1 кӯдаки 3 сола, сокини н. Восеъ шоми 13.12.2017 пас аз хӯрдани ҳасиб заҳролуд гашта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 13.12.2017, тақрибан соати 20:30 Умаралӣ Давлатовро падараш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона овард. Худи ҳамон шаб боз 4 кӯдаки дигар ва модари онҳо дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуданд. Баъди пурсишҳо ва ташхисҳои мутахассисони беморхона маълум гардид, ки аъзои ин хонавода баъд аз истеъмоли ҳасиб ба чунин ҳолат афтодаанд. Айни ҳол саломатии 5 нафар аъзои ин хонавода дар ҳолати муътадил қарор дошта, онҳо пас аз шустани меъда аз беморхона ҷавоб дода шуданд.
Чуноне ки пас аз ташхиси ҳасиб маълум шуд, дар он моддаи кимиёвии нитрат хеле зиёд истифода гашта, он боиси заҳролуд ва марги кӯдак шудааст.
СССР
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки музояда-фурӯши «рақамҳои зебо» 23 декабр дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад. Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки 23.12.2017 аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕМ"-01, "ВВ"-07 ва "АК"-08 ба таври музояда фурӯхта мешаванд. Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад. "Нархи 1 лот 630 сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар ин хабар. Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.
Азим Иброҳим, муовини сарвази кишвар дирӯз дар ҷаласаи хеш дар Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии соли 2017 ба Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе барои ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ ва пеш аз мӯҳлат таъмин намудани даъвати тирамоҳӣ арзи сипос намуд. Муоивни сарвазир барои дар муддати 1 моҳ ба итмом расонидани ин маъракаи муҳим ба раиси ҷавони пойтахт баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барои дигар раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин амал бояд намуна бошад.
Мутобиқи маълумоти ҷамъбастии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Носири Хисрав, Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ва ноҳияҳои Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд муяссар гардид, ки нақшаи даъватро дар даҳрӯзаи аввал иҷро намоянд.
Дар ноҳияҳои Қубодиёну Фархори вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ, Исфара ва Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Файзобод бошад иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфт. Вобаста ба ин, Азим Иброҳим ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон намуд.
СССР
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар газетаи СССР мақолаи бародар Ҳоҷӣ Шодибек Халилзода бо номи «Танзим дӯстиро аз байн мебарад», (СССР, №475, 19.10.2017) хондам. Бояд гуфт, тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид кардаанд, ягон анъанаи қадимаро барҳам надодаанд, ба истиснои хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ. Ҳадаф анъанаҳои мардумиро аз хурофот тоза кардан асту халос. Танзим ҳамон дӯстиеро аз байн мебарад, ки воқеан он дӯст дӯсти нониву авқотӣ дар хонаи мо бошад. Қонун мухолифи манфиати эътиқоди ислом нест, 1 навъ дуруст риоя намудани талаботи ислом аст. Агар камбизоате мурғеро хун кунад, ба гуфти муаллиф, пас шахси доро гов ё гӯсфандеро хун мекунад, ки ин боз ба ҳамон хурофотпарастӣ баргаштан аст, яъне мақоли «Аз шарора аланга бархезад»-ро пеши рӯ меорад.
Ҷашну маросим ва анъанаю маъракаҳое, ки тобиши миллӣ ва динӣ доштанд, дар натиҷаи кибр, ғурур, худнамоӣ, таассуб ва тақлиди беҷо аз байн рафта, ба хурофот табдил ёфта буданд. Ин ҳама дар мардуми мо одат шуда, тамоми маъракаҳо фақат аз хӯрдани ғизо иборат буд, ба монанди оши наҳор, оши худоӣ, оши зиёфат… Ҳатто баъзе занҳои баддаҳон касеро дуо кунанд «ошатро хурам» мегуфтанд, ки ин ишора ба оши 7-у 40-у сол буд, ки дар маъракаҳои мотам бо харҷи зиёд таҳия мешуданд.
Хушбахтона, вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар вохӯрӣ бахшида ба 10-солагии қабули қонун 11.07.2017 ба саволҳои Президенти кишвар кулли уламо ва донишмандони динӣ ҷавоб доданд, ки танзими маросими динӣ мувофиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ буда, на Қуръон ва на ҳадисҳои саҳеҳ баргузории маросими сари тахта ва солро ба он тавре, ки мо-тоҷикон баргузор менамоем, пешбинӣ накардааст. Яъне бовар кунед, он хурофотпарастие, ки мардуми мо то имрӯз мекард, дар ягон гӯшаи олам набуд!!!
Яъне қонун ба маҳдудкунӣ не, балки ба танзими мақсаднок сару кор дорад, муҳтарам Ҳоҷӣ Шодибек!
Табаралӣ Авсақолов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор
Пас аз ворид шудани тағийроту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва ба тасвиб расидани тарҳи нави он, ки яке аз иловаҳояш арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, алалхусус, дар тӯйҳо буд, байни мардум ҳар гуна овозаҳо ба вуҷуд омад. Бештар аз ҳама гап сари либоси арӯсии духтарон рафта, аз ҷумла, мегуфтанд, ин қонун пӯшидани либоси арӯсии сафед ва тӯри болои сари он-фатаро манъ кардааст. Пас аз ин, дар бархе аз минтақаҳо, дар ҷамоатҳо ва шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ масъулин аз наварӯсон тақозо мекарданд, ки дар тӯяшон ҳатман либоси миллӣ ба бар карда, аз пӯшидани куртаи арӯсии сафед, ки марбут ба ғарб аст, парҳез намоянд. Ҳоло аз қабули тарҳи нави ин қонун 2 моҳ гузашт. Вазъи бозори либоси арӯсӣ чӣ гуна аст? Духтарон барои тӯй кадом намуди либосро интихоб мекунанд? Кӣ дар рӯзи тӯяш фата мепӯшаду кӣ чакану адрасу атлас? Нархи куртаи арӯсӣ гарон аст? Куртаҳои арӯсиро ба Тоҷикистон кӣ ва аз куҷо меорад? Бо супориши редаксия ман тасмим гирифтам рӯзи якшанбеи гузашта аз толорҳои арӯсӣ дидан намуда, ҳам нарху навои кирояро бифаҳмам ва ҳам бубинам, ки духтарон айни замон бештар ба кадом либоси арӯсӣ майл доранд. Бо мо бош, хонанда, ки Метавонем!
Кормадони Шӯъбаи БДА дар шаҳри Душанбе аз боздошти 2 ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ ва сархушӣ хабар доданд.
Бино ба иттиллои Мирзохон Саидов, сардори маркази матбуоти шӯъбаи мазкур, яке аз ин боздоштшудагон ронандаи троллейбуси хатсайри №1 ва дигаре ронандаи микроавтобуси хатсайри №16 мебошанд. Ронандаи аввалӣ дар сари чамбараки троллейбус дар ҳолати мастӣ боздошт карда шуда, ронандаи микроавтобус бошад, дар ҳолати сархушӣ пас аз истифодаи маводи мухаддир боздошт карда шудааст.
Аз рӯи тартибот ин ронандагон бояд 15 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекарданд, аммо суд вазъи молиявии онҳоро ба назар гирифта, ба мӯҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум кард.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар