ХАБАРИ ДОҒ

Эстакадаи сесатҳа пеш аз мӯҳлат ба истифода дода хоҳад шуд

  • Ҷумъа, Фев 01 2019


   Эстакадаи 3 сатҳаи маҳаллаи Қарияи Болои ш.Душанбе пеш аз мӯҳлат, то охири соли равон ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Маҳмадсаид Зувайдзода аз ҷумла зикр намуд, ки тибқи  нақша, сохтмони эстакадаи мазкур бояд 2 сол идома меёфт, вале сарвари давлат зимни ифтитоҳи эстакадаи якум, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт воқеъ аст, ба масъулин супориш доданд, ки то охири соли 2019 онро мавриди истифода қарор диҳанд.
   - Ҳамаи корҳо ва супоришҳое, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе дода шуданд, иҷро гардиданд, аз ҷумла, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба макони дигар кӯчонида шуда, дарахтони ҳудуди сохтмон бурида шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан тариқи роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳамкории мо бо масъулини сохтмони ин эстакада идома дорад, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.
   Сохтмони  эстакадаи 3 табақаи мазкур дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ин эстакада аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир мебошад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter