ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Нояб 21 2017


Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо, РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 то 30 ноябри соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти «МУОИНАИ ТЕХНИКӢ»-ро ба роҳ мондааст.
РБДА ВКД ҶТ аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳми арзандаи худро гузоранд.



Панҷшанбе, Нояб 16 2017


Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ ҳамватанонро бо Рӯзи Парчами Давлатӣ табрик намуда, эълон медорад, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши тарифҳо аз рӯйи ҳамаи самтҳо паст карда мешаванд. Нархи чиптаҳои ин ширкат дар самти Душанбе-Маскав алакай то ба 1000 сомонӣ поин рафтаанд. Агар қаблан нархи чипта дар ин самт аз 2400-2600 сомонӣ оғоз мешуд, субҳи имрӯз алакай ин қимат то ба 1600 сомонӣ поин рафтааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати мазкур хабар медиҳад, 2 ҳафта пеш ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар самти Кӯлоб-Москва-Кӯлоб хатсайри нав ифтитоҳ намуда, инчунин парвозҳоро аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва оғоз намуд.
- «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуково ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз мекунад. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ. Аз Хуҷанд низ парвозҳо ба фурудгоҳи Внуково ҳафтае 3 маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа амалӣ мегарданд. Вақти парвоз соати 18:35 ба вақти маҳаллӣ. Ҳамаи парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд, - гуфт Тимур бандишоев.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) буда, парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
 Илова бар ин, ба наздикӣ дар доираи иштирок дар кори Намоишгоҳи авиатсионии Дубай – Dubai Airshow, байни ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати “Боинг” дар масъалаи харидории ҳавопаймои нави Боинг 787-800 Протокол ба имзо расонида шуд. Тавре, ки дар маросими баимзорасонии Протокол қайд гардид, ҳавопаймо бояд дар семоҳаи аввали соли 2018 ба Тоҷикистон оварда шавад.

СССР

Чоршанбе, Нояб 15 2017


Чуноне ки хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд, шумораи фавтидагон пас аз зилзилаи шадиде, ки 12.11.2017 дар марзи Эрону Ироқ ба вуқӯъ пайваст, дар Эрон аз 445 нафар гузашт. Теъдоди ҷароҳатбардоштагон бошад ба 7156 нафар расида, дар вилояти Кирмоншоҳ мотами 3 рӯза эълон шудааст.
Шумораи фавтидагон дар Ироқ бошад 7 нафарро ташкил дода, беш аз 321 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳо бистарӣ шуданд. Зилзилаи шадид, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер 7,3 баллро ташкил карда буд, дар ҳудуди 2 кишвар ҳисороти зиёд оварда, зарари бештар ба қисмати эронии он расидааст.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин ҳодисаи маргбор ба унвони президенти ҶИЭ Ҳасан Рӯҳонӣ барқияи тассалият ирсол намуда, дар он таъкид намудааст, ки мардуми Тоҷик аз ин мусибати бар сари мардуми Эрон омада сахт андӯҳгин аст.

СССР


Душанбе, Нояб 13 2017


Қаҳрамони мо аз нашри ин матлаб хабар надорад. Мо пинҳонӣ аз ӯ мақоларо навиштаем. Баъди хондан мефаҳмед, ки чаро Мо Метавонем!

Ҷумъа, Нояб 10 2017


Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини собиқ бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шуд.
Аз ҷониби раиси шаҳр Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и  шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҷиҳати бартарафсозии иншооти  мазкур вазифадор гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки КВД «Бозори Шоҳмансур» бо мақсади  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  моҳе  қабл барҳам дода шуд. Дар ин замина қитъаҳои замини ҳудуди бозори собиқ ва  атрофи он, воқеъ  дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта  шуда,  ба соҳибмулкон  ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда  пардохт мегардад.

СССР

Сешанбе, Нояб 07 2017


Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод яке аз 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон аст, ки ҳафтаи гузашта ба имзо расид. Созишномаи мазкурро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳр дар давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.
Шаҳри Душанбе имрӯз бо шаҳрҳои Лусакаи Замбия, Санъои Ҷумҳурии Яман, Монастири Тунис, Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Боулдери ИМА, Ройтлингени Олмон, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст. Бо шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия соли 1991 ва бо шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус соли 1998 Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии Душанбе баста шудааст.
Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 1999 ва соли 2003 Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расидааст.
Соли 2013 Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидаанд.


саҳ 100 аз 156

Китобҳо

Flag Counter