ХАБАРИ ДОҒ

Танзими мо зидди дӯстӣ нест!

  • Душанбе, Дек 04 2017


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар газетаи СССР мақолаи бародар Ҳоҷӣ Шодибек Халилзода бо номи «Танзим дӯстиро аз байн мебарад», (СССР, №475, 19.10.2017) хондам. Бояд гуфт, тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид кардаанд, ягон анъанаи қадимаро барҳам надодаанд, ба истиснои хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ. Ҳадаф анъанаҳои мардумиро аз хурофот тоза кардан асту халос. Танзим ҳамон дӯстиеро аз байн мебарад, ки воқеан он дӯст дӯсти нониву авқотӣ дар хонаи мо бошад. Қонун мухолифи манфиати эътиқоди ислом нест, 1 навъ дуруст риоя намудани талаботи ислом аст. Агар камбизоате мурғеро хун кунад, ба гуфти муаллиф, пас шахси доро гов ё гӯсфандеро хун мекунад, ки ин боз ба ҳамон хурофотпарастӣ баргаштан аст, яъне мақоли «Аз шарора аланга бархезад»-ро пеши рӯ меорад.
Ҷашну маросим ва анъанаю маъракаҳое, ки тобиши миллӣ ва динӣ доштанд, дар натиҷаи кибр, ғурур, худнамоӣ, таассуб ва тақлиди беҷо аз байн рафта, ба хурофот табдил ёфта буданд. Ин ҳама дар мардуми мо одат шуда, тамоми маъракаҳо фақат аз хӯрдани ғизо иборат буд, ба монанди оши наҳор, оши худоӣ, оши зиёфат… Ҳатто баъзе занҳои баддаҳон касеро дуо кунанд «ошатро хурам» мегуфтанд, ки ин ишора ба оши 7-у 40-у сол буд, ки дар маъракаҳои мотам бо харҷи зиёд таҳия мешуданд.
Хушбахтона, вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар вохӯрӣ бахшида ба 10-солагии қабули қонун 11.07.2017 ба саволҳои Президенти кишвар кулли уламо ва донишмандони динӣ ҷавоб доданд, ки танзими маросими динӣ мувофиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ буда, на Қуръон ва на ҳадисҳои саҳеҳ баргузории маросими сари тахта ва солро ба он тавре, ки мо-тоҷикон баргузор менамоем, пешбинӣ накардааст. Яъне бовар кунед, он хурофотпарастие, ки мардуми мо то имрӯз мекард, дар ягон гӯшаи олам набуд!!!
Яъне қонун ба маҳдудкунӣ не, балки ба танзими мақсаднок сару кор дорад, муҳтарам Ҳоҷӣ Шодибек!

Табаралӣ Авсақолов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter