Дилшод Исматуллозода, директори генерали ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки барои дубора эҳё намудани ширкат бояд мутобиқи нақша-чорабиниҳои ҳукуматӣ, ки барои баромадан аз бӯҳрони молиявӣ барои солҳои 2018-2023 пешбинӣ карда шудааст, амал намуда, хароҷоти молиро кам, роҳандозии технологияҳои навро ба роҳ монда, ҳавопаймоҳои нав харидорӣ ва идоракуниро тақвият бахшидан лозим аст.
- Муттаассифона, парки техники ширкат кӯҳна аст ва тасмим гирифтаем он ҳавопаймоҳоеро, ки аз истифода берун шудаанд, ба фурӯш гузошта, бо ин роҳ каме ҳам бошад вазъи молиявиро беҳтар созем. Маҳз бо ин сабаб мо наметавонем 1 ҳавопаймои худро, ки дар фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав қарор дораду аз таъмири техникӣ баромадааст, биёрем. Барои ин амал алакай гуфтушунидро бо институтҳои молиявӣ сар кардаем. 1 ҳавопаймои дигари мо, ки ба хотири қарзҳо дар ҳабс қарор дошт, алакай озод шуда, пас аз гузаронидани бархе аз амалиётҳо мо онро метавонем ба истифода барорем, -таъкид дошт Дилшод Исматуллозода.
СССР