ХАБАРИ ДОҒ

Аз бомжи тамаддун то куфргӯӣ!

  • Чоршанбе, Янв 02 2019

 


Аз фалак бинад ҷаҳон гуфтору рафтори туро,
Эй хаёл, андешаи бадро амон ёбӣ ҳанӯз?

-Бо вуҷуди он ки аз ВАО зиёд дар бораи фанатизми исломӣ ва пешгирӣ аз фолу ҷодуву тӯмору таштоб мегӯяд, то ҳатто маркази матбуоти ВКД ҶТ қариб дар ҳар 1 гузориши худ аз боздошту найрангу фосиқии фолбинону таштобнависон гузориш медиҳаду мардумро ҳушдор, аммо боз ҳам таваҷҷӯҳу «ихлоси» мардум (бештар занон) ба ҷинбаророн меафзояд. Чаро чунин аст?
-Сабабҳои асосӣ:
1.Ҳанӯз Фаридун ҳангоми ба арӯсии 3 духтари шоҳи Яман-Сарв 3 писарашро роҳӣ кардан аз сеҳру ҷоду ва бовари тозиён ба фиреби худашон, огоҳ медорад («Шоҳнома»). Аҷиб, ки мо ҳамеша фиребашонро мехӯрем. Агар китоби Б.Ғафуров ва Прохоров «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан»-ро хонед, мебинед, ки ғалабаҳои араб, асосан аз роҳи фиреб буда
Уммавиён, ки сари қудрат омаданд (асрҳои 7-8 милодӣ), исломиёни ғайриарабро ба пастзанӣ ва таҳқир сар гирифтанд, мавло (ғулом) мегуфтанд ва ба вазифа роҳ намедоданд ва машғули корҳои паст медоштанд, аз ҷумла, эрониёнро нисбат ба арабҳо поин медонистанд ва ба мазоҳ мекашиданд (Комил Бекзода. «Шуубия», мазмунан) ва ҳолате шуд, ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Достони Сиёвуш» овардааст:
Чу гетӣ тиҳӣ монд аз ростон,
Ту эдар ба будан мазан достон.
Куҷо он сару тоҷи шоҳаншаҳон?
Куҷо он диловар гиромӣ меҳон?
Куҷо он ҳакимону донандагон?
Ҳама ранҷбардор хонандагон?
Куҷо он бутони пур аз нозу шарм?
Сухан гуфтани хубу овои нарм?
Куҷо он ки бар кӯҳ будаш куном,
Бурида зи орому аз кому ном?
Ҳама хок доранд болину хишт,
Хунук он ки ҷуз тухми некӣ накишт!...
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?! (ҷилди 3, саҳ.24-25)
Ин фиғонест, ки 1000 сол боз ба гӯши дар умрашон ҳатто 1 бор наандешида, ки онҳо низ инсонанд, кашида мешавад. Уммавиёни шовинист на танҳо Қурону Муҳаммад, ҳатто Худоро низ ба ҳаппаки бозӣ табдил доданд ва болои ин шамшери хунрез ва зиндону шиканҷаҳои гӯшношунид (хусусан барои донишмандон ва орифон)-ро ба роҳ андохтанд. На ба покии исломи Иброҳимии дар роҳи Худо тарки шоҳаншоҳӣ кардаи (шоҳаншоҳи ориёии Бохтар) пешин баргаштан мемонданд ва на покии исломи Муҳаммадию Салмони Форсиро шинохтан. Мардум аз покӣ ҳам монданду аз Худо ҳам, торикии имон ва боварҳо ба фолбинону ҷинбозон, ки «Авасто» зодаи Аҳриманашон медонад, афзуда мешуд. Баднафсони худбини фурсатҷӯ зуд ба авомбозӣ даромаданд ва авом ҳамеша зиёд аст. Авомон, ки ба бозии авомфиребон даромаданд, аз паси онҳо, чун аз паси хари таҷҷол (даҷҷол), рафта-рафта ҷузви хартаҷалиҳо мешаванду дигар чунон роҳҳои дурӯғин ёфта, мебароранд, ки хартаҷалро даҳан меканад. Масалан, агар хартаҷал кӯҳнадӯзи хандони сари бигиз порагӯшти шогирди Носири Хусрав омада истодаро бубинад, ҳайрон намемонад? Мемонад! Инсон аз ҷомеаи инсонӣ канда ва ба пода банда мешавад. Каси ба он роҳ сар халонида, баромада наметавонад. Авом, ки ба лабиринт афтад, чӣ гуна барояд? Мисоли зиндаашро баъди бозсозӣ дар ҳама ҷо мебинем. Шаманбозӣ ҳам рӯз ба рӯз дар шукуфоӣ, озодона меомӯзанд ва омӯхта мешаванд. Одамизод одат карда, ки ҳарчи баде ба сараш ояд, аз дигарон бубинад. Ин осон метобад барои сабуксозии бори дӯши худ. Аммо ҳосил гаронтар.
2. 99 дарсади мардум ҷасорати рӯбарӯшавӣ бо ростии даруни худ (яъне, рӯбарӯии фардонаи онҳо бо ростии ниҳони худ)-ро надоранд ва фаромӯш кардаанд, ки даруни худашон нури рӯёнандае ҳаст, ки ба таҳи пои нафси бад ва зӯргӯиҳои ба сари худашон пасгард, мондааст.
3.Миёни гаравандаҳои кадом дин ва миллат аз намунаҳои поя-пояи садроҳа нестанд? Ҳастанд! Чӣ қавму қабилае аз онҳо надоранд? Доранд! Ва занон беҳуда нагуфтаанд, ки «бадро агар миёни 2 санг ҳам бимонӣ илоҷе ёфта бадиашро мекунад». Яъне, бигзор то ба қадри худ бирасад, пешонааш ба девор, ки хӯрд, қадри инсонии худро, ки шинохт, роҳи идораи нафси бади худро низ худаш меёбад. Яъне, мушкил дар якояки мост ва андаруни мост. Ҳар қадар ҷомеа авомтар бошад, он қадар фолбинону таштобнависони имонбоз меафзояд. Фаромӯш мекунем, ки якояки мо худ муъҷизаем.
-Нашри китоби гурӯҳи файласуфони Тоҷик бо номи «Ҷаҳонбинии оянда», ки дар он вуҷуди Худованд инкор шудааст, сару садоҳоеро дар доираҳои илмӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Бо вуҷуди баҳси гарм миёни таҳлилгарон ва корогаҳони Тоҷик дар бораи муҳтавои ин китоб, ки вуҷуди Худовандро инкор мекунад, муаллифони он дар ақидаашон устуворанд. Шумо чӣ мепиндоред?
-Ин китоб барои камина ҳам тӯҳфа шудааст ва хондаам. Он ҷо на ҳама дар инкори Худоанд. Мутафаккирони бузурги ҳар ҷомеае ва ҳар замонае ба ботлох (лаҷан) фурӯравии андешаи ҷомеагии ҷомеашонро дида, роҳҳо ҷустаанд, ки аҳли онро аз пасмонӣ ва пӯсидан берун кашанд, зиндатар кунанд, навандеш, офаранда созанд. «Дар олами ислом чунин кӯшишҳо дар асрҳои 8-9 милодӣ баланд садо дода ва шӯрҳо андохта буд, ки пешравашон донишмандон ва орифони бузурги зидди шовинизми арабӣ буданд, баъдан шумораи онҳо кам шудан гирифт. Зеро муборизон то ҷое ба мақсад расида буданд (К.Бекзода. «Шуубия», мазмунан)». Баъдан дигар ҷоҳилони баднафасу баднафс афзуда, ҷомеаи авомро бо доиразанӣ аз асли дин берун бурда, зидди онҳо ангехта, таассубро дастболо карданд. Донишмандону орифон низ дар ақидаи худ монданд, вале шаккокии тези худро ба роҳи рамз бурданд ва луғату забони худро ба маънои хоси мактаби худ сохтанд, ки танҳо пайравон ва шогирдони ҳамин мактаб мефаҳмиданд. Ба ҳамин боис низ зарурати шогирд ба пиру шайх афзуд. Вале пеши мутаассибоне, ки ҷуръати Худобозиро доранд, пирбозӣ чист?! Ҷомеа ҳам ба роҳи худошиносии дарунии худ рафтан гирифт. Ва давоми ҳазораи охир ин авомони дину давлат ҳатто қудрати зояндагӣ ва офарандагии зару пулро шикаста пӯсониданд, на танҳо хиради зояндаро. Аммо, чунон ки пеши чашми ҳамагон аст, Ғарб нерӯи зару пулро ба дониш ва хиради офаранда ва зоянда табдил дод. Боигариҳои дар таҳхонаҳои Шарқ ғарамшударо ҳам бурда зинда кард. Ин ҳам давоми ҳамин ҳазора. Сабаби аслиаш на танҳо кӯшиши зиндаи донишмандон, инчунин фаҳмидани онҳо аз ҷониби фермерон, коршиносон, соҳибкорон ва корогаҳон ва талоши зиндаи онҳо дар рақобати созанда низ мебошад. Инҳо ба ҷомеа наздиктар буданд ва ҳосили дониш, ҳунар ва андешаи зояндаро ба ҷисм дароварда, яъне, сохта, намояндагони ризои қабули навиро сари дастгоҳҳо овардан гирифтанд, яъне, капитализмро. Интеллигенти онвақта ҳам ҳақиқӣ буд. Аз 1 сӯ гушнагии тарсангез мардуми кӯҳнабозро навбоз кардан гирифт. Дар ин равиш озодии андешаи фард-фарди инсон оҳиста-оҳиста ба роҳкушоӣ даромад ва дигар расиданд ба натиҷае, ки ба дини каси дигар кордор нашаванд. Ва худро озодтар аз кина ва раҳо аз банди ҷаҳли якдигар диданд ва динро ҳам аз давлат ҷудо карданд, яъне, ба хулосаи Ҷамшеду Исмоили Сомонӣ расиданд. Нича (Фридрих Нитше) баъди ҳайратзадагӣ аз ростӣ ва рӯшанбинии Зартушт, инкишофи қудрати хиради инсонӣ ва талоши зиндаи гургонаи ӯро дар ҳунар ва додгарӣ дар капитализм дидан, ки гирифт, гуфт: «Худо мурд!» Ва хост инсониятро ба инсон баргардонад. Ин ибора маънои онро ҳам дорад, ки Худо дар инсони ҷӯянда ҳазм шуд, яъне, инсони ҷӯянда худогуна ба офаридан даромад. Ҷомеаи замони Нича ба қабули чунин эълони ӯ ва ё андешидан сари он, то ҷое омода буд.
Дар олами ислом чаласаводон тамғаи куфргӯӣ ба ину онро ба даст гирифтанд. Давоми ҳазору чанд сад сол ғайр аз ин кори дигаре накарданд. Дар ҳоле ки дар Қурон Худо барои Муҳаммад пайғамбар ҳам куфрхонии ину онро иҷозат намедиҳад ва ин кори охират мегӯяд, ин чаласаводон ба пешонии ину они бадбини худ, ё тозаандешон, мӯҳри куфр зада, ғавғо андохта, сангсор карда, тарсонида, аз андешаи фардӣ ҳам онҳоро ва ҳам ҷомеаро маҳрум карданд. Ва шуд ҷомеае, ки ҳанӯз Саъдии бузургвор ба мушоҳида гирифта, ба рамз гуфтааст:
Муҳтасиб, кунбараҳна дар бозор,
Қаҳбаро мезанад, ки рӯй бипӯш.
Муҳтасиб, ки ҳам низоми нарху навои бозор ва ҳам одоби бозориёнро назорат мекард, намояндаи дину давлат буд. Ин намояндаи давлату дин, ба гуфтаи Саъдӣ, худаш кунлуч буду фоҳишаро чӯбкорӣ мекард, ки рӯятро бипӯшон. Ва ҳанӯз, ки ҳанӯз… Аз ин бигзарем, дар ҷангҳо чӣ бехудоиҳо карданду кардан доранд (намунааш Сурия)… Ҳоло тасаввур кунед севу ним ҳазор сол пеш Зартушт «пиндори нек…» гуфтааст ва дар чи шароит, яъне, метавон гуфт: андешаи ҷомеаи башарӣ ҳамон бомжи тамаддун дар нисбати ӯ. Аз берун зиёӣ аз дарун бомж! Аҷибтар ин ки андешаи ҷомеагии бештар ба қабулаш омодаанд, на андешидан ба худ ва фоҷиаи худ. Шояд ин ба сабабе бошад, ки мутаассибон ҷомеаҳоро печонда, бурмаю сурма карда, ба сӯрохи танги ҷаҳонбинӣ ва андешаи заминии худ ҳазорсолаҳо тиқонданду фишурданд!
-Дар ҳамин маврид шоир Бозор Собир низ дар 1 сӯҳбати худ дар нашрияи «Самак» гуфта буд, ки «Худоро инсон эҷод кард. Калимаи Худо ҳаст, аммо худи ӯ вуҷуд надорад… Дар осмон ягон намуд Худо нест»…
-Ин баҳс нав нест. Миёни бараҳманони Ҳинд ва орифони бузурги мо низ андешаҳои гуногун раво буда. Вале мутаассибон онҳоро ҳамеша чашми дидан надошта. (Ин сӯҳбат пеш аз даргузашти устод Бозор Собир шуда буд!) «Шоҳнома» аз устураи Каюмарс оғоз мешавад ва ӯ аввалин шоҳест, ки оини тахту кулоҳ ниҳод. Вобаста ба ӯ ҳикояте оварда мешавад: Ӯ чунон пок, рӯшан ва ростандеш буд, ки ҳамаи ҳайвоноти ваҳшӣ пешаш таъзим мекарданд ва дар пайи иҷрои фармоиши ӯ буданд, ба расми намоз пеши ӯ меомаданд, пеши тахташ дуто мешуданд ва аз ин ҷой кеш, яъне, роҳу равиш, мегирифтанд. Каюмарс писаре дошт, чунон банди меҳри ӯ шуд ва аз баҳри ӯ мисли борон дар гиря буд, ки бехабар монд ба дарбораш Аҳриман на танҳо пайдо, ки бачадор ҳам шудааст. Ва ин бачаи Аҳриман аз дари рашк ба Сиёмак нигариста, сипоҳ ғун карда назди Сиёмак роҳ ҷуст. Аҳриманбача на тахти Каюмарси шодро дида метавонист, на писари ӯро. Рози худро оҳиста-оҳиста ба атрофиёнаш ошкор кардан гирифт. Каюмарс бехабар. Суруш омада ӯро аз рози аҳриманбача огоҳ мекунад. Сухан ба гӯши Сиёмак мерасаду лашкар ғундошта ба ҷанги аҳриманбача мебарояд ва аҳриманбача чанги вожгуна зада, ҷигари Сиёмакро канда мегирад. Аммо ҷигари ӯро намехӯрад. (Дар асри 7 Ҳинд (ҳамоне, ки Муҳаммад баъд ба занӣ гирифт) ҷигари Ҳамзаро на танҳо канд, ки боз хомохом хӯрд. Эътибор диҳед ба зӯрии сиёҳӣ-кинаи таърихӣ нисбат ба устураи ориёӣ!) Сипас, Каюмарс писари Сиёмак Ҳушангро парварида, ба балоғат расонида, ҳамроҳи вуҳуш лашкар ороста, зидди аҳриманбача баромада, ӯро дур меандозад. Каюмарсу Ҳушанг бо рӯшноӣ зидди торикӣ ва бо андешаи нек муқобили андешаи бад мебароянд ва роҳҳоро рӯшан месозанд ва Ҳушанг ба офаридан медарояд.
Ҳамин лаҳзаи ба покии Каюмарс ва ростии ӯ намоз овардани вуҳуш дар ҳама «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳо кӯчид. Яъне, вуҳуш ниҳоди покизаро чӣ дар Каюмарс ва чӣ дар Маҷнун як хел мешиносанд ва ба фаҳми худ қабул доранд, яъне, дар инсон покие ҳаст, ки онро вуҳуш (ки худ дар ниҳод покиза аст) на танҳо мешиносад, балки ба он намоз мегузорад ва барои паҳн шудани чунин покӣ ба инсон ёрӣ мерасонад. Ва ин покиро дар Авасто «меҳри фарохчарогоҳ ва дорои 1000 гӯшу 10 ҳазор чашм» меномад. Ва ин меҳр дар инсон дар ҷунбиш ва рӯиш аст ва ба сӯи офарандагӣ ва кушоиш ва шинохти зебоӣ мебарад ва мерӯёнад. Аммо покии ишқи Маҷнун чунин нест, 1 қабиларо ба ситези қабилаи дигар мебарад, зӯргӯиро бо қувваи Навфал истифода мекунад ва баъди фаҳмидани норасоии зӯрӣ ҳам аз Навфал норизо ва ӯро бевафои аҳд мехонад. Чунон банди ишқи Лайлӣ, ки ҳатто вақте падараш ӯро барои тавба аз ин ишқ ба Каъба мебарад ва дуо мефармояд, Маҷнун чунин дуо ба забон меорад:
Ё раб ба Худоии худоет,
В-он гаҳ ба камоли ошноет,
Гӯянд, ки хӯ зи ишқ во кун!...
Лайлиталабӣ зи дил раҳо кун!
Ҷонам фидаи ҷамол бодаш!
Гар хун хӯрадам ҳалол бодаш! (Низомӣ)
Меҳру ишқ ҳам дар Каюмарс, ҳам дар Маҷнун баланд аст. Вале аз дарун нигаред, меҳри поки аввалӣ, яъне, Каюмарс кушоянда, офаранда ва рӯёнанда, сабзонанда ва парваранда. Ишқи поки Маҷнун харобгар, беҳудатоз ва пӯсонанда аст, ки оқибат Маҷнунро сари қабри Лайлӣ мекушад. Вуҳуш, ки ҳамеша гирди ӯ буданд, 1 моҳ мурдаи ӯро посбонӣ мекунанд, сипас мераванд. Дар ин 1 моҳ Маҷнун мепӯсад ва мардум баъди рафтани вуҳуш устухонҳои ӯро паҳлӯи устухонҳои Лайлӣ мегӯронанд. Яъне, вуҳуш ҳатто мурдаи Маҷнуни бӯ бурда аз меҳрро ба ҷомеаи банди андешаи бад намехоҳанд бидиҳанд. (Калимаи «ишқ»-ро арабҳо аз «ашақа» (печаки зарде, ки ба ҳар ниҳол бичаспад ва бихушконад, баровардаанд).
Ҳам Фирдавсии бузург ва ҳам шоирони зиёди «Лайлӣ ва Маҷнун»-саро меҳри Каюмарс ва ишқи Маҷнунро тасвир мекунанд ва нишон медиҳанд, ки меҳри зоянда, созанда, рӯёнанда ва офаранда ва дурахшанда, шукуфо ва зебо ба сӯи Каюмарс аст, аммо ишқи сӯзанда, парешонсоз, ситезанда, пажмуронанда ва кушандаву пӯсонанда ва беҳосил сӯи Маҷнун мебарад ва устухонашро рӯи гӯри маъшуқаш мегузорад. Дармеёбед чӣ мегӯянд? Чиро нишон медиҳанд ва кудом бори бардоштро ба дӯши фаросати хонанда (инсон) мегузоранд? Шукуфоӣ, шодии васл, меҳри фарзанд ва оромиши бардавоми зиндагиро варзидан хоҳӣ, бирав сӯи меҳри Каюмарсӣ, устухони сари гӯри маъшуқа шудан хоҳӣ, бирав сӯи ишқи Маҷнунӣ. Интихоб интихоби дид ва ниҳоди туст. Диди Каюмарсии Худои покии дар ҳар кадоми мо ниҳон ба сӯи рӯидан ва офаридан, аммо диди Маҷнунии Худои покӣ ҳар ошиқро ба пӯсидан ва ба беҳудагӣ ва ба беҳосилӣ мебарад ва ин зоҳидии хушк аст, ки Худоро ҳам чун худ хушконад. Гуфтем, ин ҳам 1 роҳи сари инсоф овардани нафси бади ҷангзои бомжсози авом буда. Яъне, фарқ миёни покӣ нест, фарқ байни дилҳои қабулкунандаи покист, ки онро чӣ гуна дармеёбанд. Агар дил рӯшану кушоду зоянда аст, дар кишвари худ ба кӯшишу талош мерӯёнӣ, агар тангу торик ва миронанда аст, сар ба биёбони беҳосилӣ мезанӣ ва меравию мепӯсиву мепӯсонӣ, вале худ хабар намеёбӣ. Ҳаким Хайём, ки менигорад:
Соқӣ, дили ман зи даст агар хоҳад рафт,
Дарёст, куҷо зи худ бадар хоҳад рафт.
Зоҳид, ки чу зарфи тан пур аз ҷаҳл бувад,
Як ҷуръа агар хӯрад ба сар хоҳад рафт…
Ва Мавлоно, ки мегӯяд:
Дар ин баҳр, дар ин баҳр, ҳама чиз биғунҷад,
Матарсед, матарсед, гиребон мадаронед.
Ба кадоме аз инҳо ишора доранд? Ба «меҳри фарохчарогоҳ», ё ба ишқе, ки 1 зарра аз зиндагии зиндаро дар худ ғунҷонда наметавонад ва аз тарс на танҳо гиребони худро медаронад? (Ба гумони камина, ин ҷо ишора ба «андешаи ҷомеагии бунёдии қабули ин 2 қавм-ориёӣ ва тозӣ аст. Аввалӣ меҳри яклухт дорад, дувумӣ бӯе аз меҳр».)  Ва ҳамагуна чаларо оқибат ҳамин, ин ба ҳама соҳа тааллуқ дорад. Мисоли зиндааш низ ҳосилбардорӣ аз ҳамин бозсозист…
Зартуштиён Худоро чунин шинохтаанд: «Қоматаш мисли ростӣ, чеҳрааш ранги нур». Яъне, сар карда аз дили ҳар кадоми мо то ҳама Кайҳон 1 нури зебои гармибахшу рӯшангар ва 1 ростии рӯёнанда дорад. Инро одами одӣ ҳам метавонад дарёбад ва бубинад. Ҳанӯз Синдухт (модари Рудоба) пеши Сом омада, барои ризояти ӯ ба хонадоршавии Золу Рудоба, мегӯяд:
Гунаҳкор агар буд, Меҳроб буд,
Зи хуни дилаш мижжа пуроб буд.
Сари бегуноҳони Кобул чӣ кард?
Куҷо андар овард бояд ба гард?!
Ҳама шаҳр зинда барои туанд,
Парастандаву хоки пои туанд.
Аз он тарс, к-ӯ ҳушу зӯр офарид,
Дурахшанда Ноҳиду Ҳур офарид.
Наояд чунин кораш аз ту писанд,
Миёнро ба хунрехтан бармабанд.
Худованди мову шумо худ якест,
Ба Яздонамон ҳеч пайкор нест.
Яъне, шинохти Худо ва парастиш аз ҷониби мардуми гуногун буда ва бутпараст ҳам ба ягона будани Яздон бовар дошта ва озодии эътиқод миёни мардум раво буда, донишмандон таассуб надошта. Аммо, вой аз авоми нодон!!!
Ҳикмати мардумӣ, ки мегӯяд: «Мор ҳам вақти ба хонааш даромадан рост мешавад», ба ин маънӣ низ ҳаст, ки мо ба хонаи дили худ бо андешаи рост дароем, чун хонаи андешаи покизаи мо он ҷост. Агар Зартушт Худоро «хиради хирадҳо, офарандаи офарандаҳо, баландтарини баландҳо, зеботарини зебоҳо» гуфтааст, оё бад гуфтааст? Кист, ки худро чунин нахоҳад? Чӣ дин аст, ки ниҳоди худро чунин нахоҳад? Танҳо рашку тарсу кина аст, ки чунин зебоиро вожгуна мебинад.
Онҳое, ки Худоро ҳар гуна шарҳу эзоҳ додаанду медиҳанд, ҳасту нест мегӯянд, ҳамонҳоеанд, ки бомжи андешаи ҷомеагиро дарёфтаанд ва онҳо мешӯранд зидди ҳамин андешаи бомжии ҷомеагӣ. Илми имрӯза бо заррабинҳои миллион бор калон карда нишон диҳанда дидан дорад, ки ҳар заррачае ҳам дасту пову чашму даҳон дорад. 50 сол пеш на чунон заррабин ва на чунин дид буд ва онҳо ба чашми одам дар ҳисоби нестҳо буданд. Агар заррабини ба мисол 2 милён бор калон карда нишон диҳанда кашф шавад, боз чӣ нестҳоро ҳастҳо гӯем? Оё бо чашми хирад онҳоро дидан мумкин? Агар не, чӣ гуна орифони бузург «ҳар зарра офтобест» гуфтанд? Ва ҳар одамро 1 нусхаи хурди кайҳони бузург донистанд? Ва ин биниш чанд триллион бор калон карда нишон додан аст? Ҳоло фарқи байни чашми одӣ (авом) аз чашми хирад, ҷони бомжи андеша аз ҷони андешаманди офаранда ва рӯҳи тамаддунсоз аз рӯҳи бомжи тамаддун рӯшан шуд? Фарқи байни фаросатҳо ва бефаҳму бафаҳм низ ҳамингуна аст. Бомжи андешаро имкони чунин андеша нест, бинобар ин, аз ҳисоби фиреби якдигар мезияд ва онро дуруст мепиндорад. Барои шинохтани баландтарин хиради офаранда ва зебоӣ ҳеч не, ба наздиктарин пояи андеша расид. Шояд он гоҳ андешаи ҷомеагӣ ба худ рост шавад ва ҷомаи андешаи бомжиро барои аз дӯши дил партофтан бикӯшад. Андешаи бомжии ҷомеагӣ аз чунин шинохтан дида ҷангу ғорату куштору сӯзонданро осонтар гирифт ва рафту рафтан дорад ба ҳамин роҳ. Нооромиш ҳам ба сӯи оромиш ҷунбиш дорад, вале пиндори бад роҳро то ба баднафсӣ бурда, кӯтоҳ гирифтааст. Ин ки мардум «умри дурӯғ кӯтоҳ» мегӯяд, шояд аз ин ҷост. Тазод ҳам ин ҷост. Ғарб чун дарёфт, ки кушоиши он дуру дароз аст ва аз он суди инкишофи ҷомеа нопайдост, рафт пайи кашфи табиати ҷисмонӣ, то аз ин роҳ ҳам ба зиндагии ҷисмонӣ суде биёрад, ҳам заминаи кушоиши нопайдоро гузорад.
-Интеллигентҳое низ дорем, ки намози ҷумъа мераванд. Онҳо низ зиёиянд?
-Интеллигентҳо ягон-ягон ҳастанд, ки онҳоро ҳам чалаҳои динӣ ва ҳам сиёсӣ ҳамеша чашми дидан надоштанду дар ҷомеаи қафомондаи андешааш пур аз сафсаттаҳои раҳзананда, ҳанӯз чунин аст. Худо, дин ва намози интеллигент ҳамон пиндори неки офаранда ва рӯшании зулматсӯз барои давои ҷомеаи бемор аст. Зиёиро то ба ин поя расидан роҳ дароз аст… Ҳоло гурӯҳе зиёиён ба мутаассибони мурдахӯр монанд шудан доранд. Мутаассибон кайҳо динҳоро кушта сари мурдахӯриаш нишастаанд ва ҷомеаҳоеро сӯи ин мурдахорӣ кашида, мурдахӯрашон кардаанд ва мурдахӯриро дин гуфта ба дӯши ҷомеаҳое бастаанд.
-Яке аз омилҳои суқути Давлати Шӯравиро дар бехудоӣ мебинанд. Дуруст?
-Омили асосии пошхӯрии Давлати Шӯравӣ гуманизми авомонаи ношинохта аст, ки баъди Сталин оҳиста-оҳиста ҷомеаро ба муфтхӯрӣ, муфтхӯрӣ ба порахӯрӣ, порахӯрӣ ба кинапарварӣ ва кинапарварӣ ба коҳилӣ ва коҳилӣ ба шовинизм ва шовинизм ба бехудоӣ расонд ва бехудоӣ дар дили роҳбарони хурду калон беинсофӣ зоид. Шояд аз ин рӯ чунин гӯянд. Боз кӣ донад?!
-Устод Бозор Собир дар 1 сӯҳбати матбуотии худ гуфтанд, ки орифон мардумро ба бомжӣ расониданд. Оё чунин аст?
Дар Йснои 1 Авасто омадааст:
[Заут ва Роспи:]
Навиди [ситоиш] медиҳам.
Ситоиш ба ҷой меоварам Додор Аҳура Маздои фарраманд, бузургтарин ва зеботарин ва устувортарину хирадмандтарину спандтаринро.
[Он] некманиши бисёр ромиш бахшанда, он спандтарин, ки моро биофарид. Он ки моро пайкари ҳастӣ бахшид. Он ки моро бипарваронид».
Ин фармуда чӣ бунёд, асл (маъно) дорад?
Зартушт дар инсон (худ) нури дарунӣ, бузургии офаринандаи заминӣ, зебоӣ ва шинохти зебоӣ, иродаи кӯшиш барои ба даст овардани зеботарин андешааш, хирадмандии «аз хуб ба хубтар шитобанда» (Низомӣ) ва «софии софтар аз субҳро» (Мавлоно) дидааст, сипас андешидааст дар бораи замину осмон ва дарёфтааст, ки ин ҳамаро офаринандае ҳаст, чун рӯи замин чизе барои зарурати зиндагии заминӣ офарида мешавад, офаринандае, созандае, устое аз ин ё он одаме дорад. Ва ин офарандаи заминӣ ҳама ба як поя нест, зеро на танҳо қабулгар, ки инкоргар низ миёнашон ҳаст, ризои хомӯшона ва норизои хомӯшона ҳам ҳаст. Нафаҳмидаи чизи нав, хусусан, андешаи нав зиёд аст. Аз ин ҷо, зина ба зина будани фаросати одамонро дарёфтааст ва зиддият ва сабаби зиддиятро дар инсон ва табиати бузург кашф кардааст. Ва дидааст, ки офарандаҳое ба «сулҳи аздод» (Мавлоно) аз дари андешаи нек нигариста, на танҳо зиддиятро аз байн мебаранд, ки чизи нави беҳтар ҳам пешниҳод мекунанд ё сохта нишон медиҳанд…
Ва дармеёбад; болои ин ҳама андешаи созандаву вайронгар бояд як нерӯи беҳад бузург, як рӯшании бепоёни зебо, устувор ба хиради бениҳоят бузурги нофарогири офаринандагии инсонӣ бошад, ки Кайҳону Замин ва он чӣ дар онҳову бар онҳоро офаридааст…
Оё бунёди Қурон ҳамин андешаи нек, зебо, хирадмандона ва офаринандаи «Авасто»-ро инкор мекунад, ё куфр мегӯяд? На!
Оё бунёди Қурон гуфтори неки зебо, нарм, донишмандона ва сӯи кори хуб, оромиш ҳидояткунандаи «Авасто»-ро инкор мекунад, ё куфр мегӯяд? На!
Оё асли Қурон инсонро ба рафтор (кирдор), кори неку зебо, даъваткунанда ва созандагии хубиву зебоӣ, офаридаи хирадмандонаи сабуксози бори дӯши одами «Авасто»-иро инкор мекунад, ё куфр мегӯяд? На! Чаро? Зеро агар онҳоро инкор кунад ва куфр гӯяд, бунёди мантиқи худро ва мантиқи бунёди худро инкор мекунад ва куфр мегӯяд. Агар шумо, хонандаи азиз, дуруст ба мантиқи онҳо андеша кунеду Қуронро ба он некиҳо муқобил гузоред, пас аввал шумо Қуронро инкор мекунед.
«Роҳ ҳамин ростист, боқӣ ҳама бероҳа аст» мегӯяд «Авасто». Оё «Қурон» роҳи ростиро инкор мекунад, ё куфр мегӯяд? На!
Ҳам қувваи аҳуроӣ, яъне, нуронии зебои офарандаи некии ба биҳишт расонанда (яъне раҳмонӣ) ва ҳам нерӯи аҳриманӣ, яъне, шайтонии зояндаи торикӣ, бадӣ, аз роҳи нағз дуркунанда ва ба зулмату бадбахтӣ бурда, аз биҳишт (оромиш) маҳрумкунанда, дар ниҳоди ҳар кадоми мо гузошта шудааст. «Коҳилӣ дев-бандасози қувваи аҳримании мост» мегӯяд «Авасто». Оё «Қурон» ҳамин бунёдҳоро инкор мекунад, ё куфр мегӯяд? Агар гӯяд, пас Раҳмону Шайтон чаро он ҷост ва чаро Раҳмону Шайтон дар вуҷуди ҳар кадоми мост, мегӯяд Қурон?
Бунёд ва мантиқи саволгузориҳои мо ҳам ба ҳамон саволгузории ҳаким Носири Хусрав мебарад, ки гуфта:
Ту муслиму гирифта Муҳаммадро,
Ӯ кофару гирифта Масеҳоро,
Ишон паямбаранду рафиқонанд,
Чун душманӣ ту беҳуда тарсоро?
Оё ҳаким Носири Хусрав ба сӯи кушодии рӯшании зояндаи сулҳ роҳнамоӣ дорад ё торикии кӯрсози зояндаи ҷанг? Пайдост. Яъне, хирадҳои бузург бо ҳам дӯстанд, вале андешаҳои паст на онҳоро мефаҳманд ва на бо якдигар соз меоянд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳам дар «Девон» ҳам дар «Маснавӣ» он қадар гӯшмоли кӯри ботини худҳоро медиҳад, ки бениҳоят аст. Ҳатто «ҳикояти зани хоҷаеро, ки кори канизи худро дида, ҳавасаш рафта, зери хар мурдаро оварда, мегӯяд, ки «эй ҳаводори нафси бади к…ро дида, кадуро надида, дон, ки хари нафси бад рӯдаю луччакатро чунин берун кашида, шармандаат мекунад». Дар асри 20, ғалабаи соли 1945 Олмонро чунин кард? Кард! Ва ҳоло… Аммо ку гӯши суханшунав?! Олам, хусусан олами мусулмонон аз «баҳонагари нони ҷав» пур бошад, ин ё он равия ё равиярав чӣ кунад? Хосса, ки баҳонагар аз пушти авомбозе ба бозӣ дарояд. Мисоли наздикаш боз ҳамин бозсозист. Ҷоҳталабону шовинистон авомонро ба паҳлӯ гирифта, ҳизби хатоҳои худро шинохта, барои ислоҳаш бозсозӣ эълон кардаро чунон ба банд кашиданд, ки ҳанӯз саргум. Ва акнун худашон пушаймон. Сотсиализм барои 1 зина болотар бурдани инсонии инсоният буд. Аммо «бомжи тамаддун»-и дарунӣ ҳеч сар доданӣ нест.
Ин мардуми бечора кай ба сӯфия рӯй овардааст ё хондаву фаҳмидааст?! Ӯ ҳанӯз аз пайи лашкари араби ҳатто ба кафши пои шоҳбонуи Бухоро гадоёна нигариста ва шоҳбону ҳам 1 пои кафшашро аз по бароварда ба ҳисоби андози сангини араб дода, нав хоки сар афшонда буд, ки тагипокашиҳои дигари маълуми таърих оғоз гирифт. Орифону сӯфиёни бузург хостанд ба ҷаҳониён бифаҳмонанд ва гуфтанд: «Эй одам, кай дармеёбӣ, ки ту инсонӣ, аз ваҳшиён фарқ дорӣ, рӯзи бозпурсе низ ҳаст, кай ба худ чун ба инсон ва Худо менигарӣ? Ту рӯяндаӣ ва рӯёнандаи худ ба сӯи некӣ ва зебоӣ ҳастӣ». Оё бад гуфтанд? Ҷоҳил ҳамеша дар пайи шикори хирад аст, то ҷаҳли худро дар ҷомаи хирад ба авом фурӯшад, чун уммавиён ва Гитлер.
Дигар ин ки агар сӯфия дарвеш мекард, Туркияро дарвеш мекард. Туркҳо вақте ба хилофат сар халониданд, диданд худобозиҳои халифаҳои арабро ва худ ба халифабозӣ даромаданд ва аввал чанд халифаи арабро куштанд, ки ба имон рост шаванд. Нашуданд. Пас хилофатро ба Туркия кӯчонданд, ки аз шовинизми арабӣ халосӣ диҳанд ва аз ислом ҳам рӯшанӣ гиранд, ҳам тавоноӣ. Ва давоми хилофати чандасраи онҳо мактаби Мавлоно ва Мавлавия он ҷо шукуфон буд. Кай онҳоро «бомж» кардааст?!
Гурӯҳи ҷавони шашнафараи Гурҷиев, ки 1 нафарашон, ба тахмини камина Сталин буд, ба 3 гурӯҳ ҷудо шуда, 3 равияи сӯфияро дар Эрон, дусолӣ омӯхтанд. Яъне, омӯхтани сӯфия 1 чизи сода нест. Ин сӯ, агар мактаби сӯфия ва сӯфияшиносҳо буданд, дар Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Хоразм, Тошканд, Хуҷанду Бадахшон буданд. Инҳо низ «бомж» нашуданд, агарчи душманони беруна борҳо «бомж»-ашон сохт, боз бархостанд. Гузашта аз ин, онҳо  на танҳо худ бархостанд, инчунин «бомжҳои тамаддун»-и ба сарашон рехтаро низ бардошта бархостанд ва кӯшиданд, ки «бомжи тамаддун»-и ниҳоди онҳоро низ кушоянд. Россия бо он ҳама қудрат ва соҳат «бомжи тамаддун»-и 1 бор ба сараш рехтаро ҳанӯз, ки ҳанӯз зӯр мезанад, боло барад, ҳарчанд ки Ғарб хеле ёрӣ кард. Оташсӯзии саросариро метавон дар 2-3 даҳсола обод намуд, шаҳри зери об ғарқонидаро дар 2-3 50-сола метавон аз нав сохт. Вале «андешаи ҷомеагии бомжӣ»-и ба сар рехтаро боло бурдан кори саҳле нест. Таҷрибаи Ғарб нишон дод, ки нисбат ба техникаи пешрафтасозӣ инсонсозӣ борҳо душвор аст.
Инҷову онҷо ҳанӯз, ки ҳанӯз оташи «бомжи тамаддун» шуъла мезанад, то аланга бигирад. Мавлавӣ дар он садсола беҳуда нагуфтааст:
Гар силоҳаш ҳасту ақлаш не, бубанд,
Дасту пояш, варна орад 100 газанд.
Мебинед, мегӯяд «дасту пояшро бубанд», намегӯяд «бизан!», ё «бисӯз!», ё «бикуш!» Мавлоно, агарчи шовинизми бераҳмонаи уммавиёнро медонист, бераҳмиҳои муғул пеши чашмаш буд, бо ин ҳама, дасту пои бефаросатӣ, сиёҳии қотил ва дасту пои муфтталабиро, яъне, андешаи бомжиро аз роҳи хирад бубанд, мегӯяд. (Эътибор диҳед ба андешаи бунёдӣ ва тағйирнописандии он, аз ҳар 2 тараф).
Кинаи «бомжи тамаддун» ба донишманд бадтар аз кинаи бомжи кӯча ба бой аст. Ҳоло ба дарозои таърих нигареду бубинеду биандешед, ки Зартушт дар он ҳазораи куҳан чи баланд дидаву чи парварандаву зебо гуфтааст ва дар ҳазораҳои баъдина доноёну бараҳманҳову орифони бузурги Ҳинду Эрону Юнону Риму Чину ибрии қадим (ба мисли Суқрот, Буддо, Маҳовира, Афлотун…) чи қадар нозук дарёфтаанд, ин барои имрӯзиён худ як муъҷизаи худоӣ нест? Мегӯянд: Вақте Бухорову Самарқанд аз бӯю тафи «бомжи тамаддун» бӯ гирифт, чанд орифи ин ҷо пеши мавлоно Ҷомӣ рафтанд, ки ҳоли шаҳрҳои мутамаддин ҳоло чунин аст, илоҷе бояд ёфт. Мавлоно илоҷро дар паҳн кардани адабиёти орифона ба забони туркӣ ҷуст ва Навоиро, ки сарвазир ва низ муриди ӯ буд, хост то шеърашро ба забони туркӣ сарояд.
Ҳоло «бомжи тамаддун» (бо номи худаш гирифтани ҳар чиро набояд таҳқир шуморид, агар чун таҳқир қабул кунед, он гоҳ аввал хашм, ки аҳриманист, ба кор медарояд ва роҳи худшиносиро барои худи шумо кӯр мекунад ва батар месозад бо дамидани боди пучсоз) ба Ғарб аз роҳи гурезагӣ рехтан дорад, ки низ озмоиши тозае мешавад, пеши тамаддуни пештози имрӯза барои инсонсозӣ. Аз ин дарвоза ба дарбачаи Душанбе дароем, баъзе ҷавонҳои асри 21-ро чӣ гуна мебинем? 1 мисол:
1 моҳ пештар дар истгоҳ истода будам, ки 1 «Ҷип»-и сиёҳ аввал аз пешам гузашт, пас қафо гашта рӯбарӯям истоду ронандааш аз ман пурсид:
-Назар Абдуллоӣ?
Гуфтам: -Кӣ?
Такрор кард: -Назар Абдуллоӣ?
Гуфтам: -Зиё Абдулло.
Гуфт: -Ҳамон оташпарастӣ?
Гуфтам: -На!
Дар паҳлӯяш бо либоси зиёӣ каси дигаре нишаста. Ба хаёлам падараш буд. Ҳар 2 бад-бад ба сӯям нигариста рафтанд.
«Ҳуш» дар «Шоҳнома» ба маънои «ҷон» фаровон истифода шуда. Оташпарастӣ дар рӯзгори Ҳушанг буд. Ҳушанг сангеро барои задани море (морро ба рамзи сиёҳӣ гиред) ҳаво дод. Санг ба мор неву ба санги дигаре бархӯрд ва оташ парид. Ҳушанг якбора чандин кашф кард:
-оташ нур аст ва ба сӯи баландӣ меҷаҳад;
-одам метавонад рӯи замин оташ офарад;
-пас, одам офаранда аст ва метавонад рӯи замин худаш низ рӯшноӣ ва гармӣ офарад;
-метавонад хӯрокро хом неву пухта хӯрад;
-метавонад дар сояи оташ аз хунукӣ раҳо ёбад;
-метавон рӯзҳои сардро дар ғорҳо бо оташ гарм карду зист ва барои гармиҷӯӣ ба дигар минтақаи гарм, мисли ҳайвонот ва парандагон, нарафт;
-бо истифода аз оташ олот метавон сохт ва ӯ сохт ва созонд.
-оташ даво аст, ҳатто барои халосӣ аз 1 навъи дев-шабушк (баъдан вирусҳои дигар);
-оташ далерибахш ва силоҳ аст;
-оташ поксоз ва навсоз аст;
-дар ҳама чиз, аз ҷумла, дар ниҳоди одам оташ-нур-гармӣ ниҳон аст;
-пас, рӯшноиро бояд ид гирифт. Ва ҷашни Садаро, бори аввал гузаронд ва гирди оташ рақсу шодӣ кардан омӯхт ва оини навро поя гузошт, яъне, оташ-гармӣ нерӯи шодӣ низ ҳаст. Яъне, одамро ба зинаи аввали инсон будан, баровард…
Дар боло дидем, ки «Авасто» нур-рӯшноиро чеҳраи Худо гуфт. Бо Мӯсо ҳам Худо аз даруни оташ  сухан гуфт…
Оё Қурон Худоро нур намегӯяд? Мавлоно ҳам оташро порае аз Худо мегӯяд.
Яздон-Худои ягонаро шинохтан ҳанӯз дар рӯзгори Ҷамшед, яъне, набераи Ҳушанг, буд ва ин ҷавони «Ҷип»-савори асри 21 аз ман месурсад, ки «оташпарастӣ?»
Мебинед, чӣ қадар бехабар аз худем? Ҳама бало аз ноогоҳист ва ноогоҳӣ аз наомӯхтан ва наомӯхтан аз коҳилӣ (танбалӣ). Ку ҳоло бе оташ бизӣ. Аз кашфи Ҳушанг ҷовидона суд мебарӣ. Ҳатто намеандешад, ки ҳамин «Ҷип»-аш ҳам бе оташ сохта нашудааст ва бе нур дар ҳам намегирад (яъне, рӯшан намешавад), ки биронӣ! Вале аз оташи андешаи сӯзандаи чунин ҷавонҳои асри 21 чӣ суд? Оё бурдан ба сӯи «бомжи тамаддун»?
-Маълум мешавад, ки ҳанӯз мазмуни «Муроҷиатнома»-и 2.05.1992 шуморо нафаҳмидаҳо зиёданд. Дар он «Муроҷиатнома»-и хурдакак ҳам огоҳӣ аз фиребхӯрии ҷомеа ҳаст, ҳам огоҳӣ аз сар халондани қувваи вайронкори беруна ҳаст, ҳам огоҳии сахт дилсӯзона аз хатари фоҷиаи ҷанги бародаркуш ҳаст, ҳам даъват ба ягонагӣ-Ваҳдат ҳаст. Хусусан, ки «Муроҷиатнома» ба зиёиён нигаронида шуда буд. Зиёиён бояд қувваи ягонасози ҷомеа мебуданд. Чаро баъди 26 соли чопи «Муроҷиатнома» ҳам чунин номулоҳизаҳо ҳастанд? Ва кам ҳам не.
-Аввал ин ки мо шикаста дидани мағзи суханро 1 сӯ мондаем. Дувум, он 1 санҷиши оммавии зиёиён шуд. Миёни мардуме, ки сатҳи андешаи ҷомеагӣ паст аст, зиёии муғамбир ва гадотабъ афзудан мегирад. Чунин зиёӣ бадтар аз авом аст, зеро авом надониста, вале ин дониста бозӣ мекунад. ва чашмаш бештар моили кисаи мардум ва давлат мебошад, на ба дарду дармони бемории ҷомеагӣ. Яъне, имрӯз барои болотар бурдани сатҳи андешаи ҷомеагӣ эътибори ҷиддӣ додан зарурати аввалдараҷа дорад, хусусан худи ҷомеа барои ба гардан гирифтани он бояд бикӯшад. Зеро, ҳам рушди фаросат дар ҷомеа ва ҳам шукуфоии иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа, ҳам пайванди меҳрубононаи оила сахт вобастаи он мебошад. Аввалтар аз ҳама барои зиёиён ва аз зиёиён. Ин саволҳоро пеши худ гузоштан бад нест:
1.Чаро Аҳриманбачча нигорхонаи меҳри Каюмарсро, ки Сиёмак буд, сӯзонд?
2.Барои чӣ Сӯҳробро ба Рустам ангехтанд, Рустам писарони зиёди дигар дошт-ку?
3.Гуфтем Сӯҳроб аз Рустам дур тарбия ёфта ва надида буд, вале чаро Гуразм маҳз Исфандиёрро ба дурӣ аз пеши Гуштосп роҳ ҷуст, на 38 писари дигари ӯро?
Сиёҳӣ рӯшноиро мешиносад, зеро ошкор пеши чашми ӯст ва метарсад аз ӯ, чун даруни худ пӯсидагӣ зиёд дорад, хавотир, ки рӯшан мешавад. Бисёр дақиқ мешиносад ва бо ӯ ба бозӣ медарояд. 2 мисол аз бозиҳои зиёд ва шинохти дақиқи ӯ:
а)Сомониёни тамаддунсозро бо андозбозӣ вайрон сохт ва барҳам дод.
б)Олмони пештозро бо ориёбозии Гитлер шикасту ними ҷаҳонро…
Чунин метобад, ки ҷомеаи Ғарб, Амрико ва Ҷопон усули болобарии андешаи ҷомеагиро дар худ ҳазм кардаанд. Зеро, мебинед, ки на танҳо дар зиёиҳошон, ҳатто дар суханронии хеле аз ҷавонҳошон фармудаҳои донишмандону орифони пешини Эрон, Юнон, Ҳинд, Рим ҳамовозӣ ёфтааст. Яъне, ба зиндагии зинда онҳо наздиктаранд ва хеле.
-Дар романи манзуми Шумо «Лонаи урёни арвоҳ», ки соли 1995 навишта ва соли 2003 чоп шудааст, бобест бо номи «Дар сӯҳбати олимон». Он ҷо 35 олим ва 1 афсар дар бораи сабабҳои ҷанги бародаркуши шаҳрвандиамон изҳори назар мекунанд. Олими 8-ум доир ба мардуми мо чунин мегӯяд:
-Бисёр замонаношинос аст,
Дар хеш зиёда кӯҳнатоз аст.
Пӯсида, ки буд, бӯи бад дод,
Ҳар бад, ки бизод, сӯи худ дод.
Пӯсида ҳамеравад ба пастӣ,
Пастӣ барадаш зи рӯи ҳастӣ.
Ҳар чиз, ки кард, пасти паст аст,
Аз пастии хеш дар шикаст аст…
Кадом пастиро дар назар доред? Мушаххасан мегӯед?
-Пастии андешаи ҷомеагиро. Ва ин танҳо дар мо ҳам нест. Ҳар рӯз дар телевизион мебинем, ки чӣ ҷомеаҳое, дар чӣ давлатҳое ба шӯранд. Бо он ки баъзан киштӣ-киштӣ дар баҳру уқёнус бо зану фарзандон ғарқ мешаванд ва дар ватан будаҳошон онҳоро мебинанд, боз ҳам, бо 100 раҳ мекӯшанд, ки худро аз ватан берун андозанд. Чаро? Зеро пастии андешаи ҷомеагии кӯҳнапарастии пешинаи он ҷомеаҳо худи онҳоро ба ҷон расондааст, дигар бо ҳама ҳастӣ онро қабул кардан намехоҳанд, чун диданд, ки дар чунин ҷомеа зиста ҳар рӯз 100 бор мемиранд. Диданд, ки зиндони андешаи кӯри ҷомеагӣ онҳоро нафастанг кардааст. Ин пардаи 99-қабатаро дарондан мехоҳанд, то ақаллан боре нафаси тозае кашанду баъд розианд ҳатто бимиранд. Пастии андешаи ҷомеагӣ бисёр сангин аст. Пайдост, ки оқибати пастӣ шикаст аст. Ин шикастро вақте ҳар кас дар худ ҳис кард ва ба худ эътироф кард, ки ӯ ҳам дар ин пастӣ ҳиссае дорад ва он ба фарзандону наберагони ӯ хатар эҷод мекунад, мекӯшад, ҳеч не, дар пайи ислоҳи худ шавад, аз дарун, худ ба худ. Зеро, ӯ ин қадар дармеёбад, ки ҷомеаи пастандеш дар ботлохи кина аст, гӯши ғарқи ботлох оё садои наҷотгарро мешунавад? Не! Доманаш, ки ба чанги ғарқа афтад, сахт ба зери худ мекашад ва ин ҳам барои халосии худ не, балки барои як бори дигар садои даъвати пӯсонандаи худро баровардан. Вуҷудаш, ки пур аз хашму кина аст, наметавонад кинагири донишманд ва андешаманд набошад. Ва бо бад дидани донишманду андешаманд давлатро ҳам шикаст медиҳад. Ҳосили фолбинӣ, ҷинбозӣ, танбалӣ, фиребу баднафсиву имонбозӣ ва ба худ чун ба инсони рӯянда нигоҳ накардан ҳамин аст!
Вале имрӯз инро ҳам рӯшан мебинем, ки ҳар ориёии асиландеш ва ҳар инсони аслшиноси ҷаҳон барои аз тани андешаи инсоният берун кашидани «ҷомаи бомжӣ» дар талоши зиндаанд.
Ҷумлаи ин талошҳо камнатиҷа мемонанд, агар ҳар нафари мо дарнаёбем, ки бузургтарин фоҷиа дар «Шоҳнома» фоҷиаи Пирон аст… ва инро дар худ ҳазм накунем. Барои дарнаёбӣ сангини фоҷиаи Пирон «Шоҳнома»-ро аз нигоҳи равоншиносӣ хонд, на аз дари эҳсос. Ва чанд бор! Ба андешаи камина, ин фоҷиа рӯнамои духӯии инсон дар ниҳоди одамизод аст, новобаста ба замон ва макон ва миллат…
«Бомжи тамаддун»-и ҷомеагӣ метавонад устухони ошиқ ва покиро сари гӯри маъшуқ ва чоҳи ғаждӣ партояд. Вале «меҳри 1000 гӯшу 10.000 чашму фарохчарогоҳ» (Кайҳону Замин)-ро сари ҳосили он – яъне, устухони сари гӯр ва ғаждӣ дилаш месӯзад. Агар аввалӣ зиндагии ҷомеаро ба сӯи бомжӣ ва торикӣ тела диҳад, дувумӣ ба сӯӣ шукуфоӣ ва рӯшанӣ раҳнамоӣ дорад.
Сухан дар ниҳод озод аст ва рамзсоз ва дар ҷояш маънои зарури худро мегирад ва ё бор мекунанд. Дарбори хилофат ҳам миёни худ ба сухани «муъмин» маънои арабнажод ва ба «муслим» маънои ғайриараб ва таслимшуда на ба Худо, балки ба арабро дод ва ҳанӯз дар ниҳон чунин истифода ҷорист ва миёни худашон дарёбӣ. Ва ҳамин чиз яке аз воситаҳои сербунёдии (маъноӣ) ин ё он сухан шудааст.
Аз ин ҳама овардаҳо хулоса чист? Бадиро хоҳ Аҳриманӣ гӯем, хоҳ иблисиву шайтонӣ (сатана), черт, хоҳ торикиву сиёҳӣ, хоҳ тарсу рашку кина, хоҳ ҳасаду бечорасозӣ ҳамон нафси бад аст ва пасмондаи рӯиши ниҳоди инсонист, ки ҳосилаш «бомжи тамаддун»-созист, ҳоло, ба забони имрӯза бунёди ҳамаи онҳоро сари ҳамин 1 ибора - «бомжи тамаддун» гирд меорем.
«Бомжи тамаддун» дар якояки одамон вуҷуд дорад, албатта, зина ба зина, яъне, дар яке каму дар дигаре бештар. Эътибор диҳем, мебинем. Агар намебуд, миёни бисёрӣ ангехта ва ин ҳама ҷанг намешуд. Инро дар худ инкор кардан кӯрӣ ба даруни худ аст. Дар оила инкор кардан кӯрӣ дар оила, дар маҳал инкор кардан кӯрӣ ба маҳал, дар миллат инкор кардан кӯрӣ ба миллат аст ва дар инсоният инкор кардан кӯрӣ дар инсоният. 1 мисоли ба ҳама рӯшани наздиктари таърихӣ:
Дар биёбони араб «андешаи бомжӣ», «бомжи тамаддун» сохт ва асрҳо қабилаҳоро ба ҳам занонд, духтари навзодашро зиндаи зор гӯр кунонд. Ҳосилаш ҳам шуд «рӯзгори ҷоҳилияти араб». Муҳаммад Худо ва Салмони Форсиро ба бар гирифта, чашми онҳоро 1 бор кушод ва қабилаҳоро якпорча сохт. Вале он чашм баъди Муҳаммад боз ба худ пӯшида шудан гирифт ва шовинизми яклухти арабиро зоид, яъне, «бомжи тамаддун» боз қад боло кард ва дар рӯзгори Умар ба берун аз доираи араб шамшер давонд. Миллатҳои дигарро орифон ва донишмандони дар бунёдашон андешаи нек ғолиб буда, ҳамон рӯшноии авастоиро дар Қурон дида, аз ин «бомжи нави тамаддун» огоҳ карданд ва якҷоя кӯбиданд. «Бомжи тамаддун» тарсида худро дар ниматорикӣ гирифт ва сар кард ба кофирбозӣ, орифкушиву донишмандкушӣ ва бо чи азобҳои сангини бадтар аз ваҳшӣ. Чун диданд, ки дар миёни мардуми зиндонии «бомжи тамаддун» на метавонӣ маркази андешаи нек созӣ ва на давлати бунёдаш нек, хилофатро кӯчониданд ба Истанбул. Ба димоғи турки боэътиқод бӯи гулҳои андешаҳои неки давлатҳои қадими Бобулу Ошур, Эрону Ҳинду Юнон ва Руму Мисру Ибрӣ кам-кам вазида, озодтар аз кундаи «бомжи тамаддун» карда буд. Вале ӯ ҳам шамшерро аз паҳлӯи Қурон дур нагирифт. Он рӯзгор дур гирифтан ҳам амри маҳол буд. 1 дасти андеша банди шамшери бобоӣ ва тарси бунёдии ӯ ҳам натавонист «бомжи тамаддун»-и олами исломро барҳам занад. Ва пеши қудрати неки навсози капиталистӣ хилофаташ ба андак тела додан худ ба худ афтод.
Ҳар давлатеро, ки «бомжи тамаддун»-и шовинистсоз мисли Олмон бузург орост, худ шикаст. Ин дар оинаи таърих пеши чашми мост. Аммо «бомжи тамаддун» дар охири асри 20 боз аз худ дарак додан дорад. Яке аз он бо номи Саддом Ҳусейн ва ҳосилаш дар Ироқ пайдост.
(Яҳудиҳо пайравони Иудаанд, на ибриёни масеҳӣ, Мавлоно, ки бо такя ба Қурон яҳудро бадгӯӣ мекунад, ба андешаи камина ҳамонҳост. Вагарна чаро Фиръавнро низ бад мегӯяд?)
Яъне, озодадорӣ аз «бомжи тамаддун» осон нест. Аз ин рӯ, огоҳсозии Трамп-президенти Америка Ғарбро аз гурезогурези «бомжи тамаддун» ҷои андеша дорад. Бе қудрати бунёдии созандаи зинда ғолиб овардани андешаи нек миёни давлатҳо ва ҳамаи инсонҳо, мисли доиразанӣ гирди чоҳи беоб аст ба умеди шикастани ташнагӣ. Чунин қудрати созандаи зиндаро ҳоло кудом давлатҳо доранд? Америка ва Россия!
Ба андешаи камина дар ин 2 давлат созмондиҳии 2 маркази бузурги давлатии ҷаҳонии «Пиндору гуфтору кирдори нек» кушода шавад, нур болои нур хоҳад шуд. Бо чӣ далел?
*Хулосаи ниҳодии андешаи неки ҳамаи донишмандон, динҳо, орифон ва файласуфҳои ҷаҳон ҳамин будааст, ки некӣ оқибат ғолиб меояд ва ин умеди якояки инсонҳост.
*Чаро Америкаву Россия? Аввал ин ки, ҷомеаи америкоӣ ба ин пиндор бисёр наздик ва бунёди миллати рус тозатар аст ва адабиёташ низ хуб корхӯрд дидаву ҳосил дода. Мисолаш рӯ задани Инқилоби сотсиалистӣ маҳз дар Россия ва солҳои 90-ум бозсозӣ эълон карданаш низ. Дувум ин ки, дониш ва қудрати аслии техникии (ҳунарӣ) зоянда ва ҷисмонии ҳимоят аз пиндори некро ҳамин 2 давлат доранд. Бо ин ки ин андешаҳо аз рӯзгори Зартушт севу ним ҳазор солро ба сар бурд ва давоми ин ҳама солҳо бо андешаи одамон кор гирифт ва давлати ба қудрати Эрон ва динҳоро сохт, боз ҳам мардум дар занҷири «бомжи тамаддун»-и худ монда буданд. Миллатҳо ва давлатҳое, ки дар ниҳодашон андешаи нек заиф буд, асрҳо ҳазми дигар миллатҳо ва давлатҳои ниҳодашон бештар покӣ дошта шуданд, ки ин ҳам рехтани ҷӯйчаҳо ба рӯд ва рӯдҳо ба дарёҳост.
*Ин омезишҳо инсониятро ба қабули яклухти андешаи нек давоми таърих омодатар сохт ва ҳоло аз роҳи андеша хеле омодатар аст.
*Оё андешаи неке, ки ба сӯи баландтарин рӯшноӣ, баландтарин хираду донишу ҳунар, баландтарин зебоӣ, баландтарин доду адолат роҳнамоӣ мекунад, ба бомжӣ мехонад? Ё ба инсон ва табиат бадӣ мехоҳад? Касе ки бад мешуморад, ӯ чунин зебоиро дар худ дида натавонистааст ва сабабаш ба зӯрӣ зери «андешаи бомжӣ»-и ҷомеагӣ бурдани ниҳоди ӯст ва ба андешаи фардӣ рӯ наовардани ӯст аз камиродагӣ ва гадорӯии дарунӣ.
*Ҳоло шунидан ва дидан дорем, ки «бомжи тамаддун» аз қудрати ин 2 давлат низ барои бадистифода калак задан дорад, то ҷое роҳ кушода, ки аз дари расонаҳо, ҳатто филмҳои бадеӣ, баъзе бадгӯиҳо ва ҳатто тӯҳмату дурӯғҳоро ба сӯи ҳамдигар пахш кунанд. Чӣ хатари бузург зодани ин сангандозиҳо низ ба ҳама пайдост.
*Ҷанги байни ин 2 давлат тантанаи «бомжи тамаддун» хоҳад шуд, ки меорад ба ҷавоби Эйнштейн ба пурсанда: Ӯро пурсиданд, ки ҷанги севуми ҷаҳон чӣ хел хоҳад буд? Гуфт: Ҷанги сеюми ҷаҳонро намедонам, вале медонам, ки ҷанги чоруми ҷаҳон ҳатман калтакҷанг хоҳад шуд. Яъне, ҳама хоку туробу зиндагии нави одамон аз ҷангал ё кӯҳ оғоз мешавад.
*Мавлоно мегӯяд: «Мебинӣ, ки ҳар тухму донае ба замин афтод, мерӯяд, чӣ гуна шубҳа мекунӣ, ки донаи одамӣ ба замин афтаду нарӯяд?» Ин фармуда ба он бунёд низ ҳаст, ки донаи хиради инсон кишта, низ бояд бирӯяд, бабортар, навтар, зеботар, зиндатару бануртар бирӯяд. Андеша ва хирад насабзад, чӣ сабзише?!
*1 чизи аҷиб аст дар «Шоҳнома» ва он калимаи хомӯширо дар паҳлӯи калимаҳои ҷасурӣ, доноӣ, паҳлавонӣ, хирадмандӣ ва додмандӣ гузоштани шоҳон, паҳлавонон ва родмардони бузург аст, хомӯшии пайвастаи паҳнгари рӯшаноӣ ва созандаи адолату дод. Оё ин чизҳо баҳои худро имрӯз гум кардаанд? На! Муқоиса кунед дар зиндагии худ ва дигарон, ки кадоме ғолиб аст.
*«Бомжи тамаддун» ҳамасӯ ба ҳуҷум мегузарад. Худ дида истодаед, ки чӣ гуна ба соҳаҳои пизишкӣ, маориф, донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳо, андоз, дуздиҳои яклухт аз давлат, бозорҳо, расонаҳо, ҳатто дар ҷумҳурии нисбатан хурди мо низ бо чӣ қуввае дарафтода ва ӯ бехабар аст, ки бунёди инсонии худро хӯрдан дорад. Оре, «бомжи тамаддун» худро, ки намешиносад, чӣ гуна дигаронро шиносад?
*«Бомжи тамаддун» дар ниҳоди аксари давлату нимадавлати мусулмонони собиқ шӯравӣ низ дарбачаи пӯсидаи феодалиро рост кардан дорад. 1 нишони бузургаш порахӯрӣ ва дигараш дар кӯчаи бомжӣ тела додани донишмандон ва ҳунармандони асил аст. «Бомжи тамаддун» аз ин таҷриба зиёд дорад; андешаи ҷомеагиро гарангу коҳил мекунад ва коҳилӣ бомж.
*«Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дарахти бузурги зиндагии зинда аст, ки Зартушт дарёфт, парвариш дод ва гуфт: «Ин аст «Дарахти ҷовидонхирад». Ҳоло қудрати гулафшонсозии онро ҳамин 2 давлат дорад. Ва ин масъулияти бузургест!
*Дар ин 2 давлат миллатҳо ва динҳои гуногун озод ҳастанд, аз ин рӯ, ҳар кадоме бештар мутамаркази худист ва озодона муқоиса карда ҳам метавонад. Чун озодона меомӯзад ва озодона ба дили худ ҳам менигарад, асли худро низ дар ин 3 ибораи рӯшан ва рӯшангар меёбад. Ва донишмандони рӯшангари фаъол ҳам дар ин 2 давлат бештаранд.
Дар ҳар давлате, ки бомбозӣ (сарпӯш, крыша) ҷорист, эътирофи рӯшани он давлат ба заифии худ аст ва бо забони худ гуфтани ин аст, ки ғайр аз пул дар ин давлат дигар ҳеҷ қудрате нест ва ҳар касе пул надорад, гузарад ба кӯчаи бомжӣ. Ва пулдорон ҳам давлат ва қонуни ӯро ба 2 пул намегиранд, магар ин ки барои дуздидани пули бештари давлат ҷои «рӯғанитар»-и онро тамаъ дошта бошанд. Ин чиз аз 1 сӯ аз нимафалаҷии давлат хабар диҳад, аз сӯи дигар, ба кадр ҳуҷум карда, онҳоро хор мегардонад. Кадр, ки хор шуд рафта-рафта давлат фалаҷи пурра мешавад. Чунон ки дар рӯзгори хилофати уммавиён шуда буд. Нимафалаҷӣ наметавонад рӯшангар бошад ва сабаби асосии бисёр пасмонии дарунии давлатҳои мусулмоннишин пеши давлатҳои Ғарб ҳамин буда. Доноёне беҳуда чунин сахт нагуфтаанд: «Ҳайфи доно мурдану 100 ҳайфи нодон зистан!», яъне, агар мурдани доно 1 бало бошад, зистани нодон 100 балост! Ва Мавлоно ҳам беҳуда дар «Маснавӣ» ҳикояти «Гурехтани Исо аз нодон»-ро наовардааст. Ҳикоят ин ки «марде мебинад Исо ба сӯи кӯҳ гурехтан дорад. Ҳайрон шуда мепурсад, ки аз чӣ ё аз кӣ мегурезӣ? Ӯ ҷавобе надода гурехтан мегирад. Ин мард ҳам аз паяш медавад, ки бигӯ, чӣ гап? Оқибат Исо мегӯяд: «Ман аз нодон гурехтан дорам». Мард ҳайрон шуда мепурсад: -«Туе, ки суханат сангро шикофт, туе, ки ҷозибаи суханат мурдаро зинда кард, аз нодон мегурезӣ?». Мегӯяд: «Бале, суханам ба санг асар кард, мурдаро ҷон бахшид, вале ба нодон асар накард…».
Чаро? Барои он ки нодонӣ, баднафсӣ, таассуб аввал гӯши хираду андешаро пунба мезанад. Ба «бомжи тамаддун» гап зану ҷавоб шунав.
Донишмандони Ғарб ин ҳикматҳоро ҳазми ҷомеаашон карда тавонистанд. Олами ислом ҳанӯз, ки ҳанӯз ба гӯши мурдаҳои худ азон мегӯяд ва ҳеҷ не, ки «бомжи тамаддун» тарки «бомжи дарунӣ» кунад.
Дар охир лозим медонам чанд савол пеши хонандаи доно ва тафсиргарони Қурон гузорам то аз мантиқ ҷавоб биҷӯянд, ҳеч не барои худашон.
1.Дар Қурон омада, ки маҷус соҳиби китоби илоҳист. Агар чунин аст, номи пайғамбари маҷус чист ва номи китоби ба ӯ Худо фиристода кадом аст? (Зеро маҷусӣ пеш аз зартуштӣ буда ва баъдан то ҷое зиддият дошта.)
2.Оё барои Худо душвор буд онҳоро ном бурдан, дар ҳоле ки на танҳо номи китоб ва пайғамбарони дигарро бо қиссаҳои таърихиашон ба такрор гуфтан осон шуд? Ақаллан боре ба забон овардани номи китоби Худаш ба маҷус фиристода ин қадар гарон омад?
3.Агар дар таҳрири Усмон онҳо партофта шудаанд, пас Усмон оё шовинизми худро аз Худо ва Муҳаммад боло намегузошта?
4.Агарчи туркон дар оғоз бо усули арабӣ ба бозии халифаҳои арабнажод баромаданд ва на танҳо чанде аз онҳоро куштанд, ки хилофатро ҳам ба Истанбул кӯчонданд, чаро араб ҳанӯз бо туркон дӯстӣ меҷӯяду бо эронӣ душманӣ? Эронинажод ба арабнажод аз роҳи андешаи нек рафтор карда, ба адолату доди қуронӣ хонд-ку. Бунёди Қуронро ҳам инҳо кушоданд. Оё ин далели бузурги тарси ботинии араб на аз ғазаби Худо, балки аз шамшери турк нест?
5.Пизишкон мегӯянд, ки 80 дар сади бемории одам аз тарс аст. Пас, ин рақам ба бемории андешаи ҷомеагӣ низ дуруст нест? Ва оё «бомжи тамаддун»-соз на аз ин ҷост?
6.Дар китобе хонда будам, ки сухани «куфр» ва «кофир» аз «кафр» ё «кафара» баромада, ва он номи маҳалле буда, ки бошандагонаш аслан ягон дину мазҳаб надошта. Пас, оё кофирхонии ину они соҳибдину мазҳаб далели тарси ботинӣ ва беимонӣ нест?
Шовинизми 1 миллат хонасӯзи чанд миллат аст!
***
То даме андешаи ҷомеагӣ ба зинаи навтар ва зеботар ва додгартар намебарояд, андешаҳои инсонсози бузургонро «бомжи тамаддун» зери по гирифтан мегирад, хосса, ки ӯ дар ин кор таҷрибаи чандин ҳазорсола дорад.
Пастии андешаи ҷомеагӣ аз ин гунаҳо зиёд дорад, ки сабаби парокандагии худи ҷомеа ва поинравии «бомжи тамаддун» мешавад ва ин замина месозад барои сари қудрат омадани фашистоне мисли Ҳаҷҷоҷу Гитлер.
-Сипоси ҷаҳон барои сӯҳбати зинда ва нуронӣ!
-1000-сола бошед!!!

Шаҳрзоди Амин

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter