ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Фев 04 2019


   Имрӯз 4.01.2019 дар маркази вилояти Хатлон-ш.Бохтар, дар бинои Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нишасти матбуотӣ бо ширкати мудирони бахши САҲШ-и 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
   Сафарзода Зинатгул, мудири ин ниҳод ба журналистон иттиллоъ дод, ки дар соли 2018 дар вилоят 2376 ақди никоҳ бекор карда шуда, 2042 тифл ятим монданд.
   Дар рафти нишасти матбуоти мудири САҲШ-и н. Фархор Раҳимзода Низорамоҳ афзуд, ки аксарияти мардон барои бекор кардани ақди никоҳ ариза навишта, бо ин баҳона ба суд муроҷиат мекунанд, зеро гирифтани шаҳрвандии русӣ тибқи қонун бо ҳалномаи суд анҷом ёфта, маҳз тариқи суд ақди никоҳаш бекор карда мешавад. Дар ин робита, аз ҷониби хабарнигорон пешниҳод карда шуд, ки шаҳрвандоне, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия ақди никоҳашонро қатъ мекунанд, 1 маблағи калонро ба буҷаи давлат пардохт кунанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, Фев 04 2019


   Дар муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» дар минтақаи шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма  баргузор гардид. Файзуллозода Насрулло, сардори ин муассиса дар рафти нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки дар фасли зимистон захираи маводҳои зидди лағжиш ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.
   Аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳия барои таъмири роҳҳои марказӣ ва маҳҳалӣ маблағаҳои кам ҷудо шуда, гуфта мешавад, ки дар минтақаи ш.Бохтар беш аз 3000 км роҳҳо муаллақ мондаанду то ба имрӯз соҳиби аслии худро пайдо накардаанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 01 2019


   Эстакадаи 3 сатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои ш.Душанбе пеш аз мӯҳлат, то охири соли равон ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Маҳмадсаид Зувайдзода аз ҷумла зикр намуд, ки тибқи  нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд 2 сол идома меёфт, вале сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд.
   - Ҳамаи корҳо ва супоришҳое, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе дода шуданд, иҷро гардиданд, аз ҷумла, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба макони дигар кӯчонида шуда, дарахтони ҳудуди сохтмон бурида шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан тариқи роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳамкории мо бо масъулини сохтмони ин эстакада идома дорад, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.
   Сохтмони  эстакадаи 3 табақаи мазкур дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ин эстакада аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад.

Ҷумъа, Фев 01 2019


 Дар давоми 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 80330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шуда, бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ хабар доданд, дар асоси тағйиру иловаҳои охире, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад. Ҳамчунин маросими мазкур  танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.


Панҷшанбе, Янв 31 2019


Ҳукумати ш.Душанбе тасмим гирифтааст барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти мардуми камбизоат қитъаҳои заминро барои бунёди манзили зист
аз маҳаллаи Ховарон ҷудо намояд. Дар ин бора ба хабарнигорон Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе рӯзи 31.01.2019 иттилоъ дод.
   Маҳмадсаид Зувайдзода таъкид намуд, ки шумораи аризадиҳандагон барои таъмин намудан бо манзили зисти ройгон ба унвони Ҳукумати ш.Душанбе аз соли 1985-и асри гузашта ворид шуда, барои ҷудо намудани қитъаи замин беш аз 27 ҳазор нафар ва барои ҷудо намудани манзил аз биноҳои бисёртабақа наздики 24 ҳазор ниёзманд дар навбатанд.
   Ба хотири қонеъ намудани ин эҳтиёҷоти мардум аз ҷониби шаҳрдорӣ аз 3 минтақаи маҳаллаи Ховарони пойтахт, ки бо номи Теппаҳои шарқӣ низ маъмул аст, қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд.

СССР

Панҷшанбе, Янв 31 2019


30 январи соли ҷорӣ, дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вил.Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сардори Раёсат С.Мӯсозода ба хабарнигорон иттилоот дод, ки дар вилоят шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 31.12.2018 239914 ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 297 сомонӣ баробар аст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ, маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо аст. Дар вилоят 672 ятими кулл ҳаст, ки нисбати с.2017 50 нафар зиёд шудааст… шудааст.
Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

саҳ 63 аз 156

Китобҳо

Flag Counter