ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 10 2019


Дар ш.Бохтар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 51 млн. 177 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ зиёд, ё афзоиши истеҳсоли маҳсулот 106,1 фоизи дурнамост. Баҳри иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои с.2018 аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 90 га ғалладонагиҳо, пахта 300 га, сабзавот 83 га, картошка 36,2 га ва зироатҳои хӯроки чорво 53,4 га кишт карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо  2176,8 тонна, пахта 670,1 тонна, сабзавот 14002,4 тонна, мевагӣ 196 тонна, картошка 1405 тонна ва зироатҳои хӯроки чорво 2383 тоннаро ташкил медиҳад…

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, Янв 09 2019


Тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкатҳои нақлиётии тавассути воситаҳои нақлиёти мусофирбари сабукрави кироякаши таксӣ фаъолияткунанда, ки хизматрасониро дар ҳудуди ш.Душанбе анҷом медиҳанд, вазифадор карда шуданд, ки то 15.06.2019 воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксиро бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.
  Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси ш.Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётдар ш.Душанбе муваззаф карда шуданд, ки ҷиҳати бо намои зоҳирии қабулгардида роҳандозӣ намуданифаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешанд.
   Бояд гуфт, ки лоиҳаи Бадриддин Қурбонов, муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ғолиби измуни шаҳрдорӣ оид ба намуди ягонаи таксиҳои пойтахт, ки ба озмун пешниҳод шуда буд, ғолиб дониста шуда, мавсуф аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо 5000 сомонӣ мукофот қадрдонӣ гардид.
 

Ҷумъа, Янв 04 2019


 Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ба диққати мусофирон мерасонад, ки то анҷоми мавсими зимистонаи парвозҳои солҳои 2018-2019 парвозҳои ширкати мазкурро ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» иҷро хоҳад кард.
   Чуноне ки Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати «Тоҷик эйр» эълон дошт, айни замон байни ин 2 ширкати ҳавопаймоӣ тавофуқнома дар мавриди интиқоли мусофирон ба шаҳрҳои ФР ба имзо расида, амалиёбии хатсайрҳо низ ҳаллу фасл шудааст.
   Бояд қайд намуд, ки ширкати «Тоҷик эйр» парвозҳои худро аз рӯзи аввали соли ҷорӣ дар самтҳои шаҳрҳои ФР мавқуф гузошта, хабар дода буд, ки ин кор ба хотири баррасӣ намудани вазъи молии ширкат ва таҳқиқи зарару фоидаи парвозҳо сурат гирифта, хатсайрҳо то 7.01.2019 муваққатан мавқуф гузошта мешаванд.


Ҷумъа, Янв 04 2019


Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруфи тоҷик бар асари беморӣ дар сини 55-солагӣ, соати 2-и шаби 3.01.2019 дар бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳаёт чашм пӯшид.
Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.

Ҷумъа, Янв 04 2019


 Ҷасади модари тоҷик ва 3 кӯдакаш  аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар ш.Магнитогорск ёфт шуда, рӯзҳои наздик ба Ватан интиқол дода хоҳанд шуд.
   Гуфта мешавад, ки ҷасади  шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Исоева ва 3 фарзанди ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола аз зери харобаҳо пайдо шуда, Шуҳрат Улфатов, падари ин хонавода, ки баъди 7 соати фурӯ рафтани хона аз зери харобаҳо дар ҳолати вазнин берун оварда шуд, феълан барои идомаи табобат аз Магнитогорск ба Челябинск интиқол дода шудааст.
   Таркиши лӯлаи газ субҳи 31.12.2018 дар яке аз биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази ш.Магнитогорски Россия ба вуқӯъ пайваст, дар ин бино ба ҷуз оилаи Улфатовҳо, ки зодаи н.Кӯшониён мебошанд, боз 1 оилаи дигари Тоҷик-Самиевҳо зиндагӣ мекарданд. Оилаи Самиевҳоро аз ин ҳодиса наҷот ёфта, тавассути кран аз байни харобаҳо ба берун бароварда шуданд.

саҳ 66 аз 156

Китобҳо

Flag Counter