бо ғунҷоиши 80 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, бинои хобгоҳ ва утоқҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳр, ба истифода додани кӯпруки мошингузар дар байни деҳаҳои Сомониён ва Заркамари ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, ифтитоҳи сардхона бо ғунҷоиши 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», ангораи рамзии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», 2 ҳаммом дар ҷамоати деҳот, 3 дорухона дар 3 ҷамоати деҳот, 1 майдони хурди варзишӣ ва майдончаи бозиҳои кӯдакона, 3 истгоҳ дар маркази шаҳр, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 1 маркази хизматрасонӣ бунёд ёфта, барои истифода ба сокинон дода шуданд.

СССР

Душанбе, Фев 11 2019


 Кормандони Хадамоти фурӯши барқи ш.Бохтар соли 2018 нисбати 770 нафар муштариён бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи  нерӯи барқ парвандаҳои маъмурӣ тартиб доданд, ҷамъи умумии ҷаримапулиҳо 511 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аҳлиддин Шарифов-сардори Хадамоти фурӯши барқи ш.Бохтар мегӯяд: «Баъзе аз ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои сӯзишворӣ, марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва сокинон дар истифодаи нерӯи барқ ҳуқуқвайронкунӣ содир намуданд. Аз ҷумла ба истифодаи барқ  бидуни ҳисобкунак, дуздии он, истифодаи таҷҳизоти сермасрафи барқӣ ё дигар рафторе, ки зидди қоидаҳои истифодабарии нерӯи барқ аст, даст задаанд».        
 Соли гузашта онҳое, ки вобаста ба корбурди нерӯи барқ амалҳои зиддиқонунӣ содир намуданд аз 350 то 11 ҳазор сомонӣ ҷарима супориданд.

Душанбе, Фев 11 2019


   Дилшод Исматуллозода, директори генерали ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки барои дубора эҳё намудани ширкат бояд мутобиқи нақша-чорабиниҳои ҳукуматӣ, ки барои баромадан аз бӯҳрони молиявӣ барои солҳои 2018-2023 пешбинӣ карда шудааст, амал намуда, хароҷоти молиро кам, роҳандозии технологияҳои навро ба роҳ монда, ҳавопаймоҳои нав харидорӣ ва идоракуниро тақвият бахшидан лозим аст.
- Муттаассифона, парки техники ширкат кӯҳна аст ва тасмим гирифтаем он ҳавопаймоҳоеро, ки аз истифода берун шудаанд, ба фурӯш гузошта, бо ин роҳ каме ҳам бошад вазъи молиявиро беҳтар созем. Маҳз бо ин сабаб мо наметавонем 1 ҳавопаймои худро, ки дар фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав қарор дораду аз таъмири техникӣ баромадааст, биёрем. Барои ин амал алакай гуфтушунидро бо институтҳои молиявӣ сар кардаем. 1 ҳавопаймои дигари мо, ки  ба хотири қарзҳо дар ҳабс қарор дошт, алакай озод шуда, пас аз гузаронидани бархе аз амалиётҳо мо онро метавонем ба истифода барорем, -таъкид дошт Дилшод Исматуллозода.

СССР

Ҷумъа, Фев 08 2019


   Корхонаҳо ва ташкилотҳои вилояти Хатлон аз ҶСК «Тоҷиктелеком» 4 миллион сомонӣ қарздорад ва то ба ҳол пардохт накардаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Мавсуф иброз дошт, ки ин маблағи истифодаи телефонҳои корӣ буда, қарздорони асосӣ мақомотҳои маҳаллӣ ва сохторҳои қудратии вилоят мебошанд.

 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 08 2019

 

   Дар соли 2018 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе 200 ишооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ пурра рангубор ва таҷдид гардида, корҳои равшандиҳӣ бо дизайни замонавӣ дар 86 бинову иншоотҳо, инчунин азнавсозии 27 адад истгоҳҳои муосир ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра  сохтмони 11 боғу гулгаштҳо ва 102 майдончаи варзишй пурра ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар соли ҷорӣ бунёди боз 7 гулгашту 56 майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе хабар дод.

   Чуноне ки номбурда зикр намуд, дар ин давра ба масоҳати умумии 218 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳатҳои тиҷоратӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 124 иншоотҳои гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дорад. Дар соҳаи маориф азнавсозӣ ва таъмиру сохтмони 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ шудааст, аз ҷумла, сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст, ба истифода дода шуд. Дар 28 муассисаи таълимии боқимонда барои зиёда аз 20 ҳазор ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Сохтмони 8 муассисаи томактабӣ барои 1652 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 17 муассисаи томактабӣ барои 1997 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома доранд.

 

 

 

 

Душанбе, Фев 04 2019


   Аз 3.03.2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» парвозҳои худро дар самти Душанбе-Истанбул-Душанбе тавассути фурудгоҳи нави ш.Истанбул ба роҳ хоҳад монд. Фурудгоҳи нави Истанбул яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф гашта, тақрибан 40 км дуртар аз маркази шаҳр, дар наздикии баҳри Сиёҳ ҷойгир аст.
    Чуноне ки ба мухбири мо Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати номбурда изҳор намуд, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” феълан парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул ҳафтае 3 маротиба –рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 18:00, аз фурудгоҳи Истанбул – 22:40 ба вақти маҳаллӣ. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷромегарданд.

 
 

саҳ 62 аз 156

Китобҳо

Flag Counter