5 нафар ҷавонмардони Тоҷик, ки дар 1 мағозаи фурӯшӣ пойафзол дар маркази савдои «Олучаи зимистона» кор мекарданд, ҳангоми сар задании сӯҳтор худро аз даст надода, ҷони худро ба хатар гузошта, беш аз 50 нафарро аз оташи марг наҷот доданд. Инҳо Фарзон Салимов ва Ҷамшед Абдуллозода аз Душанбе, Маҳмуд Хоҷаев аз Ҳисор ва Кароматулло Қурбонову Сӯҳроб аз Бохтар (Қӯрғонтеппа) мебошанд. Дар бораи қаҳрамонии ин ҷавонмардон пеш аз ҳама шабакаҳои телевизионии Россия хабар дода, таъкид ҳам кардаанд, ки ин бачаҳо имрӯз қаҳрамон ҳастанд.
Шабакаи телевизионии "Live”-и Русия бо 2 нафари онҳо – Фарзон Салимов ва Маҳмуд Хоҷаев мусоҳиба анҷом дода, онро нашр кард. Фарзон Салимов дар ин мусоҳиба мегӯяд, ки ӯ 29 сол ва 3 фарзанд дошта, ҳангоми сар задани сӯхтор пеш аз ҳама, 3 фарзандаш аз пеши чашмаш гузашт. Маҳмуд Хоҷаев, ки 19-сола аст, ҳанӯз издивоҷ накардааст. Бешак, ин бачаҳо қаҳрамонанд!
Ширкати Citycard, ки масъули роҳандозии системаи нави пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аст, эълон намуд, ки сар аз 1.04.2018 гирифтани пули нақд аз мусофирон барои пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо манъ карда шуда, ин амал танҳо ба воситаи кортҳои электронӣ анҷом меёбад.
Чуноне ки ширкати мазкур дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар медиҳад, мусофирон метавонанд аз ҳоло кортҳои ягонаи электрониро, ки 7 сомонӣ нарх дошта, барои аз 4 то 8 сафар пешбинӣ шудааст, харидорӣ намоянд.
Айни замон дар 285 троллейбусу автобуси пойтахт ин система насб карда шуда, кортҳои Citycard-ро мусофирон метавонанд аз дӯконҳои махсуси дар истгоҳҳо таъсисёфта, харидорӣ намоянд.
СССР
26.03.2018 дар маркази ш.Исфара бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Ин бозор, ки доимоамалкунанда хоҳад буд, дар қитъаи алоҳидаи бозори «Навбаҳор», воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи «Баҳор»-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст.
Бино ба итиллои Иқбол Тешаев, котиби матбуотии раиси ш.Исфара, иқдоми мазкур дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин, ба хотири таъмини фаровонии бозори дохилӣ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя, ки бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон вориди шаҳр мегарданд, рӯйи кор омадааст.
Сиҷоуддин Саломзода зимни боздиди хеш ва ҳамзамон бо сӯҳбату мулоқот бо тоҷирони кишвари ҳамсоя ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонии бозор ва беҳдошти фаъолияти иншоотҳои хизматрасонӣ, инчунин ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва будубоши бемамонияти соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя дастурҳои мушаххас дод.
Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.
Норинисои Алимуҳаммад шоираи шинохтаи тоҷик 25 марти соли 1950 дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, дар оилаи марди фозил Алимуҳаммад, дида ба дунёи ҳастӣ кушода, сабақи аввалинро аз қиблагоҳаш меомӯзад. Норинисои ҷавон зери назорати падараш Қуръони Маҷид, осори пурғановати Ҳоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол ва Бедилу Ҷалолиддини Румиро аз бар намуда буд. Пас аз сари падар, модар ба тарбияи ду фарзанди ноболиғи дигар машғул шуду Норинисои ҷавон пайи дарёфти ризқу рӯзӣ, дар коргоҳе, ки падар муддати 35 сол он ҷо кор карда рӯзии оиларо меёфт, ба кор шуруъ кард. Сари дастгоҳи шоҳибофӣ ҳам атлас мебофту ҳам атласи шеър ва ниҳоят сари дастгоҳи бофандагӣ нахустин сатрҳои шогирдонаи Норинисо тавлид шудаву бо гузашти солҳо он ба чандин китоб табдил гаштанд.
"Чаҳоркитоб”-у "Қуръон”-ро Норинисо дар ҳафтсолагӣ пурра ба охир расонид. Гарчанде Норинисо дар синфи 2 таҳсил карда истода бошад ҳам, малакаву донишаш баҳузур ба азхуд кардани барномаи синфи 4 мерасад. Шеърҳои аввалин ва навмашқонаи Норинисо рӯи қоғаз омаданд. Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: "Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона” гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст. Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи "Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 "Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. "Гаҳвораи меҳр”, "Садоқат”, "Сию се ғазал”, "Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, "Ошёни меҳр”, "Лаҳзаи дидор”, "Дарёи муҳаббат” ва "Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони "Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид. Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби Президенти кишвар, сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени "Шараф” мукофотонида шуд.
Вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашонӣ аз иншоотҳои соҳавӣ дар ш.Исфара, чун пойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ-1”, ки дорои 3 агрегат буда, барои обёрии 1000 га замин пешбинӣ шудааст, инчунин ҳолати силсилапойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ-2” аз ҷониби коршиносон мусбӣ арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки силсилапойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ-2” асосан барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонии мавзеъи Сомониён ва маҳалҳои нави аҳолинишини бунёдшаванда бо оби полезӣ истифода мегардад. Бино ба иттилои Иқбол Тешаев-котиби матбуотии раиси ш.Исфара, 11 пойгоҳи обкашии дар мувозинаи ба Идораи беҳдошти замин ва обёрии ш.Исфара қарордошта, инчунин каналу иншоотҳои дигари соҳавӣ пурра таъмир ва барои истифодабарӣ омода карда шудаанд. Айни замон тоза кардани каналу ҷӯйборҳои дохилихоҷагӣ идома меёбанд.
Пирони кор ва мутахассисони собиқадори соҳаи мелиоратсия зимни боздиду мулоқот ба Саломзода Сиҷоуддин-иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Исфара бо пешоварди далелҳои мушаххас зарурият ва афзалиятнокии бунёди хати оби худҷории “Сурх-Моҳпарӣ»-ро роҳи ягонаи ҳалли мушкилот ҷиҳати таъминоти хоҷагиҳои боғдории дар маҳалҳои мазкур таъсисдодашуда ва ҳам аҳолии ба маҳаллаҳои нав маскуншавада шарҳу тавзеҳ доданд. Бояд гуфт, ки тибқи лоиҳа дарозии хати обрасонии мазкур 14 км аст, ки ҳанӯз солиёни қаблӣ 1,5 км.-и он бунёд шудааст. Дар ҳолати бунёд кардану ба истифода додани хати обрасонии мазкур проблемаи боз аз 5000 оила ҷиҳати дастрасии доимӣ ба оби полезӣ ҳалли худро ёфта, ҳамзамон имкони азхудкунӣ ва обёрии боз 3000 га.-ро дорад.
Дирӯз, 13.03.2018, соати 15:45 дақиқа бар асари боришоти боронҳои шиддатнок дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи И.Сомонӣ ярч ба амал омада, роҳи мошингарди маҳаллӣ, ки аз байни деҳа мегузарад, обу лойқа пур кард, инчунин деворҳои атрофи замини наздиҳавлигии 2 хонаи истиқоматии шаҳрвандон зарар диданд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба иттилои Умеда Юсупова, котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ, бо ёрии Дастаи зудамали наҷотдиҳандагон ҳодиса сари вақт бартараф карда шуд.
Инчунин, рӯзи 13.03.2018, соати 20:30 дар деҳаи Ваҳдат ва Файзбахши ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови н.Шаҳринав бар асари боришоти борони пуршиддат сатҳи оби канали “Мулло Шодӣ” баланд ва аз соҳилҳо ҷорӣ шуда, ба 10 қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвадон обу лойқа даромад. Оби селпартовҳо зиёд ҷорӣ шуда, роҳҳои мошингарди байни деҳаҳоро дар ҳудуди деҳаи Файзбахш ба масофаи 1000-1200 метр пур аз лойқа намуда, ҳамзамон дар хоҷагии И.Меликмуродов 20 га заминҳои кишти зироатҳои полезӣ зарар диданд. Дар ҷои ҳодиса 2 адад техника сафарбар карда шуда, ҳолати рухдода дар давоми 4 соат аз ҷониби қувва ва воситаҳои Комиссия оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои табиии н.Шаҳринав бартараф карда шуд.
Рӯзи 13.03.2018, соати 11:55 дар км 562-уми деҳаи Пасхуф, ҷамоати деҳоти Пасхуфи н.Рушон бар асари боришоти борон тарма фаромада, роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ маҳкам гардид. Ба мавзеи номбурда 2 адад техникаи махсус сафарбар карда шуда, соати 14:00 дақиқа роҳ пурра кушода шуд.
Худи ҳамин рӯз, соати 17:20 дақиқа, дар мавзеи Шитами ҷамоати деҳоти Вери н.Шуғнон бар асари боришоти борон дар километри 676-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Мурғоб тарма фаромада, дар натиҷа роҳ маҳкам гардид. Барои бартарафсозии ҳодиса техникаи махсус ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 18:28 дақиқа, роҳ пурра тоза карда шуд. Айни замон шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Кулоб-Қалъаи Хумб кушода, Душанбе-Рашт-Лахш-Ҷумҳурии Қирғизистон, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод кушодаанд.
КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошад, чун боришот то 15.03.2018 идома хоҳад ёфт, ки он ҳам дар навбати худ хавфи омадани сел, баландшавии сатҳи дарёҳо, фаромадани ярч ва тарма, инчунин сангрезишро баланд менамояд!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар