ХАБАРИ ДОҒ

Норинисои Тоҷик даргузашт

  • Душанбе, Март 19 2018


Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.
Норинисои Алимуҳаммад шоираи шинохтаи тоҷик 25 марти соли 1950 дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, дар оилаи марди фозил Алимуҳаммад, дида ба дунёи ҳастӣ кушода, сабақи аввалинро аз қиблагоҳаш меомӯзад. Норинисои ҷавон зери назорати падараш Қуръони Маҷид, осори пурғановати Ҳоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол ва Бедилу Ҷалолиддини Румиро аз бар намуда буд. Пас аз сари падар, модар ба тарбияи ду фарзанди ноболиғи дигар машғул шуду Норинисои ҷавон пайи дарёфти ризқу рӯзӣ, дар коргоҳе, ки падар муддати 35 сол он ҷо кор карда рӯзии оиларо меёфт, ба кор шуруъ кард. Сари дастгоҳи шоҳибофӣ ҳам атлас мебофту ҳам атласи шеър ва ниҳоят сари дастгоҳи бофандагӣ нахустин сатрҳои шогирдонаи Норинисо тавлид шудаву бо гузашти солҳо он ба чандин китоб табдил гаштанд.
"Чаҳоркитоб”-у "Қуръон”-ро Норинисо дар ҳафтсолагӣ пурра ба охир расонид. Гарчанде Норинисо дар синфи 2 таҳсил карда истода бошад ҳам, малакаву донишаш баҳузур ба азхуд кардани барномаи синфи 4 мерасад. Шеърҳои аввалин ва навмашқонаи Норинисо рӯи қоғаз омаданд. Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: "Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона” гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст. Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи "Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 "Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. "Гаҳвораи меҳр”, "Садоқат”, "Сию се ғазал”, "Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, "Ошёни меҳр”, "Лаҳзаи дидор”, "Дарёи муҳаббат” ва "Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони "Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид. Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби Президенти кишвар, сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени "Шараф” мукофотонида шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter