ХАБАРИ ДОҒ


Қаҳрамони мо аз нашри ин матлаб хабар надорад. Мо пинҳонӣ аз ӯ мақоларо навиштаем. Баъди хондан мефаҳмед, ки чаро Мо Метавонем!

Боғчаи бачагона барои русто
Гузорамон аз муассисаи таҳсилоти умумии рустои Саричашмаи н.Восеъ буд. Бояд гуфт, ҳанӯз чанд соле пеш дар ин русто хонандагон дар 1 мактаби фурӯрафтаву садамавӣ машғулияти дарсӣ мегузарониданд. Бо иллати сахт фарсудагии биноҳои гилин ҳар лаҳза хатари фурӯравӣ ба синфхонаҳо таҳдид мекард. Аз ин хотир, маъмурияти мактаб тасмим дошт то аксари хонандагон дарсҳоро дар саҳни ҳавлӣ гузаронанд ва ҳамин тавр ҳам мекарданд. Баъди 1 мақолаи таҳлилии ин ҷониб, раиси собиқи вил.Хатлон Авзалов ва вазири маориф аз ин русто дидан карда, оҷилан сохтмони бинои нави мактабро оғоз намуданд. Ҳамакнун хонандагони ин русто дар мактаби нав таҳсил мекунанд. Ҳафтаи гузашта аз ин мактаб дидан кардем ва аз вазъи мактаби кӯҳна низ пурсон шудем. Гуфтанд, ки қисмати зиёди биноҳои фарсударо чаппагардон карда, дар ҳоли ҳозир он ҷо бинои нави замонавӣ барои боғчаи кудакон бунёд ёфтааст. Вақте вориди ин боғча гаштем, кудакони зиёде дар 3 ҳуҷраи калону барҳаво ва таъмин бо бозичаҳои гуногун машғули бозӣ буданд. Аён гашт, ки ин ҷо мураббиёни босавод аз худи ҳамин русто фаолият дошта, наздик ба 60 нафар кудакони деҳаро таълиму тарбия медодаанд. Ҳамзамон, мисоли боғчаҳои шаҳрӣ ин ҷо низ бачагонро савод меомӯхтанду аз забонҳои русиву англисӣ дарс медоданд. Дар сӯҳбат бо мудири боғча Садафмоҳ Мусоева аён шуд, ки боғча бо ташаббус ва маблағгузории «Бобои Эшон» 1 тан аз соҳибкорони ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов созмон дода шудааст.

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ
Ҳавои дидани соҳибкор карда, ба суроғаш рафтам. Дар сӯҳбат бо мардуми таҳҷоӣ ташаббусу иқдомҳои дигари ин ҷавонмард бароям рӯшан гаштан мегирифт. Ба шаҳодати мардуми бумӣ, дар рустои Хоҷа Эшони ҷамоат 1 оилае ба сар мебарад, ки ғайр аз модари хонавода, ки ӯ ҳам пирзолу нотавон аст, дигар ҳама аҳли хонавода, писарону келинҳо нобино будаанду манзили зисташон харобу хатарбор гашта буд. Вақте Бобои Эшон аз аҳволи нобиноён огоҳ шуд, дар муддати кӯтоҳ барои ин хонаводаи барҷомонда манзили зист бо 5 ҳуҷра сохта дод.

Азнавсозии бунгоҳи тиббӣ
Иқдоми дигари бобои Эшон ин буд, ки дар деҳаи Саричашма 1 медпункт фаолият дошту бинои он ҳамасола таъмирталаб мегашт. Ба иттилои сардухтури бунгоҳи тиббӣ, бо маблағгузори Вазорати тандурустӣ ва ҳукумати ноҳия 4 маротиба бинои онро аз нав сохтанд, вале ҳамоно деворҳои бино мекафиду ҳар сол таъмири дигар мекарданд. «1 бор бобои Эшон омада диду гуфт, ки бинои бунгоҳро худаш месозад. Ин гуфтаи ӯро ҳазл донистем, зеро барои бунёди бинои бунгоҳ маблағи зиёде сарф мешаваду на ҳар кас ин гуна хайрро раво мебинад. Аммо, ӯ сохт!»
Шавқи бо ин соҳибкор ҳамсӯҳбат гаштан боз ҳам зиёд мешавад. Баъди пурсупоси дигар гуфтанд, ки ӯро дар деҳаи Учқуни ҳамин ҷамоат дидаанд. Меравам ба Учқун. Аз мардуми деҳ бобои Эшонро суроғ мекунам, гуфтанд шояд дар мактаб бошад. Аз мактаби русто, ки замоне сахт хароб буд, дидан кардаму ҳайратзада гаштам. Аз он харобиҳое, ки журналистон чандин маротиба дар газетаву ТВ танқид мекарданд, осоре намондааст. 1 бинои боҳашамату замонавие ҳавлии мактабро бо навиштаҷоти «Муассисаи миёнаи таҳсилоти умумӣ» оро медод. Ҳайратам аз он буд, ки паси дари даромади муассиса пур аз пойпӯшиҳои хонандагон буд. Мо низ бо пешниҳоди директори муассиса туфлиҳоро паси дар бароварда, попӯшиҳои хонагӣ, ба истилоҳ «домашник» пӯшида, вориди мактаб шудем. Долону айвону пешайвону синфхонаҳо гаштем қолинпӯш буданд!
«Ҳамаи ин навоварӣ бо пешниҳоди бунёдкори бинои мактаб бобои Эшон аст!»

«Садақа радди бало!»
Ахиран, бобои Эшонро дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов ёфтем. Аён шуд, ки ӯ роҳбарии ҳамин ҷамоатро низ бар ӯҳда доштааст. Бинои ҷамоатро, ки низ куҳнаву таъмирталаб аст, аз ҳисоби худ таъмиру барқарор кардааст. Дар сӯҳбат бо ин ҷавонмарди рустоӣ дарёфтем, ки ӯ ҳаргиз андешаи миннат кардану миннатпазир гаштанро надорад. Аз иқдому кумак, рафтори ҷавонмардонаву мусалмониаш пурсидем, бо ханда гуфт: «Ҳар коре, ки кардем, холисанлиллоҳ буд, аз барои савоб кардем, на барои реклом. Аз ин хотир, дар мавриди ин садақаҳо чизе нанависед ва номи маро ҳам наоред».
Хуб гуфтему хайру хуш кардем. Раҳораҳ бо худ андеша мекардам, ки чӣ гуна аз ин хайрияҳои ҷавонмардӣ метавон чизе нагуфт? Ба гумони ғолиб, месазад, ки дар ин маврид номи ӯро ба хотири ҷавонмардӣ ошкор кунем?
-1 соҳибкори муваффақи рустоӣ аз н.Восеъ аст, бо исми Ҷамолиддин Икромов.
Мо Метавонем!

Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter